27 феврали соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соати парлумонӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашӯрова дар робита ба мавзӯъ андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки тибқи маълумоти оморӣ аз соли 2000 то 2015 аз бемории сил 33 миллион нафар фавтидааст, ки дар натиҷа ба иқтисодиёти ҷаҳон 617 миллиард доллари ИМА зарар расидааст. Агар солҳои 2015-2030 ин раванд идома ёбад, боз 28 миллион нафар мефавтад ва 983 миллиард доллари ИМА зарари иқтисодиро ба бор меорад.
- Аз ин рӯ, мебояд дар самти мубориза бар зидди бемории сил беш аз пеш фаъол бошем, чунки нисбат ба дигар бемориҳои сироятӣ ҳар сол аз он одамон бештар мефавтанд. Шахсоне, ки ба бемории сил гирифтор шудаанд, маҷбуранд табобати давомдорро паси сар кунанд. Шахс ба бемории сил ба воситаи бактерия сироят меёбад, ки ҳангоми сулфа ё атсазании бемор паҳн мегардад. Бояд дар мадди назар дошт, ки сил бемории табобатшаванда мебошад, — гуфт Г. Ашӯрова.
Директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил Аслиддин Раҷабзода гуфт, ки табобати беморӣ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил, 4 маркази зиддисилии вилоятӣ ва 66 маркази зиддисилии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохтори КАТС ба роҳ монда шудааст.
- Солҳои охир заминаи моддию техникии соҳа хеле пурқувват гардид, марказҳои зиддисилии вилоятӣ ва аксар шаҳру ноҳияҳо азнавсозӣ шуданд. Инчунин, воситаҳои ташхиси бемории сил — 71 озмоишгоҳи микроскопӣ, 5 озмоишгоҳи бактериологӣ ва дар заминаи онҳо 45 дастгоҳи ташхискунандаи генетикӣ барои шаҳрвандон дастрас аст, — изҳор дошт Аслиддин Раҷабзода. ӯ, ҳамчунин гуфт, ки пас аз муайян шудани бемории сил шахси гирифтори он бо дору ва табобати ройгон таъмин мегардад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, Ш. Раҳимзода, Р. Қудратов, А. Ғаффоров, М. Сабурзода, Г. Назирӣ, С. Усмонзода, Л. Раҷабова ва Н. Содиқова дар рафти музокирот ба масъулин савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»