Бонки миллӣ барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таҷдиди назар намудани сиёсати андоз ва муқаррар кардани имтиёзро пешниҳод менамояд

№74 (3868) 14.06.2018

DSC_7238Дувоздаҳуми июни соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохт, насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо» бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Лола Салимова, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода, муовини раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Амонатбонк» Бахтиёр Маҳмудзода, сардори Идораи низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон Шуҳрат Салоҳиддинов ва сардори бахши ҳифзи иттилооти Бонки миллии Тоҷикистон Шамсиддин Абдуллоев хониши вакилӣ баргузор шуд.

Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Таъмини фаъолияти устувору бехатари низоми пардохтии кишвар ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини суботи низоми молиявии кишвар ба ҳисоб меравад.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова иттилоъ дод, ки то якуми июни соли 2018 кортҳои пардохтии аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1,72 миллионро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 дарсад зиёд мебошад. Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ 1,69 миллион нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 дарсад зиёд гардидааст.

- То якуми июни соли 2018 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 670 ва 3850 ададро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта банкоматҳо 73 адад кам гардида, терминалҳои электронӣ 1052 адад афзоиш ёфтаанд. Дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дар маҷмӯъ 2481 терминали электронӣ насб гардидааст. Дар давраи январ-майи соли 2018 бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар кишвар 8,4 миллион амалиёт ба маблағи умумии 3,9 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 26,5 дарсад зиёд мебошад, — гуфт Лола Салимова — Аз ҳаҷми умумии амалиёти бо истифодаи кортҳои пардохтӣ гузаронидашуда 180 миллион сомониро амалиёти ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 30,9 дарсад афзоиш ёфтааст. Таносуби амалиёти гирифтани пули нақд ва амалиёти ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо мутаносибан 94,8 ва 5,2 ­дарсадро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти муовини раиси Бонки миллӣ, шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда, то якуми июни соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 дарсад коҳиш ёфта, 3,2 миллион ададро ташкил намуд. Сабаби коҳишёбии нишондиҳандаи мазкур ин тадриҷан баста шудани суратҳисобҳои бонкии муштариён дар ташкилотҳои қарзии мушкилдор мебошад. Дар баробари ин, теъдоди суратҳисобҳое, ки ба онҳо дастрасии фосилавӣ имконпазир аст, ба 1,96 миллион адад расида, ин нишондиҳанда низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Лола Салимова, ҳамчунин изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд­гардонии соҳибкорон барои анҷом додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таҷдиди назар намудани сиёсати андоз ва муқаррар намудани имтиёзро пешниҳод намуда, ҷиҳати ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таклифҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Таклифҳои Бонки миллӣ аз ҷониби Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд.

Зикр шуд, ки таҳти сарпарас­тии Бонки миллӣ якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ лоиҳаи қабули андозҳо аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ татбиқ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҶДММ ТАҚХ «Алиф-сармоя» ва маркази просессингии МПМ «Корти миллӣ»-и БДА ҶТ «Амонатбонк» қабули андозҳоро ғайринақдӣ, кортҳои пардохтии МПМ «Корти миллӣ»-ро тавассути шабакаи интернет роҳандозӣ намуданд.

- Татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки маблағи андозро тавассути сомонаи Кумитаи андоз ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд, — изҳор дошт Лола Салимова.

Аз баромад маълум гардид, ки бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар ва зиёд намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ Бонки миллӣ санади меъёрии «Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо»-ро таҳия намуд. Ташкилотҳои қарзӣ имконият пайдо кардаанд, ки барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродиро ба ҳайси агентҳои бонкии пардохтӣ ҷалб намоянд. Санади меъёрии мазкур сеюми майи соли 2018, таҳти №927 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Абдуалимов, Ҳ. Одинаев, Ҷ. Саидов, А. Ғаффоров, М. Ахмедов, Р. Қудратов, С. Усмонзода, О. Сафаров ба масъулини Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Хониши вакилиро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷамъбаст намуд.

Шариф АТОБУЛЛЛОЕВ,

«Садои мардум»