Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Буҷети давлатӣ барои соли 2018 қабул гардид

№137 - 138 (3774-3775) 18.11.2017

DSC_8612Понздаҳуми ноябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.ҳоло дар толор 54 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 — 2020

2. Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 — 2020 сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Буҷети миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №2-ф, дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ таҳия шудааст.

Муқаррароти асосии Буҷети давлатиро афзалиятҳо ва дастуру супоришҳо аз Паёми Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа, тавсияҳои шумо, муҳтарам вакилон, инчунин он вазифаҳое, ки тибқи стратегияҳои миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ташкил медиҳад.

Соли 2018 ва солҳои 2019-2020 сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ нигоҳ дошта шуда, он ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, устувории молияи давлатӣ, баланд бардош­тани дараҷаи некуаҳволии мардуми кишвар, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи июли соли ҷорӣ барои давраи миёнамуҳлат — солҳои 2018-2020 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла, афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар доираи 7,0-7,6 фоиз, меъёри таваррумро 7,0-6,8 фоиз, индекси дефилятор 3,0-4,7 фоиз ва қурби асъори миллиро нисбат ба 1 доллари ИМА 9,0-10,0 сомонӣ муайян намуд.

Сиёсати стратегии андозбандӣ ва андозситонӣ ба самти фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ, ҳифзи манфиатҳои молис­теҳсолкунандагон  ва молсодиркунандагони ватанӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва зироаткорӣ равона гардидааст. Дар робита ба ин, даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ дар соли 2018, бо дарназардошти маблағҳои грантӣ, барои дастгирии буҷет, дар ҳаҷми 16 млрд. 172 млн. сомонӣ ё 24,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 10 фоиз ё 1 млрд. 469 млн. сомонӣ зиёд ва аз сарчашмаҳои зерин иборат мебошад:

- воридоти андозҳо – 14 млрд. 744 млн.сомонӣ бо афзоиши 1 млрд. 542 млн.сомонӣ ё ин ки 91,2 фоизи даромадҳои ҷорӣ;

- воридоти ғайриандозӣ – 1 млрд. 23 млн. сомонӣ бо коҳишёбии 112,0 млн. сомонӣ ё ин ки 6,3 фоизи даромадҳои ҷорӣ (бо дарназардош­ти он ки солҳои қаблӣ маблағҳое, ки дар натиҷаи корҳои назоратии Кумитаи андоз муайян карда мешуданд, дар қисмати воридоти ғайриандозӣ ба инобат гирифта мешуд. Соли 2018 бошад, ин маб­лағҳо аз рӯи намуди андозҳо ба инобат гирифта шудааст);

- грантҳо барои дастгирии буҷет (аз ҳисоби гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёгии Рушд 45,0 млн. доллари ИМА) – 405 млн. сомонӣ бо афзоиши 38,6 млн.сомонӣ, ки 2,5 фоизи даромадҳои ҷориро ташкил медиҳанд.

Воридоти андозҳои дохилӣ аз ҳисоби Кумитаи андоз 10 млрд. 426 млн. сомонӣ ё ин ки 66,1 фоиз, пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби Хадамоти гумрук 4 млрд. 802 млн. сомонӣ ё ин ки 30,5 фоиз ва пардохтҳои ғайриандозӣ аз ҳисоби дигар мақомоти ваколатдор (Вазорати молия ва Вазорати корҳои дохилӣ) 539,7 млн. сомонӣ ё 3,4 фоизи ҳаҷми умумии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар назар дошта шудааст. Афзоиши ин нишондиҳандаҳо нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2017 ба Кумитаи андоз 11,8 фоиз ва Хадамоти гумрук 6,7 фоиз рост меояд.

Афзоиши даромадҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, пурзӯр намудани маъмурикунонии андоз, кам кардани бақияпулиҳои андоз, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи 853,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст.

Дар таркиби ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ҷалби гранту қарзҳои берунаи давлатӣ тавассути барномаи давлатии инвеститсионӣ ба маблағи 3 млрд. 274 млн. сомонӣ (15,5 фоиз) ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 555 млн. сомонӣ (7,4 фоиз) дохил мебошад.

Дар маҷмӯъ, соли 2018 ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои воридот 21 млрд. 3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 1 млрд. 434 млн. сомонӣ зиёд буда, ба 31,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Ин нишондиҳанда дар давраи миёнамуҳлат низ афзоиш ёфта, соли 2019 ба – 23 млрд. 257 млн. сомонӣ ё 31,7 фоизи ММД ва соли 2020 ба 26 млрд. 179 млн. сомонӣ ё 31,7 фоизи ММД баробар мегардад.

Соли 2018 сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини бехатарии давлат ва бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва такмили сохторҳои мақомоти идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳо равона мешавад. Хароҷоти Буҷети давлатӣ бо назардошти касри он (0,5 фоизи ММД) дар соли 2018 ба маблағи 21 млрд. 337 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2017 ба маблағи 1 млрд. 474 млн. сомонӣ зиёд буда, ба 31,9 фоизи ММД баробар мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16 млрд. 601 млн. сомонӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ 3 млрд. 274 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсус 1 млрд. 461 млн. сомонӣ равона карда мешавад.

Соли оянда низ ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, бо дарназардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, барои маблағгузории ин соҳаҳо 10 млрд. 272 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин қариб 50,0 фоизи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ва 15,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Соли 2018 барои маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 3 млрд. 115 млн. сомонӣ, барномаи сармоягузориҳои давлатӣ 93,9 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 653,5 млн.сомонӣ равона хоҳад гардид.

Хароҷоти соҳаи тандурустӣ ба маблағи 1 млрд. 550 млн. сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ 1 млрд. 267 млн. сомонӣ, барномаи сармоягузориҳои давлатӣ 81,6 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсуси соҳа 202,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст (нисбат ба соли 2017 ба маблағи 110,1 млн. сомонӣ ё 7,6 фоиз зиёд).

Барои маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дарназардошти таъминоти нафақа ва пардохти кумакпулиҳо, дар соли 2018 — ум 3 млрд. 357 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Танҳо барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 69,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 12,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Барои маблағгузории соҳаи фарҳанг аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 648,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ низ афзалият дода шуда, барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3 млрд. 483 млн. сомонӣ бо афзоиши 4,8 фоиз (хароҷоти ҷорӣ — 16,9 фоиз), кишоварзӣ 676,1 млн. сомонӣ бо афзоиши 15,9 фоиз (хароҷоти ҷорӣ — 2,8 фоиз), саноат ва сохтмон 132,4 млн.сомонӣ бо коҳишёбии 3,4 фоиз (хароҷоти ҷорӣ -2,9 фоиз) ва нақлиёту коммуникатсия 1 млрд. 462 млн. сомонӣ бо афзоиши 4,5 фоиз (хароҷоти ҷорӣ — 37,2 фоиз) пешбинӣ гардидааст.

Сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ дар солҳои оянда низ идома ёфта, хароҷот барои маблағгузориҳои асосии мутамарказ дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ба маблағи 3 млрд. 410 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳаҷми умумии хароҷоти маблағгузории асосии мутамарказ сохтмони иншооти соҳаи энергетика 60,4 фоиз, соҳаҳои иҷтимоӣ 19,6 фоиз, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ 2,0 фоиз, мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 4,6 фоиз ва соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 13,3 фоизро ташкил медиҳад. Маблағгузориҳои асосии мутамарказ асосан ба иншооте, ки барои рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд, равона мешавад.

Соли 2018 барои маблағгузории ҶСК НБО «Роғун» 2,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2017 ба маблағи 300,0 млн. сомонӣ ё ин ки 17,0 фоиз зиёд мебошад. Дар соли 2018 маблағгузории лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо ба андозаи 3 млрд. 274 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 4,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби қарз 1 млрд. 764 млн. сомонӣ ва грантҳо 1 млрд. 509 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, соли оянда барои дар сатҳи муътадил нигоҳ дош­тани қарзҳои дохилию берунӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи онҳо, пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ дар назар дош­та шудааст. Аз ҷумла, барои таъмини уҳдадориҳо аз рӯи қарзи асосии «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой 538,7 млн. сомонӣ ва пардохти фоизҳои қарзи асосии дигар ташкилотҳои байналмилалӣ бо дарназардошти (евробондҳо) 695,2 млн. сомонӣ, инчунин қарзи дохилӣ 179,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, пардохти қарзи асосии беруна дар ҳаҷми 566,4 млн. сомонӣ ва қарзи асосии дохилӣ ба маблағи 205,0 млн. сомонӣ дар қисми хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ пешбинӣ нашуда, пардохти онҳо аз ҳисоби ҷалби гранту қарзҳо, барориши векселҳои хазинадорӣ, баргардонидани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзӣ ва дигар манбаҳои озоди буҷетӣ пешбинӣ шудааст.

Касри Буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба андозаи 0,5 фоизи ММД ё баробар ба маблағи 334,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет мутобиқи моддаи 3 лоиҳаи қонун, аз ҳисоби даромад аз хусусигардонӣ ва иҷораи истифодаи моликияти давлатӣ ба маблағи — 26 млн. сомонӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ — 95 млн. сомонӣ, иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ — 10 млн. 152 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 203 млн. 181 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт хароҷоти Буҷети давлатӣ дар давраи миёнамуҳлат низ афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии он дар соли 2019 ба маблағи 23 млрд. 624 млн. сомонӣ ва дар соли 2020-ум ба маблағи 26 млрд. 593 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин мувофиқан ба 32,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Касри буҷет бошад, дар солҳои 2019 -2020 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё мутаносибан 367,0 млн. сомонӣ ва 413,6 млн. сомонӣ муайян гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, вобаста ба тағйирёбии барномаҳои қарзгирии давлатӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзоиши хизматрасонии пулакии муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, мутобиқи талаботи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» аниқ карда, ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз нав дида баромада мешавад.

Бо дарназардошти таҷрибаи нав будани буҷетикунонӣ дар асоси барнома, низоми мазкур соли аввал танҳо дар соҳаҳои пилотӣ ҷорӣ карда, пас аз натиҷагирии он солҳои оянда пурра дар ҳама соҳаҳо ҷорӣ карда мешавад.

Даромад ва хароҷоти лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2019-2020 аз рӯи натиҷа ва баҳогузории фаъолияти имрӯзаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, таъмини рушди афзалиятҳои аввалиндараҷа ва имкониятҳои молиявӣ таҳия гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо гарчанде мураккаб бошанд ҳам, иҷрошаванда мебошанд. Дар рафти таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ ва ҳангоми баррасии он дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, як қатор таклифу дархостҳо пешниҳод гардид, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани зиндагии арзандаи аҳолӣ равона шудаанд. Як қисми пешниҳоди шумо дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2018» ба инобат гирифта шудаанд. Қисми дигари ин пешниҳодот ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дар рафти иҷрои буҷет аз рӯи имкониятҳои воқеӣ ба инобат гирифта, оид ба амалӣ намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамкории мо бо шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, дар таҳия ва иҷрои Буҷети давлатӣ сол то сол устувор ва пурсамар мегардад ва мо онро бо қаноатмандӣ қабул менамоем. Ба ҳамаи шумо барои ин ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Ҷобирзода Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2016), дастуру супоришҳо аз вохӯриҳояшон бармеоянд, ба инобат гирифта шудааст. Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст. Нишондиҳандаҳои он бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок шудааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,0 фоиз ба маблағи 66,8 млрд. сомонӣ, индекси дефилятори ММД– 3,0 фоиз, меъёри таваррум – 7,0 фоиз муайян шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба маблағи 21 млрд 3,1 млн. сомонӣ ё 31,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2017 ба андозаи 7,3 фоиз ё 1 млрд. 434,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2018 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 21 млрд. 337 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 31,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2017 ба маблағи 1 млрд. 474 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2018 касри буҷет нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз ё 334,3 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст, яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2018 ба 9 млрд 420,6 млн. сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2017-ум 327,3 млн. сомонӣ ё ин ки 3,6 фоизро ташкил намуда, ба 44,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф 3 млрд. 863,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2017 – 282,1 млн. сомонӣ ё ин ки 7,9 фоиз зиёд буда, 18,1 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1 млрд. 550,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети соли 2017 – 110,1 млн. сомонӣ ё 7,6 фоиз  зиёд буда, 7,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро дар бар мегирад.

Барои хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 3 млрд. 357,9 млн. сомонӣ  пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2017 ба маблағи 108,6 млн. сомонӣ ё 3,3 фоиз зиёд аст ва 15,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро  ташкил менамояд. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш бошад, 648,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин, дар буҷети соли 2018 барои маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 5 млрд. 471,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаи энергетика 3 млрд. 482,8 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1 млрд. 462,9 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 676,1 млн. сомонӣ ва саноату сохтмон 132,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар маҷмӯъ ба 10,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2018 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2019-ум 23 млрд. 257,1 млн. сомонӣ ва дар соли 2020-ум 26 млрд 179,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 31,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2019 ба маблағи 23 млрд 624,1 млн. сомонӣ ва дар соли 2020-ум 26 млрд. 593,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 32,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар муқоиса ба буҷети соли 2017 якчанд тағйиру илова ворид шудааст, аз ҷумла:

Дар моддаи 7- уми лоиҳаи қонун хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии барномавӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор, нақлиёт ва коммуникатсия муқаррар шудааст.

Дар моддаи 10 лоиҳаи буҷети давлатӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои маҳаллӣ, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ хароҷотро рӯйпӯш карда наметавонанд, дар ҳаҷми 825,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла мусоидати молиявӣ (субвенсия) барои пардохти музди меҳнат 820,8 млн. сомонӣ ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ 4,2 млн. сомонӣ муайян карда шудааст, ки хаҷми умумии он нисбат ба буҷети соли 2017 ба маблағи 64,5 млн. сомонӣ кам мебошад. Омили кам гардидани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ин афзоиши даромадҳои дохилии якчанд шаҳру ноҳияи субвенсионӣ нисбат ба буҷети соли ҷорӣ мебошад.

Дар бандҳои 2 ва 3 моддаи 13 бо мақсади ба танзим даровардани воридоти андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои дахлдор муқаррар шудааст, ки воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи он ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, аввал ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил гардида, ҳиссаи буҷетҳои маҳаллӣ сари вақт гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин, дар банди 4 моддаи мазкур оид ба воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе дар соли 2018 аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил мегардад, муқаррар шудааст, ки ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Вобаста ба ин, барои соли 2018 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуб (фоизҳо), тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

Тақсимоти андозҳои умумидавлатӣ дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳар сол бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ тасдиқ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2018, бо дарназардошти афзоиши нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, буҷети шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва Ваҳдат ҳамчун ҳиссагузор ба буҷети ҷумҳуриявӣ муайян карда шудааст.

Дар моддаи 15 имтиёзҳо дар қонуни амалкунанда нигоҳ дошта,  имтиёзҳои иловагии андозӣ ва гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2018 воридоти нақлиёти коммуналию мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои сабукрави назоратӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд ва барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ, беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе равона мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти қувваи барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.

Инчунин, ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба истеҳсол, харид, фурӯш ва ба миқдори зарурӣ захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тамоюли болоравии нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе, дар соли 2018 фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудааст.

Дар қисми 11 моддаи мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини хоҷагии халқи мамлакат бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, соли 2018 воридоти ҳама намуди чорвои зотӣ (таъиноти гӯштӣ, ширӣ ва пашмӣ), тухмии элита ва репродуксионии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зот ва сифати тухмӣ аз хориҷи кишвар бо мақсади парвариш ва истеҳсоли маҳсулот, инчунин тухмии кирмак барои пиллапарварӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягона ва дастгирии коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ воридоти таҳвили ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Дар моддаи 19 меъёри воридоти маблағҳо ба буҷети дахлдор аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 35 то 40 фоиз, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 20 то 50 фоиз ва дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз 15 то 20 фоиз зиёд карда шудааст.

Дар буҷети соли 2017 маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаи хориҷии дорои ҳомили иттилооти электронӣ бадастовардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 50 фоизи боқимондаи маблағҳо ба ихтиёри Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда мешуд. Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2018 бошад, ин маблағҳо 100 фоиз ба фонди андӯхтии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз ҷониби вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу дархостҳо пешниҳод шуда буданд, ки қисми зиёди онҳо аз рӯи имкониятҳои мавҷуда дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба инобат гирифта шудаанд, аз ҷумла:

- дар соли 2017 бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон (малах) 2,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шуда буд,  дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 бошад, барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 3,3 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;

- дар соли 2017 барои барқарорсозии 13 иншооти пойгоҳи обкашӣ дар ҷумҳурӣ 3,6 млн. сомонӣ равона гардида буд, дар Буҷети давлатии соли 2018 барои сохт­мону азнавсозии иншооти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, яъне 10,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад;

- дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» 1,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;

- дар соли 2017 барои эмгузаронии аҳолӣ ва харидорӣ намудани  ваксинаҳо – 9,0 млн. сомонӣ, дар буҷети соли 2018-ум 11,0 млн. сомонӣ, дар буҷети соли 2017 барои харидории инсулин ҷиҳати таъмини беморони гирифтори касалии диабети қанд 3,0 млн. сомонӣ, дар буҷети соли 2018-ум  4,0 млн. сомонӣ, дар буҷети соли 2017 харидории доруворӣ барои беморони сил 1,5 млн. сомонӣ, дар буҷети соли 2018-ум 3,3 млн. сомонӣ ва дар буҷети соли 2017 барои харидани маводи ташхиси бемории вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) 750,0 ҳазор сомонӣ, дар буҷети соли 2018-ум 1,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018- ум 600,0 ҳазор сомонӣ барои муолиҷаи беморони саратон (кимиёдармонӣ) ва 500,0 ҳазор сомонӣ барои харидории доруворӣ барои беморони гепатит пешбинӣ шудааст, ки дар буҷети соли 2017 ба ин самтҳо маблағ ҷудо нагардида буд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро гурӯҳи корӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бо ҷалби васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ҷараёни муҳокимаҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволу дархостҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намудаанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу дархост пешниҳод гардида буд, ки онҳо ба инобат гирифта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» собит намуд, ки дар асл лоиҳаи қонуни мазкур дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ, идоравӣ, барномавӣ ва иқтисодӣ дар асоси принсипи баробарӣ бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонун ба талаботи вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ҷавобгӯй буда, дар маҷмӯъ воқеъбинона, шаффоф ва аз рӯи мақсаду ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум муайян намудааст, пешбинӣ гардидааст. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намояд.

РАИС: — Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Бо назардошти он ки масъалаи мавриди баррасӣ аз ҷумлаи масъалаҳои хеле муҳим буда, лоиҳаи қонуни мазкур давоми якчанд ҳафта мавриди омӯзиши кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарор ёфта буд, қабл аз оғози музокира агар саволҳо дошта бошед, муаллифони лоиҳа омодаанд ба онҳо посух гӯянд.

Марҳамат, кӣ савол дорад? Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Саволи якуми ман ба вазири молия аст. Сол аз сол нархи наво зиёд мешавад, вале меъёри таваррум дар давоми солҳои охир ва солҳои минбаъда 7 фоиз нишон дода шудааст  ё имсолу солҳои оянда қурби 1 доллари амрикоӣ дар доираи 9 сомонӣ муқаррар шудааст. Оё ин ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад?

Саволи дигарам ба сардори Хадамоти гумрук тааллуқ дорад: сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар чист?

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Вакили муҳтарам, он ду параметре, ки шумо ишора кардед, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикис­тон ҳисоб карда, ба мо пешниҳод мешавад. Ин ҷо муовини якуми раиси Бонки миллӣ ҳузур доранд. Хуб мебуд, агар ба ин савол он кас ҷавоб диҳанд.

РАИС: — Сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», яке аз вазифаҳои Бонки миллӣ нигоҳ доштани болоравии нархҳо ва қурби асъори миллӣ мебошад. Бонки миллӣ бо истифода аз татбиқи сиёсати монитарӣ барои нигоҳдории нархи наво кӯшиш менамояд. Сиёсати дигаре, ки Бонки миллӣ пеш мебарад, дар ҳолати пайдоиши лаппиши қурб аз мудохила кардан ба он иборат аст.

Ба саволи вакили муҳтарам дар мавриди то чӣ андоза дуруст муқаррар кардани сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ чунин посух мегӯям: Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии рушди иқтисодӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда мешаванд, ки дар ду давра сурат мегирад.

Марҳилаи аввал – моҳҳои январ – феврал, марҳилаи дуюм – моҳҳои июл ва август. Дар моҳҳои январ – феврал нишондиҳандаҳои асосии микроиқтисодии вазорату идораҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда мешавад. Ҳангоме ки дар марҳали дуюм ин нишондиҳандаҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда мешаванд, Вазорати молия бо истифода аз ин маълумотҳо нишондиҳандаҳои ташаккули Буҷети давлатиро барои соли оянда таҳия менамояд. Бонки миллӣ барои муайян намудани он ки то чӣ андоза қурби асъори миллӣ ва меъёри таваррум ба воқеият наздикӣ дорад, нишондиҳандаҳои марҳалаи дуюми макроиқтисодиро ба инобат мегирад. Сарфи назар аз он ки Вазорати молия аз пешниҳодҳои Бонки миллӣ истифода менамояд, таҳлилҳои худро низ бояд дошта бошад, чӣ хеле ки се-чор сол пеш вуҷуд дошт.

РАИС: — Сухан барои ҷавоб ба саволи дуюм ба сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб дода мешавад.

АБДУФАТТОҲИ Ғоиб: — Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ, дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ ба андозаи 11 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин баробар ба 267 миллион доллари амрикоист. Яъне, сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ин коҳиш ёфтани воридот, аз қабили гандум, семент, сӯзишвории дизелӣ ва ғайра мебошад.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шамсидинзода Мавзуна Шарофиддин дода мешавад.

ШАМСИДИНЗОДА Мавзуна Шарофиддин:

- Ман ба вазири молия савол дорам. Муҳтарам вазир, мутобиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки марбут ба буҷети ҷамоат аст, тибқи муқаррароти моддаи 45 қонуни мазкур, ки ба буҷети мустақили ҷамоатҳо бахшида шудааст, оё дар соли 2018  муқаррароти ин моддаҳо дар амал ҷорӣ карда мешаванд? Мо соли гузашта ҳам ин саволро матраҳ карда будем, вале ҷавоб гирифтем, ки дар чор ҷамоати пилотӣ ин кор шурӯъ мешавад. Оё ҳоло ин кор шурӯъ шудааст?

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: — Мо бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар чор ҷамоати пилотӣ ин корро шурӯъ кардем, вале то ҳол натиҷаҳои он ҷамъбаст нашудааст.

РАИС: - Ин кор кашол ёфта истодааст, бояд ҳар чӣ зудтар натиҷаҳо ҷамъбаст ва хулосаҳо пешниҳод шаванд.

Ҳоло сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзодав­лат Сабурзода дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА: — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стансияи махсуси тухмипарварӣ барои рушди кирмакпарварӣ вуҷуд дорад. Дар банди 11 моддаи 15 қонуни мазкур гуфта шудааст, ки воридоти тухмии кирмак барои пиллапарварӣ аз хориҷи кишвар аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешавад. Ман аз вазири кишоварзӣ пурсиданиям, ки воридоти тухмии кирмак барои рушди тухмии маҳаллӣ таъсири манфӣ намерасонад?

Изатулло САТТОРӢ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: — Имрӯз дар ҳама соҳаи кишоварзӣ тухмии аълосифати ватанӣ ва хориҷӣ истифода бурда мешавад. Новобаста аз он ки тухмии кирмак дар стансияҳои таҷрибавӣ парвариш карда мешавад, мо ниёз ба тухмиҳои хориҷӣ дорем, ки ба кашфи тухмиҳои нав дар дохили мамлакат таъсир намерасонад.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рус­там Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Ман ба вазири молия савол дорам. Чанде пеш дар ҳамин толор муҳокимаи парламентӣ бахшида ба иҷрои нақшаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2017 баргузор шуда буд. Мутаассифона, вазир ширкат надошта, ҳоло роҷеъ ба он масъала хеле саволҳо пайдо шудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рафти иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ садҳо миллион сомонӣ ғайримақсаднок истифода шудаанд. Саволи якум. Вазорати молия оид ба пешгирӣ намудани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар соли 2018 чӣ гуна чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст?

Саволи дуюм. Таҳлилҳои натиҷаҳои нуҳмоҳа нишон доданд, ки ягон нишондиҳандаи сифатнокии иҷрои буҷетро Вазорати молия пешниҳод накардааст. Вазорат маб­лағро тақсим кардааст, вале оид ба санҷиши сифатнокӣ ва бомақсад истифода шудан ё нашудани он таҳлилҳо пешниҳод накардааст. Ҳол он ки дар кишварҳои узви ИДМ ба тарзи банақшагирӣ ва истифодабарии барномавии маблағҳои буҷетӣ гузаштаанд. Дар ин бобат вазорат чӣ нақшаҳо дорад?

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: — Доир ба саволи якум мехоҳам зикр намоям, ки пардохтҳо ба  тариқи электронӣ мегузаранд ва истифодаи самаранок, мақсаднок ё ғайримақсадноки маблағҳо дар натиҷаи гузаронидани тафтиш ва санҷишҳое, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, маълум мешавад.

Дар ҷавоб ба саволи дуюми муҳтарам вакил изҳор медорам, ки соли 2018 мо татбиқи чунин барномаҳоро ба тариқи пилотӣ дар якчанд вазорат оғоз менамоем. Он вақт маълум карда метавонем, ки маблағҳои буҷетӣ дар ин ё он вазорат самаранок ва сифатнок истифода мешаванд ё не. Мехоҳам ёдовар шавам, ки ҳоло ташкилоту идораҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд. Роҳбарони ин соҳаҳо бояд масъулияти баланд зоҳир намуда, чӣ гуна истифода шудани маблағҳои буҷетиро назорат баранд. Мутаассифона, дар ин соҳаҳо ҳоло ҳам самаранок истифода нашудани маблағҳо мушоҳида мешавад. Масалан, санҷише, ки чанде пеш дар як беморхона гузаронида шуд, аз ин гувоҳӣ медиҳад. Роҳбари беморхона дар ҳисоботи пешниҳодкардааш муҳлати истифодаи катҳоро дар давоми моҳ 30 рӯз нишон додааст. Санҷиш собит намуд, ки катҳои беморхона ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 14 то 17 рӯз истифода шудаанду халос.

РАИС: — Масъалаҳое, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ин ҷо матраҳ намуданд, хеле муҳим мебошанд, зеро онҳо ба истифодаи самаранок ва босифати маблағҳои буҷетӣ робита доранд. Мо шоҳидем, ки маблағҳои буҷетӣ чӣ қадар бо душворӣ ҷамъ оварда мешаванд ва назорати истифодаи онҳо вазифаи Вазорати молия низ ҳаст.

Масалан, муҳокимаи парламентӣ оид ба натиҷаҳои Буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки маблағҳои буҷетӣ ҳам аз ҷониби вазорату идораҳо ва ҳам ҳангоми татбиқи лоиҳаҳо ғайримақсаднок истифода шудаанд. Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ онҳо 700 тафтишу санҷиш гузаронида, беш аз 292 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Ба ин гуна камбудӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар татбиқи лоиҳаҳо роҳ додаанд. Дар ташкилотҳои сохтмонӣ ин гуна камбудиҳо хеле зиёд ошкор шудааст. Ҳамаи ин маб­лағҳо шояд маблағҳои буҷетӣ набошанд, вале қисмати бештарашон аз буҷет гирифта шудаанд, зеро ҳамон маблағҳое, ки дар татбиқи лоиҳаҳо истифода мешаванд, ба маблағҳои буҷетӣ дохил карда шудаанд. Бинобар ин, маълумотҳое, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд, хулосаҳо ва тавсияҳои ниҳоят муҳим доранд. Мо бояд баҳои Палатаи ҳисобро оид ба лои­ҳаи буҷете, ки ҳоло дар баррасии мо қарор дорад, дошта бошем. Ин яке аз вазифаҳои  асосии Палатаи ҳисоб аст. Вай бояд ба лоиҳаи Буҷети давлатие, ки омода мешавад, баҳо диҳад ва ба Вазорати молия ва Ҳукумат пешниҳод намояд.

Палатаи ҳисоб дар хулосааш пешниҳод карда буд, ки лоиҳаи Буҷети давлатӣ ақаллан як моҳ пештар барои хулоса ва баҳодиҳӣ ирсол карда шавад. Ин пешниҳод воқеӣ аст, вале бо кадом сабаб имсол низ инро дар Вазорати молия аз назар дур монданд. Буҷети давлатӣ бошад, ҳар сол аз якуним то ду миллиард сомонӣ зиёд мешавад. Ин маблағҳо аз ҷойи холӣ намеоянд ва хароҷотҳоямон низ барои пардохти маош, нафақа, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт меафзоянд. Бинобар ин, Вазорати молия бояд харҷи ҳар як сомонии Буҷети давлатиро дар назорат гирад.

Чанде пеш аз шаҳри Ваҳдат занг зада гуфтанд, ки се моҳ инҷониб маош нагирифтаанд. Ҳарчанд ки шаҳри Ваҳдат дотатсионӣ нест, вале ин маънои онро надорад, ки мо хомӯш бошем. Дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ, аз Буҷети давлатӣ маблағ­гузорӣ мешаванд, ҳолати нагирифтани маош ҷой дорад. Аз роҳбарону мутасаддиён пурсидан лозим аст, ки чаро ба камбудӣ роҳ додаанд, зеро, тавре шумо, муҳтарам вазир, гуфтед, дар навбати аввал, вазорат маблағи маошро ба шаҳру ноҳияҳо мегузаронад. Фонди нафақа низ ҳамчунин. Магар бе маош ва нафақа зиндагӣ кардан мумкин аст?

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: — Пешниҳодоти шумо, муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагонро, мо қабул дорем. Фақат ҳаминро гуфтаниям, ки Буҷети давлатӣ ба таври шаффоф омода мешавад ва ин кор дар аввали сол оғоз меёбад. Мо омодаем барои аудиторони Палатаи ҳисоб, ки барои ин кор мутасаддӣ мешаванд, аз тариқи «онлайн» ҳама маълумотро пешниҳод намоем ва онҳо аз идораи худашон истода, ин корро анҷом дода метавонанд.

РАИС: - Муҳтарам Ҳамрализода, ҳисоботҳое, ки шумо пешниҳод менамоед, ягон натиҷа медиҳанд?

Ҳамрализода Фаррух, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Мо як нусха ҳисоботро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи дигарро ба Маҷлиси намояндагон ирсол менамоем. Дар асоси хулосаи пешниҳодкардаи Палатаи ҳисоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур медиҳанд.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. 

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: - Ман ба муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода савол дорам. Лутфан бигӯед, ки дар соли 2018 пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ чӣ миқдорро ташкил хоҳад кард ва дар ин давра ягон тағйироти мусбӣ дар тартиби ҳисоб, таъин ва пардохти нафақа ба амал меояд ё не?

РАИС: — Назокат Одиназода ҳангоми посух гуфтан ба ин савол, ҳамчунин бигӯед, ки мардум ба гирифтани нафақаи шоиста умед баста метавонанд ё не?  Дар ҳама мулоқоту вохӯрӣ мардум аз ин хусус савол медиҳанд, ба мо менависанд, ба қабуламон меоянд.

Махсусан онҳое, ки синнашон аз 80 гузаштааст, бо 200 сомонӣ чӣ хел рӯз гузаронанд, худро табобат кунанд? Агар вай ягон шахси наздик надошта бошад, аҳволаш чӣ хел мешавад? Мо мефаҳмем, ки имкониятҳоямон маҳдуданд. Барои пардохти нафақаи беш аз 640 ҳазор нафар 2,7 миллард сомонӣ маблағ зарур аст. Ҳисоби миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 270 сомониро  ташкил менамояд. Албатта, ин хеле нокифоя аст. Вазъро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

ОДИНАЗОДА Назокат Хайрулло: — Муҳтарам Раис, аз 1 январи соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ» мавриди амал қарор гирифт. Тибқи қонуни мазкур, андозаи нафақа аз музди меҳнат ва пардохти иҷтимоие, ки корхона барои шахси машғули кор пардохт менамояд, иборат аст. Ҳоло бо тат­биқи муқаррароти ин қонун ҳисоби миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 280 сомониро ташкил медиҳад. Мо низ дарк мекунем, ки ҳаҷми нафақаҳои таъиншаванда кам мебошанд, вале сарчашмаи ягонаи таъини нафақа андози иҷтимоӣ аст.

РАИС: — Пешвои миллат мекӯшанд, ки қариб ҳар сол андозаи нафақаро андаке ҳам бошад, зиёд намоянд. Лекин шумо ба як чиз таваҷҷуҳ кунед: Танҳо бо маблағҳои Фонди нафақа ин корро анҷом додан имкон надорад. Шумо таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯзед. Онҳо даҳҳо фонд доранд ва шахсе, ки кор мекунад, ба ин ё он фонд вобастагӣ дорад, ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданаш аллакай медонад, ки дар оянда чӣ қадар нафақа мегирад. Роҳҳояшро ҷустуҷӯ кардан лозим аст. Мо бояд коре кунем, ки ҳисоби миёнаи нафақа ақаллан ба музди маоши камтарин баробар карда шавад. Дар акси ҳол нафақагир бо чунин нафақа зиндагӣ карда наметавонад.

Барои мо ҳоло ҷойи кори шоиста лозим аст, ки мардум ақаллан  ду ҳазор сомонӣ маош гиранд. Дар он сурат пардохтҳои иҷтимоӣ ҳам меафзоянд ва ҳаҷми нафақа низ зиёд мешавад. Вазъи имрӯзаро ҳоло ба мардум фаҳмонидан хеле мушкил аст, зеро дар Ҳукумат ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумат вазъро тавре ки ҳаст, дуруст фаҳмонида наметавонанд.

Аз назари ман, барои онҳое, ки имрӯз ба нафақа мебароянд, муқарраротеро ба кор бояд бурд, ки барояшон то ба ин дараҷа нафақаҳои паст таъин нашавад. Масалан, як нафар, ки ду сол пеш бо ҳамин маош барояш 1200 сомонӣ нафақа таъин мешуд, ҳоло, баъди мавриди амал қарор гирифтани қонуни нав, шахси дигар бо ҳамон андозаи маош соҳиби 280- 300 сомонӣ нафақа мешавад. Адолати иҷтимоиро барқарор кардан шарт ва зарур аст. Дар хусуси пардохти нафақавии 1- фоиза низ вазъ чунин аст. Вақте ки ин навъи андӯхти нафақавӣ ҷорӣ шуд, ба мо мегуфтанд, ки ҳангоми ба нафақа баромадан он бароямон пардохта мешавад. Ҳоло мебинем, ки баргардонидани ин маблағро ҳисса ба ҳисса дар давоми 15 сол ба нақша гирифтаанд. Оё шахси ба нафақа баромада, агар бемор бошад, онро мунтазир шуда метавонад. Вай вафот кунад, тақдири он маблағ чӣ мешавад?

Ҳоло ба шумо як моҳ муҳлат дода мешавад ва инро ба директори Агентӣ муҳтарам Наҷмиддинов расонед. Дар давоми ин муддат ба Маҷлиси намояндагон маълумотро оид ба вазъи воқеӣ дар соҳа пешниҳод намояд, зеро дигар бо чунин ҳолат муросо кардан мумкин нест. Ба мардум воқеиятро бояд фаҳмонд, то ин ки онҳо бовар дошта бошанд, ки дар давоми солҳои охир вазъ дар ин самт беҳбудӣ меёбад. Агар аз рӯи виҷдон гап занем, бояд нафақа ба сабади истеъмолии моҳона баробар бошад, то ин ки шахси нафақагир тавонад бо он рӯз барад. Ана он вақт дар бораи ҳифзи воқеии иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин мебуд.

Ҳоло сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: — Ман ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдо савол дорам. Маълум аст, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷет, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳамин замина низ Бонки миллӣ бо таъмини пули нақд фаъолияти хешро роҳандозӣ менамояд. Ин нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ то чӣ андоза воқеият доранд, зеро агар онҳо дуруст набошанд, ҳангоми банақшагирӣ ва иҷрои буҷет мушкилиҳо пеш меоянд?

Саволи дигарам ба муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таллақ дорад. Яке аз иштирокчиёни асосии гардиши молию пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои сабук кардани низоми иҷозатномадиҳӣ вазорат чӣ гуна чорабиниҳоро дар нақша дорад? Зеро рушди соҳибкорӣ аз ин вобастагӣ дорад.

КАМОЛИДДИНЗОДА Илёсиддин Ҷамолиддин, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Дурнамои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба вазорат дар ду марҳила – дар аввали соли ҷорӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дар марҳилаи дигар, аз ҷониби вазорату идораҳо пешниҳод мегарданд. Ин маълумотҳои ҷамъоварда ҳамчун нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои таҳияи буҷети соли оянда пешниҳод мешаванд.

РАИС: — Ин ҷо вакил савол дода истодааст, ки ин нишондиҳандаҳо то чӣ андоза воқеиянд?

Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин: — Дар давоми ду – се соли охир ин нишондиҳандаҳо қариб 100 фоиз воқеӣ мебошанд.

РАИС: — Гумон аст, ки ин чиз воқеият дошта бошад, вале ин посухи шахси мансабдор аст, ки моро бовар мекунонад.

Барои ҷавоб додан ба саволи дуюм сухан ба муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар дода мешавад.

Хол Ҳайдар: — Иҷозатномаҳое ҳастанд, ки онҳоро Вазорати саноат ва технологияҳои нав мувофиқи тартиби муайяншуда медиҳад. Ҳамчунин, иҷозатномаҳое мавҷуданд, ки аз тарафи Комиссияи байниҳукуматии оид ба истифодабарии қаъри замин дода мешаванд. Муҳлати пешниҳоди маълумотномаҳо ва додани иҷозатнома як моҳ муқаррар шудааст. Аз бисёр ҷиҳат, ҳар чӣ зудтар гирифтани иҷозатнома ба худи довталаб вобастагӣ дорад, зеро ҳар қадар сари вақт асноди талабшударо пешниҳод намояд, ҳамон андоза пештар иҷозатномаро соҳиб мешавад.

РАИС: — Муҳтарам Хол Ҳайдар, мо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2030 қабул кардем ва тибқи он фаъолият мекунем. Тибқи стратегияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ –аграрӣ мубаддал шавад. Яъне, аз нисф зиёди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд дар соҳаи саноат истеҳсол гардад. Аз ин мебарояд, ки соҳаи саноат бояд тараққӣ дода шавад. Вазифаи асосии Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин дигар вазорату идораҳо, аз ҳамин иборат хоҳад буд. Мо бояд ба соҳибкороне, ки ба ин ё он намуди фаъолият машғул шуданӣ ҳастанд, шароити мусоид фароҳам оварем. Ҳар чӣ зудтар барояшон санадҳои зарурӣ дода шавад, ки баъди соҳиби иҷозатнома шудан барвақттар ба кор оғоз намоянд, зеро онҳоро лозим меояд боз чанд ташвиши дигарро анҷом диҳанд. Ҳоло бошад, соҳибкорон барои гирифтани иҷозатнома моҳҳо саргардон мешаванд, ҳол он ки се рӯз кифоя аст, ки иҷозатнома барояшон дода шавад.

Агар мо ба ҳадафҳои рушд расиданӣ бошем, вазифаҳоеро, ки Пешвои миллат дар наздамон гузош­таанд, бояд сарбаландона иҷро ва истеҳсолкунандагонро ҳаматарафа дастгирӣ намоем. Онҳоро даъват карда, мушкилашонро ҳар чӣ зудтар ҳал кунем. Барои соҳибкорон пешниҳодоти мушаххас омода кардан зарур аст, бо якҷо нишастан кор пеш намеравад. Ҳоло бошад, онҳо фақат «хароҷот» мекунанд, то ин ки асноди зарурӣ ба даст оранд. Ин суханони ман ба ҳамаи вазорату идораҳое дахл доранд, ки дар соҳаи худашон иҷозатнома медиҳанд.

Вақти он расидааст, ки барои ҳар як вазорату кумита меъёр муқаррар карда шавад, то ки дар давоми сол чанд корхона таъсис намояд. Он вақт ҳама ба такопӯ медароянд, маҳсулоти кишоварзӣ коркард мешавад, пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба моли ниҳоӣ табдил ёбад ва монанди ин. Бе ин мо пеш намеравем, рушд намекунем.

Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқов Ҳокимҷон Исматуллоевич дода мешавад.

Ҳокимҷон Холиқов: — Ман ба вазири молия савол дорам. Ҳамасола ба Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз Буҷети давлатӣ маблағҳо ҷудо мешаванд. Мақсад аз он дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ аст, ки боиси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Ҳоло вазъи баргардонидани ин қарзҳо чӣ гуна аст? Оё ин маблағҳо самаранок истифода мешаванд?

Қурбониён Абдусалом Карим: — Дирӯз дар Фонд ҷаласа доир гардид. Фонди дастгирии соҳибкориро муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид сарпарастӣ мекунанд ва ман узви он мебошам. Ҳоло 100 қарзи амалкунанда мавҷуд мебошад. Ба Фонд 203 миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва фоизи солонаи қарз 12 фоизро ташкил менамояд. Ҳарчанд қарзҳо бо асъори миллӣ дода шуда, фоизашон паст бошад ҳам, баргардонидани фоизҳои беш аз 60 қарз ба таъхир андохта шудааст. Инак, дастур шудааст, ки ҳамаи ин қарзҳои додашуда мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаҳои онҳо маълумот пешниҳод карда шавад. Дар давоми соли ҷорӣ аз 10 субъекте, ки ин маблағҳоро гирифтааст, се субъект онҳоро ғайримақсаднок истифода бурдааст.

РАИС: — Чанде пеш мо дар яке аз ҷаласаҳои иҷлосия бо ҳузури раиси Бонки миллӣ вазъи бонкҳои мушкилдори ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Бонки миллӣ ду ҳафта муҳлат муқаррар кардем, ки вазъи воқеиро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд. Чунин маълумот ба Маҷлиси намояндагон расид ва ҳоло бо истифода аз фурсат, ки дар толор намояндагони ҳамаи вазорату кумитаҳо ҳузур доранд, аз муовини якуми раиси Бонки миллӣ муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев хоҳиш менамоем, ки вазъро шарҳ диҳанд.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Соли ҷорӣ бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» бо мақсади иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди мизоҷон, дастгирии иқтисодиёт, нигоҳ доштани нуфузи бонкӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шуд. Дар ҷавоби ин, роҳбарони ин бонкҳо уҳдадорӣ гирифтанд, ки дар давоми як сол вазъро муътадил гардонанд ва боварии мизоҷонро нигоҳ доранд. Ҳадаф аз ҷудо кардани маблағ ин нест, ки маблағҳои мизоҷон пурра баргардонида шавад. Дар он сурат фаъолияти бонк қатъ мегардад. Вазифа иборат аз он буд, ки бо истифодаи ин маблағҳо ва ҷалби сармояҳо аз дигар ҷой маблағи мизоҷонро қисм ба қисм пардохта, барои идомаи фаъолияташон шароит фароҳам оваранд.

Ҳоло «Тоҷиксодиротбонк» уҳдадории қарзиашро аз 3,9 миллиард сомонӣ то ба 2,1 миллиард сомонӣ кам кард. Уҳдадории қарзиаш дар назди мизоҷон аз 1,8 миллиард то ба 800 миллион кам шуд, бисёр қарзҳояшро тамдид намуд. Ба маблағи зиёда аз 400 миллион сомонӣ амвол бар ивази амонатҳо ба мардум дод ва дар давоми нуҳ моҳ фаъолияти хешро бо 53,9 миллион сомонӣ фоида ҷамъбаст кард.

«Агроинвестбонк» то аввали сол аз мизоҷон зиёда аз 2 миллиарду 436 миллион сомонӣ қарздор буд. То 30 сентябри соли ҷорӣ онро то ба 1 миллиарду 678 миллион сомонӣ кам кард. Яъне, уҳдадориашро дар назди мизоҷон 758 миллион сомонӣ коҳиш дод.

Бояд гуфт, ки низоми бонкӣ кори сода нест. Вале, сарфи назар аз ин, роҳбари ин ду бонк дар назди Сарвари давлат ваъда додаанд, ки бо истифода аз сармояю амволашон масъалаи мазкурро ҳал мекунанд.

РАИС: — Маълум шуд, ки мизоҷони ин бонкҳо ҳатто аз фоида даст кашида, баргардонидани танҳо маблағҳояшонро талаб доранд. Магар ин дуруст аст, ҷабр намешавад барои онҳо?

Масъалаи дигар вобастагӣ дорад ба онҳое, ки аз бонкҳо қарздоранд. Ҳаҷми ин гуна қарзҳо чӣ гуна аст ва оё сабукие дода мешавад, ки ақаллан бо ин роҳ як қисми маб­лағҳои қарздодашуда ба бонкҳо баргардад?

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Ҳоло ба хотири нигоҳ доштани низоми бонкӣ ҳар коре, ки роҳбарони ин ду бонк анҷом медиҳанд, бо ризояти мизоҷонашон сурат мегирад. Ҳамчунин, зиёда аз ду миллиард сомонӣ қарзи додаашонро бонкҳо тамдид карданд.

РАИС: — Муҳим он аст, ки мас­ъ­алаҳо ҳал шаванд. Бигзор, дар як- ду моҳи оянда ҳам ин кор муяссар нашавад, вале дар ояндаи наздик он бояд аз байн бардошта шавад. Биноан, аз роҳбарияти Бонки миллӣ хоҳишмандем, ки ин масъаларо зери назорати доимӣ дошта бошанд.

Ҳоло мехоҳам бо истифода аз иштироки ҳайати васеи роҳбарони вазорату идораҳо як масъаларо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб шарҳ диҳанд. Ин масъала фарқи байни маълумоти омории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аст. Ин ҷо гапу калочаи хеле зиёд дар мавриди инъикоси нодурусти маълумоти воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Халқии Хитой пайдо шудааст. Гӯё аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҷумҳурии мо ба андозаи қариб ду миллиард сомонӣ молу маҳсулот ворид мешавад, вале дар ҳисоботи  расмии мо ҳамагӣ 800 миллион сомонӣ нишон дода мешавад.

Абдуфаттоҳ Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Дар ҳақиқат ин ҳолат ҷой дорад. Тӯли се соле, ки ман дар ин вазифа  фаъолият дорам,  мекӯшем бо ҷониби Хитой шартномае  ба имзо расонем, ки дар ҳолати аз Ҷумҳурии Халқии Хитой содирот шудани мол ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар режими воқеии вақт ин маълумот дастраси мо гардад. Мутаассифона, онҳо розӣ нашуданд ва розӣ ҳам намешаванд. Мо аз ин хусус протоколҳо пешниҳод кардем, вале онҳо ҳар дафъа аз протокол ин қисматро берун мекунанд.

Мо муайян кардем, ки  миқдори зиёди моли ниёзи мардум аввал ба  Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дохил мешавад. Аз он ҷой ба роҳи қочоқ ба  ҷумҳурии мо шифер ё асбест дохил мешавад. Мо аз ин хусус ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат кардем, зеро ҳодисаи қочоқро, ки дар ин ду ҷумҳурӣ  оғоз пайдо мекунад, ба кишвари мо нисбат доданӣ мешаванд.

РАИС: — Дар ҳар сурат, хуб мебуд, ин  масъала то охир баррасӣ ва ҳал карда шавад, то ин ки боиси нофаҳмиҳо нагардад.

РАИС: - Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Акнун ба музокира шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вобаста ба лоиҳаи қонуни баррасишаванда мехоҳам чанд нуктаро баён намоям:

1.Хеле хуб шуд, ки бори аввал дар таърихи ташаккулёбии Буҷети давлатӣ, тибқи моддаи 7 лоиҳаи қонун, минбаъд хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ на фақат аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ, балки гурӯҳбандии барномавӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор, нақлиёт ва коммуникатсия муқаррар карда мешавад, вале афсӯс, ки соҳаи фарҳанг аз ин қатор берун мондааст.

Умуман, вобаста ба барномаҳои давлатӣ минбаъд хуб мешуд, пеш аз ҳама, принсипи пай дар пай банақшагирии онҳо ва амалӣ намуданашон ба эътибор гирифта шавад, дар акси ҳол, самарнокии онҳо хеле паст мегардад. Имрӯз, дар соҳаи фарҳанг шаш барномаи давлатӣ ва дар соҳаи маориф ҳашт барномаи давлатӣ мавриди амал қарор доранд. Бояд иқрор шуд, ки маблағгузории онҳо беҳбудиро талаб мекунад, зеро баъзеи онҳо аз 16,7 то 30 фоиз маблағгузорӣ шудаанду халос. Агар имкониятҳоямон маҳдуд бошад, пас зарурати қабули чунин барномаҳо дар чист? Мо набояд моҳияту аҳамияти барномаҳоро паст кунем. Хуб мешуд, ба хазина нигоҳ карда, нақша кашем. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки аввал як барномаро ба охир расонем, пас дигарашро оғоз намоем.

2.Тавре муҳокимаи парлумонии дирӯз баргузоргардида собит намуд, масъалаи самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ бояд дар мадди назари доимии субъектони маблағгузор бошад, зеро камбудиҳо ҷой доранд, захираҳои зарурӣ бошанд, хеле зиёданд. Тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тайёр кардани мутахассисони маълумоти олидор бояд ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида шавад. Чунончӣ, соли хониши 2015 – 2016, мутобиқи нақша аз ҳисоби Буҷети давлатӣ тайёр кардани 214 мутахассиси ҳуқуқшиноси соҳаи гуногун, солҳои 2017 — 2018 бошад, 138 нафар пешбинӣ шуда буд. Дар соҳаи иқтисодиёт дар соли хониши имсола ройгон тайёр кардани 306 мутахассис, дар кори бонкӣ — 35 нафар, молия ва қарз 103 нафар пешбинӣ шуда буд. Оё бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин миқдор мутахассис ниёз дорад? Ҳол он ки дар мо муаллимон намерасанд ва ҳатто маҷбурем онҳоро аз хориҷи кишвар даъват намоем. Аз хотир набарорем, ки як сол пеш барои тайёр кардани як мутахассиси дорои маълумоти олӣ дар як сол аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 12304 сомонӣ маблағ сарф мешуд. Шояд як қисми ин мутахассисон дар ин соҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тайёр карда шаванд, вале мутахассисони соҳаҳои маъруф бояд ҳатман ба тариқи шартномавӣ таҳсил намоянд. Барои оилаҳои камбизоат бошад, дигар намуди квотаҳоро ба роҳ мемондем, дуруст мебуд.

3. Ба ҳама маълум аст, ки Буҷети давлатӣ на фақат соҳаи идоракунии молиявӣ, балки яке аз калидҳои муҳимтарини таъсиррасонӣ ба рушди иқтисодии мамлакат, таъмини сифати зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Ва яке аз механизмҳои чунин таъсиррасонӣ имтиёзҳои андозӣ мебошанд, ки тибқи Кодекси андоз ва ҳар сол тибқи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ муқаррар мегарданд. Ҳар сол мо мутобиқи муқаррароти моддаи 15 имтиёзҳои андозиро ба субъектони андозбандӣ муқаррар менамоем. Бояд қайд намуд, ки натиҷаи мусбии чунин амалҳои ҷоришударо мо дар мисоли фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (семент), дар соҳаи энергетика ва нақлиёт хеле хуб мушоҳида мекунем. Вале, солҳои тӯлонӣ мо ин гуна имтиёзҳоро ба баъзе субъектҳо дода истода бошем ҳам, натиҷаи он маълум нест. Бинобар ин, магар зарур аст, ки ин корро давом диҳем? Умуман, имрӯз дар ҷумҳурӣ 70 намуд имтиёз ва 240 номгӯйи сабукиҳои андозбандӣ муқаррар шудаанд ва ҳар сол Буҷети давлатӣ дар натиҷаи ин имтиёзҳо аз миллиардҳо сомонӣ маҳрум мегардад. Мисол, солҳои 2013 — 2016 ҳаҷми умумии манбаъҳои андозбандие, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои андозӣ татбиқ шудаанд, қариб 60 миллиард сомонӣ ва маблағи имтиёзҳои воқеан истифодашуда 9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда қариб 30 фоизи маблағи андозҳои дохилии дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад, ки маблағи ниҳоят калон мебошад. Албатта, як қисми ин имтиёзҳо заруранд. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо вакилони Маҷлиси намояндагон ва мутахассисон номгӯйи ин имтиёзҳоро аз нав мавриди омӯзиш қарор дода, нисбат ба такмили он таклифу пешниҳодҳо омода созанд. Дар сиёсати муқаррар кардани имтиёзҳои андозӣ хуб мешуд бартарият на ба субъектони алоҳида, балки ба истеҳсолкунандагони соҳавӣ, алалхусус ба сохт­мони корхонаҳои инноватсионӣ, ки барои коркарди ашёи хоми дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда равона шудаанд, дода шавад.

4. Ду сол пеш, ҳангоми баррасии лоиҳаи Буҷети давлатӣ, ман дар баромади худ оид ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз тариқи буҷет бо ду роҳ, хусусан бо роҳи ҷойгир кардани фармоиши давлатӣ ва амалигардонии расмиёти хариди мол, кор ва хизматрасонӣ андешаҳояшонро баён намуда, вобаста ба низом даровардан ва минбаъд аниқ гардонидани ҳаҷми онҳо дар буҷет пешниҳод карда будам. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархости ман ҷавоб ирсол намуда буд, ки ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ ахборотро дар ин бора пешниҳод менамояд. Мутаассифона, то ҳол масъалаи мазкур ҳалли худро наёфтааст ва имрӯз мо гуфта наметавонем, ки дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 чӣ қадар маблағ барои фармоиши давлатӣ ва чӣ қадар маблағ барои харидани моли истеҳсолкунандагони ватанӣ аз тарафи ташкилотҳои буҷетӣ пешбинӣ шудааст. Дар чунин вазъият кас ба хулоса меояд, ки ба низом даровардани масъалаи мазкур ба ҳоли худ гузошта шудааст. Набояд чунин бошад. Дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ имкон медиҳад, ки онҳо қоматашонро рост карда, минбаъд барои рушди корхонаҳояшон чораҳо андешанд.

Дар ин ҷода ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз 1 январи соли 2018 озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ба воридоти ҳама намуди таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ боиси дастгирист. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо расман хариди молҳои хориҷиро, ки истеҳсолашон дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ тибқи қонун қатъиян манъ намоем.

5. Моҳи майи соли ҷорӣ мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»- ро қабул намудем, ки тибқи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани фонди рушди саноат дар назар аст. Хуб мешуд, ки минбаъд дар ҳолатҳои зарурӣ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо маблағи зарурӣ дар соли 2018 барои таъсиси он муқаррар карда шавад.

Мувофиқи мақсад мебуд, агар соли оянда ба моддаи 15 тағйирот ворид карда, дар қатори Театри миллии Тоҷикистон сохтмони театр дар шаҳри Хоруғро низ илова менамуданд. Ҳамчунин, дар рафти муҳокимаи пешакии лоиҳаи Буҷети давлатӣ маълум гардид, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис шудаанд, ки онҳо ба омӯзиши масъалаи имтиёзҳои андозӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ғайра машғул мебошанд. Хуб мешуд, вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин гурӯҳҳо шомил гарданд ва якҷоя барои ҳалли ин масъалаҳо чораҷӯйӣ намоянд. Лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои соли 2018» дастгирӣ намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

 РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 — 2020 тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар он афзалиятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба инобат гирифта шудаанд.

Ҳангоми таҳияи нишондодҳои Буҷети давлатӣ, инчунин, таъсири эҳтимолии омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ба инобат гирифта шудааст. Дар лоиҳаи буҷет ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ҷудо намудани зиёда аз як миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки он барои фаъолияти босамари сохторҳои давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, соли 2018 аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати мусоидати молиявии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зиёда аз 820 млн. сомонӣ ва барои пардохти хароҷоти ҷории ноҳияҳои Сангвор ва Тоҷикобод ҷудо намудани зиёда аз чор миллион сомонӣ кумаки молиявии бебозгашт пешбинӣ шудааст.

Нисбат ба соли гузашта зиёд гардидани қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои таъмини рушди бемайлони минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019 имкон медиҳанд, ки мақомоти давлатӣ барномаҳои амалкунанда ва барномаҳои нави соҳавию минтақавиро тарҳрезӣ намоянд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб таъмини муқаррароти моддаҳои 27 ва 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» вобаста ба ташаккули буҷети мустақили ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошад, ки мутаассифона, соли 2017 бо баъзе мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд. Боварӣ дорем, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ он дар соли оянда ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт. Бо назардошти ин, Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич дода мешавад.

Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 — 2020 дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2018, пеш аз ҳама, ба мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати некуаҳволии мардуми кишвар, таъмини бехатарии давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар соҳаҳо равона мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва дохилӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, Буҷети давлатиро бо назардошти афзалиятҳо ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар таҳия намудааст. Сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ дар соли 2018 асосан ба таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, пардохти ҷубронпулӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва идома додани ислоҳот дар ин соҳаҳо равона шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2018 ба 9420,6 млн. сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба соли ҷорӣ 327,3 млн. сомонӣ ва 44,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 3357,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2017- ум 108,6 млн. сомонӣ  афзоиш ёфта, 15,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5 фоизи ММД–ро ташкил медиҳад.

Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи тандурустӣ ба 1550,9 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба соли 2017 ба маблағи 110,2 млн. сомонӣ ё 7,5 фоиз афзоиш ёфтааст ва 7,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Нуқтаҳои дар боло зикргардида шаҳодат медиҳанд, ки дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ диққати махсус дода шудааст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 – 2020- ро ҷонибдорӣ мекунад ва аз шумо,  вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

Латифзода Рустам БАРОТ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодию молиявӣ, барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ кори зиёде ба сомон мерасонад. Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нишондиҳандаҳои сифатии рушди соҳа, пеш аз ҳама, ҳосилнокии зироатҳои кишварзӣ ва маҳсулнокии чорво, ба талаботи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳанӯз ҳам ҷавобгӯй набуда, дастгирии давлатиро, аз ҷумла ҷиҳати таъмини тухмии серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои сермаҳсули чорво, тақозо менамояд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 – 2020 бо мақсади ҳалли масъалаҳои мазкур пешбинӣ гардидани имтиёзҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти ҳама намуди чорвои зотӣ (таъиноти гӯштӣ, ширӣ ва пашмӣ), тухмии элита ва репродуксияҳои навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ тасдиқи сиёсати некбинонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Дар лоиҳа, ҳамчунин дастгирии соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ, муносибатҳои лизингӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст, ки барои пешрафти боғу токпарварӣ, воридоти техникаи нави кишоварзӣ ва ташкили корҳои муборизаи зидди малах имконияти хуб фароҳам меорад. Умеди комил дорем, ки пешниҳоди ин имтиёзҳо солҳои минбаъда низ идома меёбанд ва барои гузоштани заминаи мустаҳками рушди соҳаҳои зотпарварӣ ва тухмипарварӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар баробари ин, пешниҳод мегардад, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳа, дар раванди иҷрои буҷети соли 2018 ва таҳияи буҷети солҳои минбаъда, масъалаҳои зерин ба назар гирифта шаванд:

1.Яке аз омилҳои асосии паст будани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, баландшавӣ ва ноустувории нарх дар бозорҳои дохилӣ камчинӣ ва арзиши баланди нуриҳои минералӣ мебошад. Кишоварзон, албатта, аз ба истифода додани навбати аввали Корхонаи нуриҳои азотии Вахш умеди калон доранд. Дар баробари ин, то ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур, хуб мешуд дар раванди иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2018 масъалаи аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти нуриҳои минералӣ, хусусан нуриҳои минералие, ки дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол намешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

2.Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, ки ҳамчун манбаи асосии молиявӣ барои нигоҳдошт, таъмири ҷорӣ ва сари вақт ба мавсим омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ба ҳисоб мераванд, ба яке аз масъалаҳои мураккаб табдил ёфтааст. Дар натиҷаи ба ҳам мувофиқ набудани нархҳои хизмати обрасонӣ ва неруи барқ ҳар сол даҳҳо миллион сомонӣ қарзҳо ба вуҷуд меоянд, ки сабаби халалдор шудани низоми кори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ба вуҷуд омадани қарзҳои зиёд аз андоз ва неруи барқ мегардад.

Аз тарафи дигар, механизми додани имтиёзҳо барои пардохти неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ бояд мавриди омӯзиш ва коркарди иловагӣ қарор дода шавад, чунки ин механизм имрӯз натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Хоҳишмандем, вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодоти мазкурро дар раванди иҷрои Буҷети давлатии соли 2018 баррасӣ ва то қадри имкон ба инобат гиранд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019- 2020- ро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намудааст дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 аз тамоми имконот истифода бурда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ афзалиятҳо пешбинӣ намояд, ки боиси қаноатмандист.

Дар шароити вазнини солҳои 1996-1997 танҳо дар натиҷаи сиёсати оқилона ва иродаи қавии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик аз нестӣ эмин дошта шуд. Имрӯз, ки Тоҷикистон қадамҳои устувор дар рушди босубот мениҳад, бо назардошти Стратегияи миллии рушд пешниҳод менамоям, ки дар оянда ба соҳаи илм ҳамчун соҳаи стратегӣ назар кунем ва аз роҳбарияти Вазорати молия эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои зиёд кардани маблағгузорӣ ба рушди илм барои солҳои 2019- 2020 маблағ дарёфт намояд. Бе зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба илм ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мушкил мебошад.

Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи масъулини вазоратҳо дар фаъолияти самти беҳбуди зиндагии мардум муваффақият орзу дорам ва аз вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 » овоз диҳанд.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 дар асоси афзалиятҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) муайянгардида, «Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2018» ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,0 фоиз, индекси дефилятори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ — 3,0 фоиз, меъёри таваррум – 7,0 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА – 9,0 сомонӣ дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба маблағи 21 млрд. 3 млн. сомонӣ ё 31,4 фоизи ММД пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба соли 2017 ба андозаи 7,3 фоиз ё 1 млрд. 434,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт равона гардида, рушди ҳамаи маҳалҳои ҷумҳурӣ ва соҳаҳои иқтисодиётро таъмин менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 – 2020 мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, қонун яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: - Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз вазифаҳои муҳими Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул кардани қонун дар бораи Буҷети давлатӣ мебошад. Ба фикрам, моҳияти буҷету таъмини иҷрои он ба ҳама маълум аст. Мақсади асосии ҳамаи сохторҳои идоракунии давлатӣ мусоидат ба болоравии сатҳи некуаҳволии мардум буда, нақши Буҷети давлатӣ дар иҷрои ин вазифа хеле муҳим аст. Пайваста ғанӣ гардонидани буҷет, сол то сол зиёд шудани ҳаҷми он, таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ асоси иҷрои мақсади дар боло зикршуда мебошад.

Таҷрибаи чандинсолаи банақшагирию ташаккули буҷет ва назорати истифодаи маблағҳои он нишон медиҳад, ки ғанигардонии буҷет, иҷрои саривақтии он, истифодаи самараноки маблағҳо на танҳо аз Вазорати молия, балки аз вазорату сохторҳои дигар, ба монанди Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, бонкҳо, сохторҳои назоратӣ, вазорату кумитаҳои истифодабарандагони маблағҳои буҷетӣ низ вобаста аст. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии буҷет ва тақсиму истифодаи маблағҳо ҳамоҳангӣ дар кори ин сохторҳо ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ таъмин карда шавад.

Албатта, барои таъмини иҷрои буҷети қабулшуда зарур аст, ки ҳамаи сохторҳо, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ самаранок фаъолият намоянд. Бояд иқтидори корхонаю субъектҳои фаъолияткунанда пурра истифода шуда, корхонаю ҷойҳои кории нав ташкил шаванд. Сохторҳои назоратӣ самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро пайваста санҷида, нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳо андешанд.

Кумитаи андоз бояд ба сохтори дастгирикунандаи соҳаи соҳибкорӣ мубаддал шавад. Барои ин низоми баҳисобгирии амалиёт, мошинҳои назоратӣ дар нуқтаҳои фурӯш, ҷаримаҳои вазнин барои онҳое, ки андозҳоро намесупоранд, муайян карда шаванд.

Дар муносибат ба баррасии лоиҳаи буҷет дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйирот ворид кардан зарур аст. Чандин сол аст, ки вакилон талаб мекунанд муҳлати пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар карда шавад, то тавонем онро пурраю ҳаматарафа баррасӣ кунем.

Фикр мекунам, баъди татбиқи лоиҳаҳои зиёд дар самти идораи молияи давлатӣ, таҷҳизонидани вазорат бо техникаю методикаҳои нави банақшагирии буҷет имкон аст, ки тағйироти зарурӣ ба қонуни дахлдор ворид карда, муҳлати пешниҳоди лоиҳаи буҷет ба моҳҳои пештар оварда шавад.

Ташаккур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳама вазорату идораҳо, ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳия, баррасӣ ва қабули қонуни буҷет фаъолона иштирок доштанд.

Акнун ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар интегратсияи иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, дар робита ба ин дар ҷумҳурӣ ислоҳоти молиявию иқтисодӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин самт идоракунии самараноки қарзи давлатӣ хеле муҳим буда, он дар доираи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017» амалӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунаи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида, имрӯз ҷалби қарзҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини рушди афзалиятҳои муҳими иқтисодӣ, ки он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ равона мегарданд.

«Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2020» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» таҳия гардида, ба баррасии шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, пешниҳод шудааст. Мақсади барнома, пеш аз ҳама, баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барномаи мазкур 70 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 96 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳои амалкунанда аз рӯи барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2017 – 352,2 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Азхудкунии маблағҳо то охири соли 2017 — 623,78 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 123,8 млн. доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби евробондҳо 500 млн. доллари амрикоӣ (9,7 фоизи ММД) ба нақша гирифта шудааст (500 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби евробондҳо аллакай аз худ гардидааст).

Аз ҷумла, дар соли 2018 – 196,5 млн. доллари амрикоӣ (2,6 фоизи ММД), дар соли 2019 – 295,9 млн. доллари амрикоӣ (3,8 фоизи ММД) ва дар соли 2020 – 354,7 млн. доллари амрикоӣ (4,3 фоизи ММД) пешбинӣ гардидааст.

Ба Барнома қарздиҳандаҳои зерин дохил карда шудаанд:

- Бонки Умумиҷаҳонӣ – 29 созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо 19 созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 5,5 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Бонки Осиёгии Рушд – 22 созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо 18 созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 0,27 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Бонки Исломии Рушд – 29 созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо 21 созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 44,36 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Хазинаи Саудии Рушд – 10 созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо шаш созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин Хазина 21,82 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Хазинаи Кувайтии Рушд — шаш созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо се созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин Хазина 28,01 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Хазинаи Абузабӣ — ду созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин Хазина 11,99 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Хазинаи Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт — чор созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин ниҳод 21,54 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 42 созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо 18 созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 28,46 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- «Эксимбонк»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой — панҷ созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо ду созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 165,23 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ — чор созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо ду созишнома мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 5,00 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Хазинаи Зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии Евразия — ду созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 20,00 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;

- Хазинаи Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ — як созишномаи қарзии амалкунанда;

- Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохторӣ — ду созишномаи қарзии амалкунанда;

- Хазинаи Иқлими Сабз — як созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

- Лоиҳаҳое, ки бояд ҳаммаблағгузорӣ шаванд, — ҳафт созишномаи қарзӣ, ки аз ҷумлаи онҳо шаш созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Барнома аз рӯи тақсимоти соҳаҳои иқтисодиёт ба тариқи зерин таҳия шудааст:

- Бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия 20 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаҳои ирригатсионӣ ва обёрии заминҳо равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 30,05 млн. доллари ИМА ё 8,5 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахши тандурустӣ шаш лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки асосан ба рушди рукни ибтидоӣ ва заминавии тандурустӣ равона шудаанд;

- Бахши маориф 11 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба дастгирии рушди бахши маориф, сохтмон ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ равона шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 23,4 млн. доллари ИМА ё 6,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахши энергетика ва саноат 29 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқароркунии инфра­сохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 155,99 млн. доллари ИМА ё 44,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахши нақлиёт ва коммуникатсия 45 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 115,23 млн доллари ИМА ё 32,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 32 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқарорсозии системаи обрасонӣ ва идораи партовҳои сахт равона шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 7,23 млн. доллари ИМА ё 2,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахши идоракунии давлатӣ 13 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии буҷет ва мукаммалгардонии молияи давлат равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 20,0 млн. доллари ИМА ё 5,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахши ҳифзи иҷтимоӣ як лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 0,27 млн. доллари ИМА ё 0,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- Бахше, ки ба дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар дохил намешавад, 9 лоиҳаи қарзӣ барои ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусиро фаро мегирад, ки мавриди баррасӣ қарор доранд.

Боварии комил дорем, ки тат­биқ намудани Барномаи мазкур ба вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад намуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, ки «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

РАҶАБОВ Сафаралӣ Худоёрович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

«Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод шудааст.

Барномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии он дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» муайян карда шудаанд, мутобиқат мекунад.

Мақсади асосии барнома баланд бардоштани самаранокии назорат, ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҷамъшавии беасоси қарзҳои беруна мебошад. Барнома 166 лоиҳа, аз ҷумла 70 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 96 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Қарзгиранда аз рӯи қарзҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизматрасонӣ ва баргардонидани қарзҳоро субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ менамоянд. Ҳамаи қарзҳои зикршуда ба меъёрҳои имтиёзнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамоянд. Барномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вакилони муҳтарам! Моҳияти «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» — ро вазири молия ва намояндаи кумитаи масъул бароятон шарҳ доданд. Чунончӣ медонед, имрӯз кишварҳо, ҳатто давлати пурқуввату рушдкарда, барои амалӣ намудани нақшаву ҳадафҳояшон аз қарзҳои беруна истифода менамоянд.

Қариб аксарияти лоиҳаҳое, ки дар ҷумҳуриамон татбиқ мешаванд, бо ҷалби қарзи беруна амалӣ мегарданд. Қарзҳои беруна бо меъёрҳои имтиёзнок гирифта ва барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Бинобар ин, масъалаи мазкур ба баррасии шумо пешниҳод гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ