Муҳокимаи парламентӣ

Чаро иҷрои буҷет ва назорати истифодаи маблағҳои давлатӣ мувофиқи матлаб нест?

№138 (3618) 08.11.2016

DSC_03943 ноябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 дар 9 моҳи соли 2016» баргузор гардид, ки дар он масъулони вазорату идораҳои дахлдор низ иштирок доштанд.

Тавре Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, дар шароити имрӯз манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин  намояд, Буҷети давлатӣ мебошад. Дар ин замина, вазифаи мақомоти аз буҷет  маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд. Дар татбиқи сиёсати буҷет баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ муҳим буда, дар доираи  стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ арзёбии натиҷаҳои истифодаи захираҳои буҷетӣ масъалаи афзалиятнок ба шумор меравад.

Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода қайд намуд, ки вазъи ногувори иқтисодиёти кишварҳои шарики иқтисодӣ, бахусус Федератсияи Россия, боиси коҳиши интиқоли маблағ ва гардиши савдои хориҷӣ гардида, ба иҷрои Буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷа, иҷрои Буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ  97 фоиз ва ҳаҷми он  12567,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 387,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Ин давра мақомоти андоз нақшаи даромади буҷетро 99,6 фоиз таъмин намуда, ба он 6164,4 млн. сомонӣ ворид намуд, ки нисбат ба нақша 24,7 млн. сомонӣ кам мебошад. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2683,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки 87,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақша 378,2 млн. сомонӣ кам аст. Нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 89,5 фоиз таъмин гардида, ба он 1015,0 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 121,9 млн. сомонӣ кам мебошад.

Дар давраи зикршуда нақшаи 9 намуди андоз ба маблағи 802,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз даромад – 111,2, андоз аз фоида – 17,3, андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ – 121,9, андоз аз арзиши иловашуда 321,1, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – 89,2, аксизҳои берунӣ – 48,0, боҷи гумрукӣ – 88,7, андоз аз воситаҳои нақлиёт – 1,4 ва боҷи давлатӣ – 3,7 млн. сомонӣ таъмин нагардид. Бақияпулиҳо нисбат ба аввали сол 125,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, ба 828,4 млн. сомонӣ баробар гардид.

24 шаҳру ноҳия иҷрои нақшаи қисми даромади Буҷети давлатиро аз рӯи контингенти умумии даромадҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 370,6 млн. сомонӣ таъмин накарданд. Сармоягузориҳои асосии мутамарказ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 2395,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, маблағгузории он 2135,1 млн. сомонӣ (89,0 фоиз) таъмин гардид.

Маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ 5,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки 84,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 94,0 фоиз таъмин гардида, 3490,1 млн. сомонӣ маблағ­гузорӣ шудааст, ки нисбат ба нақша 228,3 млн. сомонӣ кам мебошад.

Мувофиқи маълумоти омории мақомоти гумрук, гардиши савдои хориҷӣ 2850,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (3140,4 млн. доллари ИМА)  290,2 млн. доллари ИМА кам мебошад. Сабаби асосии таъмин нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, махсусан коҳишёбии воридоти мол арзёбӣ  мегардад. Аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 3728 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор ва дар натиҷаи баррасии 3689 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 3453 нафар шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 5833,4 ҳазор сомонӣ пардохти гумрукӣ ва 6013,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ворид шуд.

Зимни санҷиши раванди таъину пардохти нафақа аз рӯи маъюбӣ 232 ҳолати нодуруст таъин ва бозҳисобӣ гардидан ошкор шуд, ки аз ин дар 126 ҳолат ба маблағи 54,8 ҳазор сомонӣ нафақа зиёд ва дар 106 ҳолат ба маблағи 12,2 ҳазор сомонӣ нафақа кам таъин ва бозҳисобӣ шудааст. Ҳамчунин, дар корхонаву ташкилотҳо ба маблағи 163,1 ҳазор сомонӣ нодуруст хароҷот гардидани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ошкор шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 959 санҷиши молиявӣ гузаронида, 284,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кард.

Аз бемасъулиятии бархе аз роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ 15,7 млн. сомонӣ маб­лағи буҷетӣ ғайримақсаднок истифода шудааст.

Дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ тафтиши раванди ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шуд, ки 520 идораву ташкилоти буҷетиро фаро гирифта, дар натиҷа 50,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтиву сифатноки Буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағ­ҳои он Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ 432 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро 71332 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.

- Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили иҷрои буҷет нишон медиҳад, ки вобаста ба бад шудани вазъи иқтисодӣ қисми даромади он иҷро нагардидааст. Иҷрои қисми хароҷот низ дар сатҳи паст қарор дорад. Санҷиши сохторҳои дахлдор шаҳодат медиҳад, ки маблағҳои буҷетӣ пурра самаранок истифода намешаванд. Бинобар ин, масъулинро мебояд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешанд, — хулоса намуд Ш. Раҳимзода.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иброз дошт, ки ба иқтисодиёти кишвар дар нуҳ моҳи сол зиёда аз 13,1 млрд. сомонӣ равона гардид, ки 90,8 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад. Хароҷот аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ — 9,2 млрд. сомонӣ, маблағҳои махсус — 1,3  ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ – 2,6 млрд. сомониро ташкил дод. Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 94,0 фоиз таъмин гардида, 3490,1 млн. сомонӣ маблағ­гузорӣ шуд. Сабаби пурра маблағгузорӣ нагардидани нақшаи қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ, аз як тараф таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади буҷет, аз тарафи дигар, ҷиҳати пешгирӣ намудани хавфҳои фискалӣ маҳдуд кардани ҳар гуна хароҷоти бесамар ва дуюмдараҷа, аз ҷумла сохтмони иншооти хизматрасонию фароғатӣ, хариди мебел, таҷҳизот, мошинҳои хизматӣ ва ғайра мебошад.

Ба андешаи ӯ, ноустувории низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба пешгирӣ намудани таъсири манфии омилҳои беруна омода ва иқтидорҳои мавҷударо самаранок истифода бояд намоем.

Сипас, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода гуфт, ки новобаста аз он ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,7 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ рушди минбаъдаи истеҳсолот таъмин гардида бошад ҳам, таъсири манфии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба пурра фаъолият накардани корхонаҳои калон, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана, кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар баъзе корхонаҳо ва коргоҳҳо сабаб гашта, ба коҳиш ёфтани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ вобаста ба паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми муомилоту даромади умумии корхонаҳо ва бо зарар ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2015 ва мутаносибан коҳиш ёфтани ҳаҷми андозҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи онҳо оварда расонид.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба ин назар аст, ки сабаби асосии таъмин нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, махсусан воридоти мол мебошад. Чунончӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба ҷумҳурӣ воридоти қатораҳо 4879 ва воситаҳои нақлиёти бордор 5463 адад кам шудааст.

Дар баробари ин, ба иҷро нагардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, камчинии асъори хориҷӣ, фаъолияти мавсимии гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти транзити молҳо тавассути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба вазъи ноороми ин кишвар ва гарон будани тарифҳои транзитӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  таъсири бад расониданд.

Ҳамин тариқ, имтиёзҳои гумрукию андозии тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ пешниҳодшуда, 64,3 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуд. Аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёти дар низоми гумрукии «иҷозат барои муомилоти озод» воридшуда танҳо 35,7 фоизи он (686,0 млн. доллари ИМА) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳои тариқи имтиёзнок ба расмияти гумрукӣ даровардашуда 1273,3 млн. доллари амрикоиро ташкил кард.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмудинов гуфт, ки дар раванди иҷрои қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳоло ҳам камбудиҳо ба назар мерасанд, ки барои рушди устувори соҳа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин аст, ки қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,2 фоиз таъмин шуда, 209,2 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Барои дар оянда роҳ надодан ба ин камбудиҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таҳлилҳои асоснок гузаронида, баҳри таъмини пардохти нафақа чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

- Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ намудани пардохти нафақа ба нафақагирони фавтида, нафақагироне, ки ба дигар давлатҳо кӯчида рафтанд ё дар ҷойи истиқомати доимӣ зиндагӣ намекунанд, корҳои муайян ба анҷом расида истодаанд, — афзуд С. Наҷмудинов.

Қабл аз интиҳо ба саволҳои муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Акрамшо Фелалиев, вакилон Мавзуна Шарофиддинова, Мирзодавлат Сабурзода, Шарофиддин Сироҷов, Тоҳир Ҷобирзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Зуфар Исмоилзода, Баҳром Абдуалимов, Амрихудои Дамдор, Ҳаёт Одинаев, Гулбаҳор Ашурова, Гулбаҳор Назирӣ роҳбарони вазорату идораҳои марбута посух доданд.

Инчунин, намояндагони мардумӣ Ҳокимҷон Холиқов, Рустам Қудратов, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Қиёмиддин Миралиён роҷеъ ба масъалаи баррасишуда андешаронӣ карданд.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса шуд, ки раванди иҷрои буҷет дар нуҳ моҳи соли 2016, назорати истифодаи маблағу воситаҳои давлатӣ дар вазорату идора ва ташкилотҳои буҷетӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, аз рӯи масъалаи баррасигардида қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо ба мақомоти дахлдор фиристода хоҳанд шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ