Хониши вакилӣ

Чаро соҳибкорон фаъолиятро қатъ менамоянд?

№53 (3533) 23.04.2016

Ба ин ва беш аз 40 саволи вакилони Маҷлиси намояндагон роҳбарону масъулони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфтанд

DSC_124520 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор хониши вакилӣ  «Оид ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Барои баррасӣ масъ­алаи мубрами рӯз — қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки дар ин самт мушкилиҳои зиёд ҷой доранд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «Мақомоти андозӣ ва гумрукӣ дар ҳаёти ҳар як давлати мустақил аҳамияти фавқулода дорад. Фаъо­лияти самаранокии ин мақомот яке аз сарчашмаҳои асосии воридот ба хазинаи кишвар буда, муносибатҳои молиявии фаъолияти соҳаҳои мухталифи давлатро таъмин месозад». Воқеан ҳам, рушди иқтисодиёт маҳз аз чӣ гуна амал кардани низоми андоз вобаста аст. Фароҳам овардани системаи андози адолатнок ва самаранок таъмину таҳким бахшидани саҳеҳии он, пешбининамоӣ ва муътадилии он шарти муҳимтарини вусъат бахшидани фаъолияти истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат ба шумор меравад, — гуфт дар оғоз Азизӣ А. А.

Сипас, сухан ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Пулодҷон Султон дода шуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт:

- Мақомоти андози ҷумҳурӣ дас­турҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш карданд дар семоҳаи якуми соли 2016 вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» таъмин созанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2016 нақшаи андоз ва дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ 101,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1 млрд. 937,5 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 1 млрд. 975,0 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 37,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи воридот ба Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 669,6 млн. сомонии пешбинишуда зиёда аз 685,0 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 15,4 млн. сомонӣ бештар мебошад.

Иҷрои нақшаи воридоти андоз ва пардохтҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар семоҳаи якуми сол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  121,7 фоиз, вилояти Хатлон – 108,7, вилояти Суғд – 102,5, шаҳри Душанбе –  92,9 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 109,5 фоиз таъмин шуд.

Маблағи бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо то 1 марти соли 2016-ум 754,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол  51,7 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар семоҳаи якум аз тарафи мақомоти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо 922 қарор ба маблағи умумии 97,4 млн. сомонӣ қабул шуда, аз ҳисоби ин қарорҳо то 1 апрели соли 2016-ум 33,9 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2015 қабулгардида, ки иҷрои онҳо дар соли 2016 идома доштанд, ба Буҷети давлатӣ 36,5 млн. сомонӣ ворид шуд.

Дар маҷмӯъ, аз ин ҳисоб то 1 апрели соли 2016 тибқи тартиби ғайрисудӣ ба буҷет 70,4 млн. сомонӣ ворид гардид.

 

 

 

Ҳамзамон, то 1 апрели соли 2016 тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо 229  аризаи даъвогӣ ба маблағи умумии 92,2 млн. сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ ва умумӣ қарор дода, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби баҳсҳои судие, ки дар солҳои 2014 – 2015 ба манфиати буҷет анҷом ёфтаанд, 8,4 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шуд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ 5594 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 32,8 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 24,7 млн. сомонӣ ворид шуд.

Мутаассифона, ҳоло ҳам ҳолатҳои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор пинҳонкунии объектҳо ва манбаъҳои андозбандӣ, саркашӣ намудан аз ҳисобу пардохти андозҳо зиёданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 1700 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардида, онҳо расман ба қайд гирифта, бо патент ва шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин шуданд.

Инчунин, дар рафти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ 186 ҳолати бе қайди мақомоти андоз аз тарафи шахсони воқеӣ ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул ва дар ҳисоботҳо нишон надодани 718 нафар коргарони кироя ошкор шуд. Дар рафти санҷиш камбудиҳои ошкоршуда бартараф гардида, нисбат ба шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳдода дар маҷмӯъ 1785 протокол оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба маблағи зиёда аз 3,2 млн. сомонӣ тартиб дода, дар ҳаҷми зиёда аз 3,7 млн. сомонӣ андоз бар илова ҳисоб ва 2,8 млн. сомонии он рӯёнида шудааст.

Гузаронидани санҷишҳо самти муҳими фаъолияти мақомоти андоз маҳсуб шуда, дар натиҷаи онҳо на танҳо ҳолати аз ҷониби андозсупорандагон риоя шудани қонунгузории андоз муайян мегардад, балки барои минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои андоз, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии андозсупорандагон ва сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо заминагузорӣ мешавад.

Дар семоҳаи якуми соли 2016 нисбат ба андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунӣ ва пинҳонкунии андоз ба маблағи калон роҳ додаанд, барои чораҷӯии минбаъда ва қабул намудани қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 94 маводи санҷишӣ ба маблағи 76,1 млн. сомонӣ фиристода шудааст.

Сипас, нотиқ таваҷҷуҳи вакилонро ба масъалаи маблағи пешпардохти андозҳо, ки дар атрофи он вақтҳои охир андешарониҳои гуногун баён мегарданд, ҷалб карда, аз ҷумла гуфт:

- Нахуст бояд қайд кард, ки низоми пешпардохти андоз дар аксар кишварҳо истифода гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала истисно намебошад. Умуман, ҳангоми баҳисобгирии воридоти маблағҳо ба Буҷети давлатӣ ҳолатҳои пешпардохти маблағи андозҳо ҷой дошта, барои ба миён омадани онҳо якчанд омил таъсир мерасонад.

Пеш аз ҳама, тибқи муқаррароти моддаи 59 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда ҳуқуқ дорад уҳдадории андозии худро пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро намояд. Дар чунин ҳолат, яъне ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда пеш аз муҳлат иҷро гардидани уҳдадории андоз, то лаҳзаи тибқи муҳлатҳои муайяншуда пешниҳод шудани ҳисоботи андоз, дар ҳисобварақаи андозсупоранда маблағи изофапулӣ ба вуҷуд меояд.

Масалан, тибқи муқаррароти моддаи 295 Кодекси андоз муҳлати пешниҳоди эъломияи андоз тибқи низоми соддакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд ва пардохти маб­лағи он семоҳа муқаррар гардидааст. Аммо, як қисмати андозсупорандагон муҳлати семоҳаро интизор нашуда, ҳар моҳ маблағи эҳтимолии моҳонаро ҳисоб ва пардохт менамоянд. Зеро якбора пардохтани маблағи семоҳа метавонад барои онҳо гаронӣ оварад ва дар баробари ин, тартиби мазкур имкон медиҳад, ки нақшаи ҳармоҳаи воридоти маблағҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ мунтазам моҳ ба моҳ иҷро гардад. Дар натиҷаи моҳ ба моҳ пардохтани маблағи андоз тибқи низоми соддакардашуда дар ҳисобварақаи андозсупоранда изофапулӣ асосан дар доираи уҳдадории моҳона, ки андозсупоранда худаш ҳисобот мебарад, ба вуҷуд омада, баъд аз фаро расидани муҳлати пешниҳоди эъломия маблағи пешпардохти андоз бо маблағҳои ҳисобшуда баробар гардида, изофапулии андоз пӯшонида мешавад. Тибқи нишондиҳандаҳо маблағҳои мазкур ҳармоҳа аз 15 то 18 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Тибқи талаботи боби 30 Кодекси андоз маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус аз тарафи ширкатҳое, ки ба воридоти молу маҳсулот машғуланд, пардохт карда мешавад, бо пешниҳод намудани эъломия ба мақомоти андоз ҳамчун изофапулӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Маблағи бештари пешпардохти андоз аз арзиши иловашуда асосан аз ҳамин ҳисоб мебошад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 172 ва 173 Кодекси андоз маблағи андоз аз арзиши иловашудаи ҳангоми содироти молҳо аз ҷониби молсодироткунандагон бо меъёри сифрӣ андозбандӣ шуда, дар мақомоти андоз  ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар сурати бо меъёри сифрӣ ба ҳисоб гирифта шудани муомилоти андозбандишаванда ҳангоми пешниҳоди эъломия (сатри В қисми 2), дар ҳисобварақаи андозсупоранда маблағи изофапулӣ ба вуҷуд меояд, ки тибқи талаботи қисми 1 моддаи 191 Кодекси андоз ва тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 №175 «Дар бораи тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда», аз буҷети дахлдор ба андозсупоранда баргардонида мешавад.

Дар соли 2015 маблағи изофапулии дар натиҷаи содироти мол бамиёномада ва баргардониданашуда зиёда аз 7,6 млн. сомониро ташкил менамояд, ки барои баргардонидани 5,3 млн. сомонии он ба Вазорати молия хулоса пешниҳод шудааст.

Ҳолати дигаре, ки боиси дар ҳисобварақаи андозсупоранда ба вуҷуд омадани маблағи изофапулӣ мегардад, ин пардохтҳои ҷории андози фоида ба ҳисоб меравад.

Мутобиқи талаботи Кодекси андоз супорандагони андоз аз фоида вазифадоранд, ки на дертар аз 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пардохтҳои ҷории ҳармоҳаро ба буҷет анҷом диҳанд.

Ҳамзамон, тибқи Кодекси андоз супорандагони андоз аз фоида, то 10 апрели соли баъд аз соли ҷамъбасти фаъолият, ҳисоби ниҳоии андоз аз фоидаро анҷом медиҳанд ва эъломияи ниҳоӣ пешниҳод менамоянд ва бо сабаби кам гирифтани фоида ё маблағи зарар нисбат ба фоидаи соли қаблӣ, маблағи пешпардохт ва ё уҳдадории андозсупоранда дар назди буҷет муайян мешавад. Баъд аз пешниҳоди эъломияи ниҳоӣ ва гузаронидани ҳисоббаробаркунии маблағи ҷории қаблан пардохташуда, дар ҳисобварақаи андозсупоранда аз ҳисоби пардохтҳои ҷорӣ маблағи изофапулӣ ба вуҷуд меояд.

Дар чунин ҳолат маблағҳои изофа пардохтшуда аз ҳисоби андозҳои ҳисобшудаи давраҳои оянда дар ҳисобварақаи андозсупоранда моҳ ба моҳ ҳисоббаробаркунӣ гардида, изофапулии ба вуҷуд омада пӯшонида мешавад. Ҳамин тариқ, дар як давраи муайян аз ҳисоби пардохтҳои ҷории андози фоида маблағи пешпардохт ба миён меояд.

Роҳбарияти Кумитаи андоз масъалаи мазкурро зери назорат қарор дода, мақомоти андозро вазифадор кардааст, ки ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда, ба дигар ҳолатҳои ба миён омадани пешпардохт роҳ надиҳанд.

Вақтҳои охир вобаста ба беҳтар гардидани корҳои назоратӣ дар қисмати андозбандии истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ доир ба тартиби дуруст ҳисоб намудани маблағи бонусҳо, муҳлат ва даврияти пардохти онҳо, татбиқи дурусти қонунгузорӣ дар давраи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ то бастани қарордод ва ғайраҳо, дар фаъолияти як қатор истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ қонунвайронкуниҳои андоз ошкор гардида, миёни онҳо ва мақомоти андоз баҳсҳоро ба миён овард, ки дар натиҷа субъектҳои алоҳида ба Кумитаи андоз, дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҳатто воситаҳои ахбори омма муроҷиат намуда истодаанд.

Ин масъаларо шарҳ дода, П. Юсуфӣ таъкид дошт, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ субъектҳои хоҷагидоре, ки мехоҳанд ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ машғул шаванд, пас аз ба даст овардани иҷозатномаи дахлдор, бояд бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор (оид ба пардохти андозҳо, аз он ҷумла, меъёри бонуси обунавӣ) қарордод банданд. Сари вақт қарордод набастани андозсупоранда маънои вайрон намудани қонунгузории андозро дошта, мутаносибан боиси ба Буҷети давлатӣ ворид нагардидани маблағи андозҳо ва пеш аз ҳама бонуси обунавиро дорад.

Дар чунин ҳолат мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар асоси банди 3 моддаи 221 Кодекси андоз, нисбат ба чунин субъектҳо меъёрҳои секаратаи бонусҳо ва роялти барои истихроҷро татбиқ намояд. Татбиқи муқаррароти мазкур боиси норозигии  андозсупорандагоне шуда истодааст, ки худи онҳо бар хилофи қонунгузорӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида қарордод набастаанд.

Бояд махсус таъкид намуд, ки сарватҳои зеризаминӣ моликияти истисноии давлат буда, хусусияти барқарорнашавандаро доранд ва мантиқан дуруст аст, ки давлат дар шакли бонусҳо ва роялти бояд ба истифода додани моликияти барқарорнашавандаи худро ҷуброн намояд.

Дар ҷумҳурӣ маблағи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин» ҳисоб карда мешавад.

Дар асоси маълумоти дастрасгардида, дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои 1 тонна тилло ба маблағи 41 доллари ИМА ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба ҳаҷми кон аз 229 то 15 000 доллари ИМА бонуси обунавӣ пардохт карда мешавад, ки он дар асоси файзнокӣ, ҷойгиршавӣ ва хароҷот барои азхудкунии кандании фоиданок муайян мегардад. Бонуси кашфи тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои 1 тонна тилло ба маблағи 4100 доллари ИМА, дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои 1 тонна тилло ҳамагӣ 410 доллари ИМА- ро ташкил медиҳад.

- Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳсу муҳокимарониҳои баъзе коршиносону рӯзноманигорон қарор дорад бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор ва қатъи фаъолияти онҳо мебошад, — иброз намуд Пӯлодҷон Юсуфӣ ва онро чунин тавзеҳ дод: — Дар се моҳи соли 2016- ум 11 844 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ бо дарназардошти субъектҳои дар ҳамин давра фаъолияташон қатъшуда, нисбат ба 1 январи соли 2016 ба андозаи 4 763 адад афзоиш ёфтааст.

Аз рӯи маълумоти таҳлилӣ, дар навбати аввал сабаби қатъ намудани фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, ин сода намудани расмиёти бақайдгирии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, бо ҷорӣ намудани бақайдгирии давлатӣ тибқи «Равзанаи ягона» на танҳо тартиби бақайдгирии давлатии оғози соҳибкорӣ, балки тартиби қатъи фаъолияти соҳибкорӣ низ сода ва осон гардидааст, ки дар натиҷа соҳибкор метавонад аз як тараф соҳибкории худро бо осонӣ ба қайд гирад ва аз тарафи дигар дар сурати иҷро нагардидани нақшаҳои пешгузошта, онро ба осонӣ қатъ намояд.

Сабабҳои дигари қатъшавии фаъолияти соҳибкорон дар он мебошад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ аз тарафи Кумитаи андоз рӯз то рӯз зиёд гардида, дар натиҷаи гузаронидани чунин корҳо, ҳолатҳои зиёди бефаъолият будани соҳибкорон, хусусан соҳибкорони тибқи патент ва шаҳодатнома амалкунанда ё ин ки бо дигар мақсадҳо ба даст овардани патент ва шаҳодатнома, яъне бидуни мақсадҳои соҳибкорӣ гирифтани патент ва шаҳодатнома, бениҳоят зиёд ошкор шуда истодаанд.

Муқоисаи нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташонро қатъ намудаанд, дар соли 2015 ҳамагӣ 2,7 фоизи субъектҳои фаъолияткунанда ва дар семоҳаи аввали соли 2016 ҳамагӣ 2,5 фоизи субъектҳои фаъолияткунандаро ташкил медиҳанд.

Омӯзиш ва таҳлили нақшабандӣ ва воридоти андози ягона дар солҳои охир муайян намуд, ки новобаста аз он, ки ҷамъоварии воқеии ин намуди андоз сол то сол нисбатан зиёд шуда бошад ҳам, вазни қиёсии он дар ҳаҷми умумии воридоти андозҳо тамоюли пастравиро дорад. Дар ин бора нотиқ мисолҳои мушаххас оварда, аз ҷумла чунин гуфт:

- Масалан, агар, дар соли 2009 вазни қиёсии андози ягона дар ҳаҷми умумии воридоти андозҳо 2,5 фоизро ташкил намуда бошад, пас ҳиссаи ин намуди андоз дар солҳои 2014-2015 ба 1,1 фоиз баробар гаштааст. Мутаносиб ба ҳаҷми афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш наёфтани ҳаҷми воридоти маблағҳо аз ҳисоби андози ягона ба он алоқаманд аст, ки тибқи қонунгузории андоз манбаи андози ягона масоҳати замин ба ҳисоб рафта, ҳангоми ҳисоб намудани он ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба инобат гирифта намешавад.

Агар ба раванди ҷорӣ гардидани ин намуди андоз назар кунем, соли 2002 вақте ки бори аввал мафҳуми андози ягона ба Кодекси андоз ворид гардид, вазъи иҷтимоии мамлакат дар ҳолати на чандон хуб қарор дошт ва бо ин восита яъне, сода намудани андозбандии хоҷагиҳои кишоварзӣ маъмурикунонии андози мазкур ва аз ҳама муҳим ҷиҳати баланд бардоштани некуаҳволии мардум пешбинӣ шуд. Дар он давра меъёри андози ягона ба меъёри ҳашткаратаи андози замин баробар буда, ба андозсупорандагон сабукиҳо дар шакли муқаррар шудани пардохти устувор, набурдани ҳисобу китоби муҳосибӣ ва озод намудан аз андозҳои маҳаллӣ ва як қатор андозҳои дигар муқаррар гардид.

Имрӯза меъёри ин намуди андоз се чор маротиба коҳиш ёфта, дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба меъёри дукаратаи андози замин баробар шудааст.

Дар соҳаи кишоварзӣ масъалаҳое ҳастанд, ки ҷамъоварии андози ягонаро мураккаб сох­таанд. Кумитаи андоз бо дарназардошти баррасии пешниҳодҳои вазорату кумитаҳои марбута ва таҳлилу омӯзишҳо оид ба тартиби амалкунандаи андозбандии хоҷагиҳои кишоварзӣ лоиҳаи қонуни дахлдорро таҳия намуда, ба Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод намудааст.

Дар сурати дасгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур 70-75 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии хурд метавонанд андози замин, андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро бо меъёри устувор ва тартиби сода дар як сол як маротиба пардохт намоянд.

Инчунин, қабули лоиҳаи мазкур хоҷагиҳои деҳқониеро, ки қитъаҳои нисбатан калонтари замин доранд, водор менамояд, ки тартиби содакардашудаи ҳисобдории муҳосибӣ ва хоҷагиҳои аз он ҳам калонтар тартиби умумии ҳисобдориро пеш баранд.

Бо мақсади рушди маъмурикунонии андоз, бо назардошти таҷрибаи пешқадаму бисёрсолаи ҷаҳонӣ дар самти ислоҳоти соҳаи андоз тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 таҳти №626 «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз» қабул гардида, ҷиҳати татбиқи пурраи амалии он бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ Лоиҳаи ислоҳоти маъмурикунонии андоз таъсис дода шудааст. Дар охири соли 2015 ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати омӯзиши рафти татбиқи Лоиҳаи мазкур дар давраи миёнамуҳлат ба Душанбе ташриф оварда, ба самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз оид ба гузаронидани ислоҳот дар ин давра, аз ҷумла, беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо, такмил додан ва васеъ намудани омӯзиши кормандони мақомоти андоз (аз ҷумла, таъсис додани марказҳои таълимӣ дар вилояти Суғд, минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон), омода гардидани инфрасохтори Маркази коркарди маълумотҳо, ба роҳ мондани ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ва ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, тақвият бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ бо истифодаи Маркази иттилоотӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ, ташкил намудани Шӯрои апеллятсионӣ оид ба баррасии муроҷиатҳои андозсупорандагон нисбат ба баҳсҳо бо мақомоти андоз, умуман беҳтар гардидани ҳолати пардохти андозҳо дар маҷмӯъ баҳои мусбат дод.

Тибқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» мавқеи Тоҷикистон доир ба ҳолати пардохти андозҳо дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 15 банд болотар гашта, илова бар он, шумораи соатҳое, ки ҷиҳати риояи қонунгузории андоз сарф мешаванд, 15 соат камтар гаштааст.

- Ин дастовардҳо қадамҳои аввалин буда, мутаассифона, ҳоло ҳам дар соҳа камбудиҳо кам нестанд. Аз ҷумла, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз, беҳтар ба роҳ мондани корҳои назоратӣ дар фаъолияти андозсупорандагон, кам намудани омилҳои коррупсионӣ ва қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти кормандони мақомоти андоз вуҷуд доранд.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки мақомоти андоз имкон надорад, ки дар доираи ваколатҳои худ масъалаҳои мавҷударо пурра ҳал намояд. Бинобар ин, ҷиҳати ҳалли бисёр масъалаҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ ва дастгирии вазорату идораҳои дахлдор, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва албатта вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ зарур ва муфид мебошад, — гуфт дар поёни маърӯза Пӯлодҷон Юсуфӣ.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Оқилзода, А. Ғаффоров, О. Сафаров, Р. Латифзода, Б. Авзалшоева, Д. Мансурова, Х. Абдуназар, А. Қобилов, М. Қаландарзода, Ҳ. Қурбонзода, Т. Ҷобирзода, А. Раҳмонзода, З. Сафаров, П. Муҳиддиниён, С. Усмонзода, М. Ахмедов ва Ҷ. Муртазоқулов ба саволҳои худ роҷеъ ба меъёри супоридани андоз барои муассисаҳои таълимӣ, андоз аз арзиши иловашуда, қонунгузории вобаста ба замин, кам шудани шумораи андозҳо, тартиби андозбандӣ, фаъолияти истифодабарандагони чарогоҳҳо, номувофиқии рақамҳои омории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти теъдоди хоҷагиҳои кишоварзӣ, имтиёзҳои андозӣ дар самти воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ, назорати нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, андозсупорандагони бемасъулият, имтиёзҳои андозӣ ба фаъолияти соҳибкории нав ба роҳ мондашуда, истифодаи мошинаҳои назорати хазинавӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти мақомоти андоз аз  масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор  зимни ҷамъбасти хониши вакилӣ изҳори умед намуд, ки он ҷиҳати муайян намудани роҳу усулҳои беҳтар намудани механизмҳои ҷамъоварии андоз ва масъалаҳои вобаста ба андозбандии субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар кишвар натиҷаи мусбат дода, барои татбиқи сиёсати ягонаи андозӣ ба мақомоти марбутаи кишвар кумак хоҳад расонд.

Зимни баррасии масъалаи зикршуда роҳбарон ва масъулони Палатаи ҳисоб, Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ иштирок карданд.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».  Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ