Чоряк аср муқаддам Шӯрои Олӣ масъулияти азим бар дӯш гирифт

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Дар қатори 23 масъалае, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифт, яке аз масъалаҳои муҳим интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зеро шахсе, ки ба ин мансаб интихоб мешуд, бояд тақдири минбаъдаи халқу миллат ва ояндаи Ватанро ба дӯш мегирифт. Хушбахтона, вакилон дар интихоб хато накарданд. Ҷавони некқадам, ки чил сол дошт ва ӯро ҳанӯз на ҳама мешинохтанд, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Ӯ бо эътимод ва эътиқод сари зону зада, Парчами Тоҷикистонро бӯсид ва аз минбар садо баланд кард: «Ман ба шумо сулҳ меоварам. То охирон гуреза аз ғурбат ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!». Он ҷавони шуҷоъ суханро идома дода гуфт: «Ман барои амонӣ ва осудагии халқу Ватанам тайёрам, ки ҷони худро фидо кунам. Дар ин роҳ ё мемирам ё ба пирӯзӣ даст меёбам!». Ин суханони ҷавомардонаю меҳанпарастона аз забони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 1992 аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ зимни савгандёдкунӣ садо дод. Ва чунон боварибахш, самимона ва аз сидқи дил гуфта шуданд, ки ҳамаро тасхир карданд. Бадахшонӣ оҳи сабук мекашид, хатлонӣ ашки шодӣ мерехт, ҳисорию раштӣ ба ваҷд меомаданд, хуҷандию зарафшонӣ ба сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат имон меоварданд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо миллатро наҷот бахшида, давлати соҳибистиқлолу мустақилро нигоҳ доштанд, балки нуфузи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардоштанд. Ҳоло овози Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо мешунаванд, балки дар аксар масъалаҳои байналмилалӣ ҳалкунанда меҳисобанд.

Бале, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати азалӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ маҳз аз ҳамин иборат аст, ки ба сарварии давлат фарзанди фарзонаи миллатро интихоб намуд. Аҳамияти дигари иҷлосия дар он аст, ки зимни баргузории он қадамҳои нахустини оштии миллӣ гузошта шуд.

Оре, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун воқеаи муҳими сиёсӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Он ҳамчун рӯзи мубораку таърихӣ, умеду орзуҳо, боварӣ ба ояндаи неку дурахшон дар саҳифаҳои заррини таърихи Ватан нақш бастааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби «Маърифати гумшуда» чунин менигоранд: «Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардии ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ – хоҳ дурахшон бошад, хоҳ хира, сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад».

Бале, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ хатари пош хӯрдани миллати тоҷик ва парокандашавии давлати тоҷиконро аз байн бурд. Дар мамлакат сохтори конститутсионӣ ва ҳокимияти иҷроия барқарор гардид. Дар фазои хонадони мардум сулҳ танинандоз гашт. Сулҳе, ки имрӯз ҷомеашиносони ҷаҳон онро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Солҳо мегузаранд, вале дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум ҳамчун заминаи воқеӣ барои сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ абадан нақш хоҳад баст.

Мусаллама ҚОДИРОВА,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон