Дар дарозои таърих тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром менамоянд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни XV боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург то ба имрӯз ба некӣ ёдоварӣ мекунем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст.
Гузаштагони мо дар рушди илм, назм ва насри ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо шаҳрҳо ва иншооти меъмории хусусияти тамаддунидошта бунёд карданд».
Моро мероси бои маънавӣ ва фарҳангии дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда муттаҳид месозад. Мероси бои халқҳоямон ба зиммаи мо вазифа мегузорад, то муносибатҳоеро, ки ниёгонамон барқарор кардаанд, ҳифз ва афзун намоем, фазои дӯстию ризоиятро барои наслҳои оянда аз ҳар ҷиҳат ба мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ таҳким ва ғанӣ гардонем.
Солҳои охир муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя хеле қавию густурда шудаанд. Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи сифатан нав боло меравад, ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд мекунад. Санадҳои баимзорасидаи байни кишварҳоямон баёнгари он аст, ки ҳар ду ҷониб хоҳони таҳкими робитаҳои дуҷониба мебошанд.
Бо қаноатмандӣ аз вазъи феълии робитаҳо байни парламентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳем зикр кунем, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо минбаъд низ бояд ҳамчунон иқдомоти ҷиддиро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳоямон идома диҳанд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои бисёр қавӣ доранд ва боварӣ дорем, ки кишварҳои моро ояндаи хуб дар пеш аст. Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, тӯли асрҳо такомул ёфтааст, шодию хурсандӣ ва дарду алами онҳо муштарак буду ҳаст.
Файзулло ҚОСИМӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон