Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда қонуни нав қабул шуд

№14 (4597) 18.01.2023

СЕССИЯ — копияҲаждаҳуми январи соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сарвар Қурбониён ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа панҷ масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­рот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Раванди босуръати инкишофи муносибатҳои устувори иқтисодӣ, рушди технологияҳои муосир ва усулҳои нави хизматрасонии молиявӣ ба такмил ёфтани тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (минбаъд — ФАТФ) боис гардида, яке аз омилҳои муайянкунандаи такмил ва дар таҳрири нав пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба ҳисоб меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ҳанӯз соли 2011 қабул гардида, дар тӯли ин солҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ тағйироти назаррас ба амал омада, усулҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ пайдо гардиданд. Инчунин, дар тавсияҳои ФАТФ низ, ки стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт ба ҳисоб мераванд, бо рушди хизматрасониҳои молиявӣ як қатор тағйирот ворид гардиданд.

Новобаста ба он ки то ба имрӯз панҷ маротиба тағйироту иловаҳо ба қонуни амалкунанда ворид карда шудаанд, аммо пайваста аз ҷониби коршиносон ва намояндагони институтҳои байналмилалӣ оид ба пурра ҷавобгӯ набудани он эродҳо гирифта мешуданд. Номукаммалӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаи қонунгузории кишвар дар ин самт, инчунин зиёд шудани хавфу хатарҳо дар минтақа ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, хусусан бо бонкҳои хориҷӣ низ, таъсири манфӣ мерасонад.

Барои мутобиқ намудани қонун ба талаботи муосир, аз ҷумла ба тавсияҳои ФАТФ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, ба матни он бояд тағйиру иловаҳои зиёд дохил карда мешуд, ки он зиёда аз нисфи матни онро ташкил намуд. Бинобар ин, бо назардошти талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки қонуни мазкур дар таҳрири нав таҳия карда шавад. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун бо кумаки техникии Хазинаи байналмилалии асъор ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ таҳия гардида, зимни таҳияи он таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи тавсияҳои ФАТФ аксаран ба назар гирифта шудааст. Агар қонуни амалкунанда аз 5 боб ва 20 модда иборат бошад, лоиҳаи қонун дар таҳрири нав 9 боб ва 43 моддаро дар бар мегирад, ки баёнгари тағйироти назаррас мебошад. Дар он мафҳумҳои асосӣ бо тарзи нави аз қонуни амалкунанда фарқкунанда оварда шудаанд. Масалан, ҷумлаи «ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд» ба истилоҳи «субъекти ҳисоботдиҳанда» иваз гардидааст, зеро шахсони воқеие (масалан, аудиторони инфиродӣ, нотариусҳо, адвокатҳо ва ғайра), ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ҳарчанд ташкилот нестанд, вале муқаррароти қонуни амалкунандаи соҳаи мазкур нисбат ба онҳо бояд татбиқ гардида, ҳисоботдиҳанда бошанд. Мафҳумҳои «маблағгузории терроризм», «маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» бо талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд. Мафҳумҳои «молик-бенефитсиар», «шахсони бонуфузи сиёсӣ», «молу мулк», «мониторинги молиявӣ», «ғайрифаъолгардонӣ» бо назардошти талаботи тавсияҳои ФАТФ ва дигар санадҳои байналмилалии эътирофгардида мушаххасу мукаммал гардонида шуданд. Инчунин, дар лоиҳа мафҳумҳои нав аз қабили «рӯйхати таҳримҳо», «муносибатҳои корӣ», «муносибатҳои муросилотии бонкӣ», «гурӯҳи молиявӣ», «контрагентҳои хориҷӣ», «созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ», «дороиҳои маҷозӣ», «равиши ба хавф нигаронидашуда» ва ғайраҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар лоиҳа чораҳои пешгирикунандаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мушаххасан оварда шуда, дар баробари ин ба субъектони ҳисоботдиҳанда дар амалӣ кардани ин чораҳо низ сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, бо назардошти равиши ба хавф нигаронидашуда гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ пешбинӣ гардидааст. Талаботи мазкур барои рушди босуботи хизматрасониҳои молиявӣ равона гардида, имкон медиҳад, ки ҳангоми дараҷаи баланди хавф чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ андешида шуда, дар ҳолати паст будани хавфҳо сабукиҳо дар амалӣ кардани ин чораҳо муқаррар карда мешаванд. Инчунин, хизматрасониҳои молиявӣ торафт рушд намуда, роҳу усулҳои нави пешниҳоди онҳо ба миён омадаанд, ки баъзе меъёрҳои қонуни амалкунанда барои рушди минбаъдаи онҳо монеа мегардад. Чунончи, мутобиқи банди 7) қисми 2 моддаи 5 қонуни амалкунанда, ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда зимни гузаронидани чораҳо оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ ҳуқуқ надоранд ба миёнаравон ё тарафи дигари сеюм умед банданд. Муқаррароти мазкур барои рушди хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои наву замонавӣ ва роҳҳои фосилавии пешниҳоди онҳо, монеа эҷод намудааст, гарчанде чунин усул аллакай дар бис­ёр давлатҳо иҷозат дода шуда, пурра роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, ҷалби миёнаравон ё тарафи дигари сеюм зимни гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ метавонад барои васеъ гардидани доира ва маҳали хизматрасонии ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии молиявӣ, беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонӣ, коҳиш додани хароҷот ва мувофиқан баланд гардидани қобилияти рақобатпазирии онҳо оварда расонад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи қонун ҷалби тарафи сеюм барои гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ иҷозат дода шудааст, ки шартҳои он бо санади зерқонунӣ танзим карда мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар тавсияҳои ФАТФ, бахусус дар тавсияи 17, умед бастан ба тарафи сеюмро барои андешидани чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ манъ накарда, танҳо танзими онро тибқи талаботи муқарраршуда талаб мекунад, ки он дар лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шудааст.

Инчунин, як қатор навгониҳои ҷиддӣ дар масъалаҳои назорат дар самти танзими қонун, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва вазифаҳои мақоми ваколатдор ва мақомоти назоратӣ, инчунин доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом пешбинӣ шуда, мутобиқ ба талаботи тавсияҳои ФАТФ танзим гардидаанд.

Лоиҳаи қонун бо назардошти тавсияҳои ФАТФ ва дигар стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, талаботи муосир ва воқеияти имрӯза таҳия гардида, қабули он, қабл аз ҳама, барои тақвият бахшидани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар ин самт ва баланд бардоштани рейтинги кишвар вобаста ба амалӣ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ, инчунин ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 даври дуюми баҳогузории тарафайни Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро (ГАО) гузаронид ва ҳисоботи он дар ҷаласаи 29-уми пленарии ГАО, ки моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳри Минск баргузор шуд, тасдиқ гардид. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои талаботи тавсияҳои ФАТФ, аз ҷумла дар қисми мутобиқати техникӣ аз 40 тавсия ба 27-тои он баҳои мусбати комилан мутобиқ ва мутобиқи назаррас гузошта шуда, як тавсия татбиқнашаванда арзёбӣ гардида, 12 тавсияи дигар қисман манфӣ баҳогузорӣ гардидаанд.

Тибқи тартиб, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мунтазам ҳисобот оид ба пешрафтро ба Гурӯҳи АвруОсиё вобаста ба рафъи камбудиҳои зимни баҳодиҳии тарафайн ошкоргардида манзур намояд. То кунун ба Гурӯҳи АвруОсиё се маротиба ҳисобот оид ба пешрафт манзур гардидааст, ки танҳо дар як ҳисобот баланд бардош­тани рейтинги кишвар аз рӯи баъзе тавсияҳои ФАТФ дархост шудааст.

Ҳангоми қабули қонуни пешниҳодшуда имкон пайдо мегардад, ки ҳисоботи навбатӣ оид ба пешрафт ба Гурӯҳи АвруОсиё аз рӯи як қатор тавсияҳое, ки манфӣ арзёбӣ гардидаанд, бо дархости баланд бардоштани рейтинги кишвар манзур карда шаванд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва қабулу татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо зуҳуроти номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ – ҷинояткории фаромиллӣ рӯ ба рӯ шуда, мубориза бо ҷинояткориро ба сифати афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар эълон намуд. Ҳанӯз соли 1998 дар ҷумҳурӣ қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба сифати кирдори ҷиноятӣ эътироф гардида, ҷавобгарӣ барои он муқаррар карда шуд. Бо назардошти хусусияти фаромиллӣ доштани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маблағгузории он низ зарурати ҳамоҳанг сохтани низоми муқовимати давлатҳоро дар самти мазкур тақозо менамояд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқии глобалӣ ва минтақавиро эътироф намудааст. Аз ҷумла, «Конвенсияи СММ дар бораи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва прекурсорҳо» аз соли 1988, «Конвенсияи байналмиллалӣ дар бораи муқовимат бо маблағгузории терроризм» аз соли 1999, «Конвенсияи СММ оид ба муқовимат бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ» аз соли 2000, «Конвенсияи СММ дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз соли 2003, «Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба муқобили терроризм» ва амсоли инҳо.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 узв ва яке аз муассисони Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) мебошад, ки ин ташкилот яке аз мақоми минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) буда, фаъолияташро ба ҳамоҳангкунии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона намудааст.

Тавсияҳои ФАТФ стандартҳои байналмилалии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маб­лағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба ҳисоб мераванд ва риояи онҳо ба давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти №1617 (2005) ва №2462 (2019) ҳатмӣ мебошанд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон қонунгузории муосир қабул ва чораҳои ташкилии мувофиқ дар самти муқовимат бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ) — и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида шудаанд, ки иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлатро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин, рушди технологияҳои муосир ва такмили роҳу усулҳои ҷиноятҳои фаромиллӣ таҷдиди механизмҳои мубориза бо чунин зуҳуроти номатлубро тақозо дорад.

Зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» пеш аз ҳама мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мебошад. Бинобар ин, лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» соли 2011 қабул шуда, вазифаашро иҷро кард. Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба ин зуҳуротии номатлуб барпо карда шудаанд. Ҳамзамон, дар тӯли ин солҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ва амалияи байналмилалӣ дигаргуниҳои зиёд ба амал омада, тавсияҳои ФАТФ низ такмил ёфтаанд, ки тағйир намудани қонунгузории соҳавиро тақозо менамоянд.

Лоиҳаи қонун бо назардошти тавсияҳои ФАТФ омода гашта, қабули он, қабл аз ҳама, барои тақвият бахшидани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ) — и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва баланд бардоштани рейтинги кишвар вобаста ба амалӣ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ, инчунин ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат хоҳад кард. Зимни таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи тавсияҳои ФАТФ ба назар гирифта шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 9 боб ва 43 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 — уми ноябри соли 2022 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади такмили лоиҳа 147 таклиф пешниҳод гардид, ки, дар маҷмӯъ, ба назар гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 11 – уми январи соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, он асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро муқаррар намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Солҳои 2020-2021 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба ­экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки лоиҳаи баррасишаванда давоми мантиқии қабули лоиҳаҳои зикр­шуда доир ба муқовимат ба намуди ҷиноятҳои дар қонун танзимшаванда ба шумор меравад.

Аз мазмуни моддаи 3 қонуни мазкур бармеояд, ки он ба амалҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, бо назардошти меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, субъектҳои ҳисоботдиҳанда, аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои онҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дигар иштирок мекунанд, мақомоти давлатие, ки ба зиммаи онҳо уҳдадории муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва (ё) маблағгузории терроризм ва (ё) маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вогузор шудааст, анҷом дода шуда, татбиқ мегардад.

Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ (мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дастурамал доир ба ҳамкориҳо бо мақомоти зикршуда аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон омода карда шудааст, ки он барои татбиқи ҳамаҷонибаи меъёрҳои қонун равона карда мешавад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуне, ки мавриди баррасии мо қарор дорад, барои дар амал ҷорӣ намудани механизми пешгирӣ намудани қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда аҳамияти хоса дорад, зеро дар он, пеш аз ҳама, худи мафҳуми маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда возеҳ нишон дода шудааст. Инчунин, тартиби аз муомилот берун кардани чунин маблағҳо, пешгирӣ намудани ба муомилоти қонунӣ ворид кардани маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, аҳамияти хоса дорад. Дар баромадҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод бештар дар бораи аҳамияти байналмилалии ин лоиҳаи қонун сухан рафт. Воқеан, дар рушди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қабули ин санад бениҳоят аҳамият дорад, зеро вобаста ба он ки мавқеи Тоҷикистон дар муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда чӣ гуна арзёбӣ мегардад, бисёр институтҳои ҷаҳонӣ ба он нигоҳ карда, бо давлати мо ҳамкорӣ мекунанд.  Рейтинги Тоҷикистон дар ин самт боло бошад, ҳамкории ташкилотҳои молиявӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар мегардад, ки он албатта, барои рушди ҷомеа мусоидат мекунад.

Нуктаи дигарро бояд қайд кунам, ки дар қонуни мазкур на танҳо механизми мукаммали муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нишон дода шудааст, инчунин дар он ба таври возеҳ вазифаҳои мақомотҳо ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба таври возеҳу равшан  нишон дода шудааст. Бинобар аҳамияти санади мазкур дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боб ба боб, модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»-ро яклухт ба овоз мемонам.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» 2-юми августи соли 2011 қабул гардида, то имрӯз бо тағйиру иловаҳое, ки ҷиҳати ба талаботи муносибатҳои пайваста рушдкунандаи низоми бонкию молиявӣ мутобиқ намудани он дар солҳои 2015 ва 2018 қабул шудаанд, амал карда истодааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва бо иштироки мутахассисони ҷалбнамудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои чораҳои пешакии зербарномаи дуюми Матритсаи чораҳои сиёсии «Барномаи таҳкими бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ»-и Бонки осиёии рушд ба баррасии шумо пешниҳод карда мешавад. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар самти суғуртаи пасандозҳо тағйиру иловаҳои зеринро ба амал меорад: доираи объект­ҳои ҳатмии суғурта васеъ шуда, дар қатори пасандозҳои шахсони воқеӣ, инчунин суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо суғуртакунӣ фаро гирифта мешаванд. Бинобар ин, номи қонун ҳамчун — «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» пешниҳод карда шуда, хазина низ Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шудааст. Дар номи «хазина» истифодаи номи «Тоҷикистон» бо назардошти дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муқаррарӣ ва маъмул будани чунин ишора, ки мансубияти ҳудудию давлатии онро мушаххас мекунад, пешниҳод карда шудааст. Бо мақсади дар қонунҳои алоҳида ба назар гирифтани номи ивазшавандаи қонун ва хазина, тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Бо назардошти васеъ гардидани доираи объектҳои ҳатмии суғурта ва субъектони суғурташаванда, бо лоиҳа истилоҳоти алоҳидаи матни қонуни амалкунанда, аз ҷумла «пасандоздор», «пасандозҳои суғурташуда» мутобиқи муҳтавои лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ифода карда шуда, шарҳи мафҳумҳо ба монанди «амонат», «низоми суғуртаи амонату пасандозҳо» ва «бонк-агент» илова карда шудаанд.

Барои мушаххас кардани ташкили ҳамкорӣ ва муносибати хазина бо ташкилотҳои қарзӣ, ки бояд ба таври ҳатмӣ ва бидуни шартномаи ҳамкорӣ сурат гирад, қисми якуми моддаи 4 дар таҳрири нав баён шудааст.

Таҳрири нави моддаи 7-ум, манбаъҳои маблағҳои хазинаро аз ҳисоби илова гардидани маблағи қарзи гирифташуда ва маблағи ба хазина вогузоршуда, ки дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои хазина ва ба пасандоздорон пардохт намудани ҷубронпулӣ ба даст омадааст, нисбатан васеъ намуда, инчунин ваколати Шӯрои нозирони хазинаро доир ба кам кардан ё боздошти супоридани пардохтҳои тақвимӣ дар сурати аз ҳафт фоизи маблағи умумии амонату пасандоз­ҳои суғурташуда зиёд гардидани андозаи ниҳоии маблағҳои хазина махсус пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади нигоҳдории устувории молиявии хазина ҷиҳати иҷрои вазифаҳои қонунии он, дар ҳамин модда муқаррарот оид ба андозаи ҳадди ақали маблағҳои хазина илова карда шудааст.

Ҳамкории хазина бо Бонки миллии Тоҷикистон оид ба кушодани суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таҳрири нави моддаи 9 мушаххас пешбинӣ карда мешавад.

Воситаҳои молиявии сармоягузории хазина бо илова шудани амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки дорои яке аз ду рейтинги баландтарини агентиҳои рейтингӣ мебошанд, коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо саҳм дорад, дар таҳрири нави моддаи 10 васеъ мегарданд.

Инчунин, бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ ҳангоми пардохти ҷубронпулии амонату пасандозҳои суғурташуда ва ё пардохти уҳдадориҳои хазина, ҳуқуқи он вобаста ба иштирок дар амалиётҳои РЕПО иҷозат дода мешавад.

Дар натиҷаи такмили моддаи 15-ум, аз пардохти ҳаққи узвият озод будани ташкилоти қарзии дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта, ба истиснои табдилдиҳӣ, инчунин бонки мутавассит муқаррар карда мешавад, ки ҳолати сабуккунанда мебошад.

Ҳамкории хазина бо Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур оид ба муҳлатҳои анҷом додани пардохтҳо ва пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ҳамчун самти муҳим бо такмил додани моддаи 20 мушаххас танзим карда мешавад.

Таҳрири нави моддаи 211 доираи объекти ҳатмии суғуртаро муайян намуда, ҷиҳати пешгирии шарҳи гуногуни он, ҳамзамон объектҳоеро, ки объекти ҳатмии суғурта намебошанд, мушаххас менамояд.

Тибқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ, бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда муқаррар шудааст. Бо лоиҳаи қонун моддаи мазкур такмил дода шуда, андозаи ҷубронпулӣ барои амонату пасандозҳои суғурташуда бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ новобаста аз асъор ва субъект дар як андоза, яъне на бештар аз 35000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки барои аҳолӣ ва пасандоздорон равшан ва фаҳмо буда, инчунин баробарии амонату пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷиро таъмин менамояд. Тибқи илова ба моддаи мазкур андозаи ҷубронпулӣ, ки дар ҳамин модда муайян шудааст, давра ба давра, вале на камтар аз як маротиба дар се сол бо дарназар­дошти раванди рушди низоми бонкию молиявӣ ва иқтисодии кишвар, дар сурати зарур шуморидан аз нав дида баромада мешавад.

Таҳрири нави сархати дуюми қисми 2 моддаи 26 ҳолатҳои тамдиди муҳлати пешниҳоди дархост барои гирифтани ҷубронпулиро ҳангоми дар хориҷи кишвар, дар хизмати ҳарбӣ, дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани пасандоздор, ҳамчунин бо сабабҳои ба мерос алоқаманд, ки ба пасандоздор ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта барои сари вақт муроҷиат кардан имкон надода бошад, мушаххас пешбинӣ менамояд.

Ҳуқуқи хазина барои соҳиб шудани ҳуқуқи қарздеҳ нисбат ба ташкилоти қарзӣ пас аз пардохти ҷубронпулии суғурта бо такмил додани қисми 1 моддаи 31 мушаххас карда шудааст. Зеро дар таҷрибаи судӣ вобаста ба ин масъала гуногунфаҳмӣ ҷой дошта, ҳолатҳои бо санадҳои судӣ инкор намудани чунин ҳуқуқи дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ маъмул ба амал омаданд.

Ваколатҳои шӯрои нозирони хазина барои кам кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ ва муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки таҳти батанзимдарорӣ қарор дорад ё тибқи нақшаи солимгардонии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда фаъолият дорад, инчунин барои муқаррар кардани андозаи пардохт­ҳои тақвимӣ то 0,5 фоиз бо мақсади барқароркунии маблағҳои хазина ва иҷро кардани уҳдадориҳои он аз рӯйи қарзҳои ҷалбшуда бо тағйиру иловаҳо ба моддаи 35 мушаххас карда шудааст.

Бо мақсади пурзӯр кардани идоракунии корпоративӣ дар хазина ва ҷорӣ намудани раванди ташкили назорати дохилӣ бо илова намудани моддаи 401 фаъолияти аудити дохилӣ пешбинӣ ва танзим карда мешавад.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои алоҳида тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо ҷиҳати мукаммалгардонӣ ва аз байн бурдани такроршавии баъзе муқаррарот, бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ ва техникӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар назар аст, ки пас аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҷанбаҳои хуби таҷрибаи байналмилалиро фаро гирифта, дастгирии молиявии муштариён ҳангоми барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотҳои қарзӣ бо афзудани ҷуброни суғурта ва бо фарогирии шахсони воқеӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ беҳтар ва самарабахш гардида, ҷиҳати бештар ва устувор гардидани боварӣ ва афзоиши амонату пасандозҳо дар низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ менамудед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, он бо мақсади ба суғурта фаро гирифтани суратҳисобҳои амонатию пасандозии шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ таҳия гардидааст, ки ҳадаф ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон тавассути васеъ намудани миқёси фарогирии суғуртавии пасандоздорон, дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратии дорои мақсадҳои умумии муфид, инчунин баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ва афзоиши ҷалби амонату пасан­дозҳо ба низоми бонкӣ мебошад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ карда, 86 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 30-тоаш қабул, 20-тоаш қисман қабул ва 36-тоаш қабул нагардид. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонун бо назардошти таклифу пешниҳодҳои манзурнамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, услуби баён, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ таҳрир карда шуд. Дар ин асно, бархе аз меъёрҳои моддаҳои алоҳидаи он такмил дода шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ карда, ба тарафдориаш овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» оғоз менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳия шуда, ба баррасии шумо пешниҳод гардида, мақсади он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» пешбинӣ намудани номи тағйир­ёфтаи «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» ва номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, он бо назардошти ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва тағйир ёфтани номи «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ ва ду таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо яктоаш қабул шуд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» пешниҳод мегардад, ки бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар таҳия шудааст.

Бо дарназардошти пешбинӣ гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва тағйир ёфтани номи он аз «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон», инчунин васеъ гардидани сатҳи фарогирии суғуртавӣ зарурати мутобиқсозии онҳо ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба миён омад. Тағйироти пешбинишуда хусусияти таҳрирӣ дошта, мутобиқсозӣ ва мукаммал кардани талаботи қонунгузории боҷи давлатиро пешбинӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Лоиҳаи қонун бо назардошти ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва тағйир ёфтани номи «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» пешниҳод гардида, онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд. Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдориаш овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монд шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва тағйир ёфтани номи «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон», инчунин васеъ гардидани сатҳи фарогирии суғуртавӣ зарурати мутобиқсозии он ба муқаррароти Кодекси андоз ба миён омад. Тағйироти пешбинишуда хусусияти таҳрирӣ дошта, мутобиқсозӣ ва мукаммал намудани талаботи қонунгузории андозро пешбинӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун бо назардошти ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва ­тағйир ёфтани номи «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд. Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачи ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ