Дар нуҳ моҳ 190,9 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва барқарор гардид

№141 (3778) 28.11.2017

DSC_9265Бисту сеюми ноябри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир ҷаласаи сайёри муҳокимаи парламентӣ оид ба «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар нуҳ моҳи соли 2017 дар Кумитаи ­ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати молия, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иштирок доштанд.

Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир зимни ифтитоҳ иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.

Сипас, гузориши вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Рустам Қудратов шунида шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунии самараноки молияи давлатӣ сметаи хароҷот бо дигар сохторҳои зертобеъ таҳия ва дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 553 290 сомонӣ тасдиқ шудааст.

Мувофиқи нақша дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 18 715 109,15 сомонӣ харҷ шудааст, ки 81,18 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

DSC_9259Даромади маблағҳои махсус аз ҳисоби иҷрои кор ва хизматрасонӣ буда, дар асоси харҷномаи аз тарафи Вазорати молия тасдиқгардида харҷ мешавад.

Бино ба гуфти ӯ, соли ҷорӣ аз ҳисоби ташкилоти ғайридавлатии «UNDP» ва дастгирии молиявии Федератсияи Россия ба Кумита ба маблағи 4136 ҳазор сомонӣ кумаки техникӣ расонида шудааст.

Оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи санҷиши фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро пешниҳод намуд, ки тибқи санҷиши он 190,9 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Дар рафти тафтиш маблағи зарар пурра барқарор карда шуд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, ­раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, вакилон Т. Бухориев, М. Сабурзода, Р. Муҳаббатшо, Ҷ. Муртазоқулов, Ҳ. Одинаев, А. Дамдор, А. Қобилов, З. Сафаров, Р. Раҷабов ва Х. Абдуназар суханронӣ намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани кор фикрҳояшонро баён доштанд.

Дар охир вобаста ба ­масъалаи баррасишуда тав­сияҳо қабул шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев