Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№14 (3494) 02.02.2016

DSC_0722Якуми феврали соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарор қабул кард.

Масъалаи якуми рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот шарҳ дод.

Масъалаҳои навбатии рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда  Сатторӣ, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда  Сатторӣ, «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии  Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», «Дар бораи Созишномаи дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳо — «Дар бораи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Б. Т.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М.М.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод намудани Ватанзода М. М.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Ватанзода М.М.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Ватанзода М.М.» — ро баррасӣ намуд.

Масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз баррасии масъалаҳо – «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кнессети Давлати Исроил» ва «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия» қарорҳои дахлдор қабул кард.

Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дигари рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии  ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА) байни ҳукуматҳои тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо — Кавказ-Осиё» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Аъзои Шӯро, ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ