Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

DSC_1339Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон 25 апрели соли 2016 баргузор гардид, масъалаҳои зерин бо қарори Шӯро ба рӯзнома тасдиқ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ва «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд».

Сипас, баъди шарҳи мухтасари раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарифов масоили зикршуда бо қарорҳои алоҳида ба баррасии ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Ҳамчунин, бо қарори Шӯро масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5742-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Баҳри Арал», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5631) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D055-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти №TFOA 1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II» ва «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел «Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

 Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ