Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№136 (3616) 03.11.2016

DSC_0321Якуми ноябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як масъала -  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018- 2019»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол намуданд.

Дар хотима перомуни масъалаи баррасишуда  қарори дахлдор қабул гардид.

 Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ