Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№22 - 23 (3659 - 3660) 02.03.2017

DSC_0972 увет27 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар бораи масъалаҳо «Оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радио­активӣ» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор мухтасар маълумот доданд ва бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба кумитаҳои масъул ва иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасии масъалаҳо «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти (Сейми) Ҷумҳурии Латвия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти (Сейми) Ҷумҳурии Лаҳистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти (Сейми) Ҷумҳурии Литва», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Халқии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Ҷумҳурии Молдова», ки аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим шарҳ дода шуданд, низ қарор қабул намуд.

Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 11 то 20 январи соли 2017» қарор қабул кард.

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев