Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№141 (3778) 28.11.2017

DSC_9386Бисту ҳафтуми ноябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди тасдиқи рӯзнома ­масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», «Оид ба нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот ва раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳои «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (9/694) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (12912Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (TJK-1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ (44753) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.

Аъзои Шӯро, ҳамчунин, «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул карданд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ