Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 (3962) 29.01.2019

Бисту ҳаштуми январи соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

DSC_6127Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиё­ии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба энергетика, саноат, сохт­мон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодиров шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масоили зикршуда ба баррасии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум ва масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон озод намудани Икромӣ С. С.», «Дар бораи сафари Исмоилзода З. М. ба шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

«Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ