Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№106 (4056) 03.09.2019

DSC_3496Дуюми сентябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II-Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925» ва «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи принсипҳо ва тартиби ҳамкории мутақобила ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад аз 26 апрели соли 1996 ва Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад аз 24 апрели соли 1997 (шаҳри Москва, 23 ноябри соли 2002)» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садридин Шарипов, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода тавзеҳ доданд.

Масъалаҳои мазкур бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳои навбатии рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

«Садои мардум» Суратгир Н. Алиев