Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№68 (4174) 09.06.2020

DSC_2023Ҳаштуми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир шуд.

Дар он зимни баррасии масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ­ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло шунида шуд.

DSC_2028Аз ҷумла, ҳангоми баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло гуфт, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва баҳри рушду нумӯи муассисаҳои хусусии тиббӣ ва аз ҷониби онҳо дар сатҳи баланду босифат анҷом додани хизматрасонӣ ба аҳолӣ равона мегардад.

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст, ки дар қисми 2 моддаи 181 (Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он) калимаҳои «ва барои хизматрасонии таълимӣ» ба калимаҳои «, барои хизматрасонии таълимӣ» иваз карда шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки баъд аз қабули лоиҳаи қонун, минбаъд хизматрасонии муассисаҳои хусусии тиббӣ бо меъёри 5 дарсад андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мегарданд, ки то ҳол ин меъёр 18 фоизро ташкил медиҳад. Ва имконият фароҳам меорад, ки тарофаҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббии хусусӣ паст карда шаванд.

Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Инчунин, баъди шарҳи муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ» пас гардонида шуда, масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ирсол гардиданд

Ҳамчунин, бо тавсияи Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)», «Дар бораи Созишнома оид ба маб­лағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд.

Дар хотима Шӯрои Маҷлиси намояндагон доир ба масъа­лаҳо  «Дар бораи тасдиқи рӯйхати идораю муассисаҳое, ки обунаи онҳо ба маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2020 аз ҳисоби сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад», «Дар бораи рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ҳам қарор қабул кард.

«Садои мардум».

 Суратгир Неъматулло АЛИЕВ