Бисту нуҳуми июни соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидо, пас аз шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, муовини раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода ва оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва Мактуб — созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ (қарзи 5631-TJ, гранти D055-TJ ва гранти TF0A1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ», «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе)» ва «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи электрификатсияи деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Баъдан, масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумаки башардӯстонаи байналмилалӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди баррасӣ барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ