Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№51 (4634) 10.04.2023

DSC_2003 — копия10-уми апрели соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар хусуси Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории сил», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (кумаки техникӣ) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ»,  «Дар хусуси Протокол оид ба қатъи амали Протоколи байни ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи мутобиқкунии корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз 15 майи соли 1992» ва «Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ)» мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъд аз шарҳу тавзеҳи онҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тухмипарварӣ» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд.

Дар Шӯро, инчунин, оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома «Дар бораи сафари вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ҳ. Аҳмадзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Дар бораи  сафари ҳайати парлумонӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия» қарор қабул гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» низ қарор қабул кард.

«Садои мардум»