Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№163 (3464) 01.12.2015

DSC_149530 ноябри соли 2015  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъд аз қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Масъалаҳои нахустини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гранти №D070-TJ)», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (қарзи №5666-TJ)», «Дар бораи Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия», «Дар бораи Моддаҳои Созишномаи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5697-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D081-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D087-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5709-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ва «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  С. Шарипов,  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳ. Қурбонзода,  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М. Ватанзода, оид ба иқтисод ва молия Ш. Раҳимзода,  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Р. Латифзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Н. Оқилзода ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

DSC_1497Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои баёнгардида, аз рӯи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул кард. Тибқи муқаррароти қарорҳои қабулкардаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои зерини рӯзнома — «Дар бораи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» қабул гардида, масъалаҳои номбурда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳо қабул кард.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».  Суратгир А. ИСОЕВ