Появу бунёд ва сарчашмаи ҳама гуна пешравӣ, рушду инкишоф, ваҳдату суботи ҳар як давлати муосирро Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва ягонагӣ ташкил менамояд. Қадами нахустин дар роҳи соҳибихтиёрии Тоҷикистон Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 (тағйироту иловаҳо аз 9 сентябри соли 1991) «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб мегардад. Ин санади воқеан таърихию сарнавиштсози миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки ҳазорсолаҳо дар талоши он буданд.
Сарфи назар аз мушкилоту муносибатҳои сиёсиву иқтисодии замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз Истиқлолияти хеш дифоъ намояд ва давлати ҷавони худро тайи 25 сол аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ раҳо бахшад. Ҳанӯз чанд аср қабл файласуфи маъруфи олмонӣ Гегел гуфта буд: «Миллате, ки давлати худро ташаккул надод, таърихи худро гум мекунад ва ба нестӣ мерасад? Бидуни давлати соҳибихтиёр миллати комилҳуқуқ арзи вуҷуд карда наметавонад».
Файзу баракати соҳибистиқлолӣ буд, ки Тоҷикистон тавонист онро ҳамчун дастоварди бузургу беназири миллат дар садаи ХХ нишон диҳад ва моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати давлатдор муаррифӣ намуда, ҳалқаи гусастаи давлатдориро, ки ҳазор сол пеш канда шуда буд, аз нав пайваст созад ва тоҷик дар ин раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ ҳамчун миллат боқӣ монад.
Бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти ҷомеа маҳсуб мегардад, ки комёбиву муваффақиятҳои дигар самараи бевоситаи он мебошанд.
Имрӯз Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи такомули демократия ва хештаншиносии мардум диққати ҷиддӣ медиҳад, ки бегуфтугӯ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин сиёсат ба пойдории сулҳу субот, давлати миллии тоҷикон, таъмини озодиҳои инсон, беҳбудии сатҳи зиндагии иҷтимоии мардум ва таҳкими низоми давлатдории демократӣ ва дунявӣ равона гардидааст.
Ҳадафи ниҳоӣ ва мақсаду мароми сохти давлатдории имрӯза — нигоҳ доштани якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва сохти конститутсионӣ мебошад. Ҳарчанд назарияи ҳуқуқи давлатӣ сохти давлатдориро муайян намуда бошад ҳам, дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҳар як давлат роҳи ба худ хосро интихоб менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон низ бо назардошти фарҳангу ҳувият ва манфиатҳои миллӣ сохти давлатдории хоси худро интихоб кардааст, ки сиёсати имрӯзаи хориҷӣ ва дохилии давлати моро дар доираи талаботи Конститутсия муайян сохтааст.
Тоҷикистон тавонист дар тӯли 25 соли Истиқлолият ба дастовардҳои назаррас, аз қабили таъмини ваҳдату якпорчагӣ ва истиқлолияти пойдор, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, соҳиби обрӯ ва мақоми хос дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва мақоми зан ва ғайра ноил гардад. Истиқлолият боиси баланд бардоштани иштироки зани тоҷик дар ташаккули ҷомеаи нав дар асоси барномаҳои махсус ва тайёр намудани заминаҳо ҳамчун пешниҳоди квотаҳо, грантҳо, ба Парламент интихоб шудан, зиёд гардидани сафи сиёсатмадорону олимаҳо аз ҳисоби онҳо гардид.
Гузашта аз ин, дар шароити шаклгирии муносибатҳои навини иқтисодӣ давлат тавонист соҳаҳои барои саноати кишвар хеле муҳим, аз он ҷумла муассисаҳои комплекси сӯзишворӣ-энергетикиро ба таври ҷиддӣ дастгирӣ намояд. Ҳукумат аз рӯзҳои аввали ноилшавӣ ба Истиқлолият диққати худро ба самти таъмини амнияти энергетикии кишвар ва истифодаи имкониятҳо барои ҳаллу фасли вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона намуд, ки боиси пешрафти иқтисодиёти кишвар шуд.
Шомил гардидани низоми иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди муосири иқтисоди глобалӣ, хусусияти байналмилалӣ гирифтани иқтисодиёт, рушди бемайлони робита ва васоили коммуникатсионӣ, инчунин торафт амиқтар шудани мушкилоти умумиинсонӣ, тавсеаи фаъолияти сохтору ниҳодҳои трансмиллӣ сабаби дигаргунии куллии арзишҳои зиндагии рӯзмарраи ҷомеаи мо гардидааст. Ин раванд, агар аз як тараф, боиси тақвияти муносиботи кишварҳо гардида бошад, аз ҷониби дигар хусусияти байналмилалӣ гирифтани зуҳуроти номатлуб ва хатарноки терроризму экстремизм, радикализм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ва мушкилиҳои умумисайёравии техногенӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва ғайра вазъро торафт печида ва мураккаб гардонидаанд.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванд дар канор набуд ва имрӯз дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир қарор дорад. Табиист, ки чунин вазъият ва ҳаллу фасли масоили мазкур ҳамгироиву ҳамкории васеъ ва пурсамари Тоҷикистонро дар доираи қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида тақозо менамояд. Дар ин самт сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишвар ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои боз» дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Сиёсати мазкур барои кишвари мо имконоти васееро ба бор овард ва аз баракати он мо тавонистем ба муваффақиятҳои бузург ноил шавем. Президенти мамлакат барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар сиёсати давлатро дар сатҳи байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ба роҳ гузошт.
Бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки ҷавҳари ин сиёсат тақвият бахшидан ба ҷойгоҳи хоси Тоҷикистон дар низоми навини равобити байналмилалӣ ба шумор меравад ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари тарафдори ҳамкориҳои созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеш гирифтааст, ки ҳадафи он ҳар чӣ зиёдтар намудани сафи дӯстони Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз кишвари мо дар ҳама соҳа робитаҳои худро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст, ки батадриҷ тавсеа ёфта истодаанд. Барои миллати тоҷик боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои ҳамкор ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва боварибахш мавқеи сазовори худро муайян намудааст.
Истиқлолияти давлатӣ марҳалаи наву тоза дар партави сиёсати мустақилонаи давлати миллӣ, шаклу мазмуни нав гирифтани худшиносии миллӣ мебошад, зеро маҳз Истиқлолият падидаи ягона ва беназири давлатдорӣ буда, ба мо имкон фароҳам овардааст, ки соҳиби давлат бошем ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати алоҳида бо муқаддасоти миллию давлатӣ муаррифӣ шавем.
Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа