Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Донистан кам аст, амал мебояд

№38 (3988) 06.04.2019

Ҳаёти иҷтимоӣ ҳамон вақт барои мардум ва давлат қонеъкунанда аст, ки дар он низоми муайян ҷорӣ ва ­рио­яи қонун барҷо бошад. Хушбахтона, рӯзгор рӯз то рӯз маънии тоза мегирад, чунки сиёсати Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин самт нигаронида шудааст.

Баъди ба даст овардани истиқлолият якбора муваффақ шудан дар самти қонунгузорӣ кори осон набуд, аммо тавонистем дар ду даҳсола қонунҳоеро таҳия ва қабул кунем, ки субот ва низому тартибро дар ҷомеа таъмин намоянд. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) таъкид карданд: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд».

Таъмини ин масъала вазифаи таҳиягарони қонун, аз ҷумла, вакилони парламент аст. Иҷрои мақсадноки кор барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа имконият фароҳам меорад, зеро айни ҳол мардум ба он ниёзманданд. Аз ин рӯ, агар дар баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии мардум таъсир расонидан хоҳем, бояд якчанд омилро ба инобат бигирем.

Якум, таҳияи асноди дархӯри замон бо забони оммафаҳм. Ҳоло эродҳо ба забони қонунҳо кам нестанд. Фикр мекунам, такмилу таҳрири бунёдии қонун низ костагиҳо дорад.

Дуюм, ба назар гирифтани нуқтаҳои ихтилофӣ миёни қонунҳо, ки ин ҳам метавонад нофаҳмиҳоро ба миён орад. Бояд оид ба ин масъала ҷиддан хулосабарорӣ намоем.

Сеюм, ба таълими масъалаҳои қонунгузорӣ, тартиби таҳия ва пешниҳоди он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таваҷҷуҳ мебояд. Зарур аст, ки ба таълими фанҳои марбут ба ҳуқуқ мутахассисони шоиста сафарбар гарданд, мутахассисоне, ки баробари дониши қавӣ, маҳорати хуби суханварӣ дошта бошанд.

Бояд гуфт, ки дониши қавӣ ва маҳорати касбии ҳар корманди мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ барои атрофиён пуртаъсиртарин омил аст. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба ташкилу гузаронидани дарсҳои сиёсӣ дар муассисаву ташкилот, бо истифода аз донишмандони маъруф ва мутахассисони болаёқат, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ бештар намоем.

Мусаллам аст, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҳама гуна бетартибӣ, маҳз дар асоси донистан ва риояи қонунҳо, иҷрои қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванд муяссар мегардад. Хусусан, дар замоне ки хатари терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид менамояд, ба инобат гирифтани ин масъалаҳо амри зарурист.

Дарвоқеъ, вақте сухан сари ин мавзӯъ меояд, боз ҳам андеша ба омилҳои мубориза ба он равона мегардад. Бо дас­тури Президенти мамлакат, дар баробари диққати асосиро ба пешгирии терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат, алалхусус, ҷавонон, ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона кардан, ҳар чӣ зудтар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» пеш гирифта шуд. Зарур аст, ки зимни таҳияи он такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва тарзу усулҳои муосири муқовимат бо он ба инобат гирифта шавад. Дар ин самт таҳияи асноди муҳим ва барномаҳои таълимӣ як тараф ва таълифи асарҳои бадеӣ, илмӣ, китобҳои дарсӣ тарафи дигари кор аст. Адибону санъаткоронро зарур аст, ки беҳтарин асарҳоро бахшида ба ин мавзӯъ манзури аҳли ҷомеа гардонанд.

Ҳамин тариқ, барои пешгирии ҳар гуна амали террористиву экстремистӣ бояд аз омилҳои тақвиятбахши зеҳнӣ, аз ҷумла, саҳнаҳои театриву кино ва асарҳои адабии барҷаста хуб истифода намоем.

Ҳусайн НИДОЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон