Ҳафтуми апрели соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд.
Дар мулоқот дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо беҳтар намудани кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Корея муҳим арзёбӣ гардид.
Бо изҳори боварӣ гуфта шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои васеи мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегирад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ