Душанбе макони баргузории Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон — Россия муайян гардид

№88 (3568) 09.07.2016

mcaD1p4URwcrtMBG9j0GZ52AagDAzjpk (1)Панҷуми июли соли 2016 дар шаҳри Москва ҷаласаи шашуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Евгений Бушмин сурат гирифт. Тибқи иттилои шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Хайрулло Сафарзода, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Қурбонмурод Неъматзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов иштирок доштанд.

Е. Бушмин зикр намуд, ки ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба омилҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ вобастагии зич дошта, мунтазам тақвият меёбанд. Зикр шуд, ки айни ҳол 83 субъекти Федератсияи Россия, аз ҷумла дар доираи Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ки вақтҳои охир муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвари дӯст ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид шудааст.

Тарафҳо, ҳамзамон нақшаи фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россияро дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баррасӣ карданд.

Қарор дода шуд, ки Форуми панҷуми байнипарлумонии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»