Фармоне, ки муҳаррики субъектҳои соҳибкорӣ шуд

№85 (4191) 14.07.2020

DSC_0063Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки 5 июни соли 2020 ба тас­виб расид, кумаки саривақтӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорон мебошад.

Мувофиқи банди 1-и он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор мегирад, чораҷӯӣ намояд. Илова бар ин, нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонда, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд.

Нуктаи дигари муҳими фармони зикршуда роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум, мавқуф гузоштани баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла, неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ то охири соли 2020 мебошад.

Ғайр аз ин, пешбинӣ намудани таътили андозӣ ва манъ намудани ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия идомаи мантиқии иқдомҳои инсондӯстонаи Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин давра, иншооти номбаршуда фаъолияти мунтазам надоштанд ва мусаллам аст, ки моликони онҳо даромад намегиранд.

Аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ муваққатан озод намудан, ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намудан, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ паст кардани меъёри андози даромад аз фоизи пасандози шахсони воқеӣ аз 12 фоиз то 6 фоиз танзим намудани нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, қарзи имтиёзнок ҷудо кардан, қарзи то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият додан аз фармони зикршудаи Президенти кишвар мебошад, ки дар давраи хурӯҷи пандемияи коронавирус амалӣ мешавад. Чунин муносибат ба субъектҳои соҳибкорӣ амали басо дурандешона аст.

Банди 2-и фармон Бонки миллии Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намуда, якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохти саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ кунад. Ҳамчунин, мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла, дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вокуниши саривақтии роҳбарияти мамлакат ба вазъияти баамаломада мебошад. Аз ин рӯ, моҳиятан он муҳаррике маҳсуб мешавад, ки дар давраи бисёр мушкил иқтисодиётро ба пеш хоҳад бурд.

Баҳодур АКРАМЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон