Сеюми апрели соли равон вобаста ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Мулоқотро роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Сатторзода ифтитоҳ бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин Файзулло Баротзода суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ, шаклгирии «сиёсати дугона» дар муносибат ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва таъсири онҳо ба фазои иттилоотии кишвар нигаронӣ намуданд, ки бе сабаб нест.
- Ҳадаф аз таъкидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки шаҳрвандони кишвар дар пешбурди зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз бегонапарастӣ, тақлиди кӯр-кӯрона, худнамоӣ, исрофкорӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба фарҳанги бегона дурӣ ҷӯянд, — афзуд Ф. Баротзода.
Номбурда зимни суханронӣ, ҳамчунин, аз баъзе масъалаҳои динӣ, ки Пешвои миллат дар мулоқоти мазкур баррасӣ намуданд, ёдовар шуд. Таъкид намуд, ки хусусияти фарҳанги тоҷикон дар масъалаи динӣ аз он иборат аст, ки олимону фақеҳон анъанаҳои миллию фарҳангии худро бо муқаррароти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти мазҳаби ҳанафӣ мӯшикофона мутобиқ намуданд. Амирони давлати Сомониён тавозуни беҳтарини давлат ва динро муайян карда, тамоми тавонмандии арзишҳои диниро дар хидмати пойдории давлати миллӣ қарор доданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ бо баргузории маросими марбут ба иди Фитр ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллии тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид.
Доир ба фазилатҳои наҷиби моҳи шарифи Рамазон зикр шуд, ки рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани зоҳиру ботин, муомилаи нек, ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад. Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад. Дар ин моҳи имтиҳони илоҳӣ ба хабаргирии падару модарон рафтан, камбизоатону беморон, ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷмандро кумак расондан аз ҷумлаи аъмоле мебошанд, ки ҳар муъмину мусулмонро соҳиби савоби бештар мегардонанд.
Файзулло Баротзода зимни суханронӣ ба масъалаи фитри рӯза низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Афзуд, ки дар иртибот ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз ояти 60-уми сураи «Тавба» ёд оварданд, ки дар он ба таври возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст. Садақа бояд ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат дода шавад. Худнамоӣ ва исрофкорӣ дар ин масъала савоби садақа доданро коста мегардонад.