Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ — тавсеабахши равобити байнипарлумонӣ

№51 (4634) 10.04.2023

DSC_8601Ҳаштуми апрели соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сербия  9-уми сентябри соли 1995 барқарор шудаанд.

Миёни кишварҳо дар сатҳи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи халқи Ҷумҳурии Сербия робитаҳои байнипарлумонӣ вуҷуд доранд. Таъкид гардид, ки барои густариши бештари робитаҳои байнипарлумонӣ кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ тавсеа бахшида шавад.

DSC_8593Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифта, дар  он атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи халқи Ҷумҳурии Сербия иштирок доштанд.