22 майи соли 2016 Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Гурӯҳи тарғиботӣ дар шаҳри Конибодом

№25 (3505) 25.02.2016

12317 феврал дар шаҳри Конибодом вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолӣ баргузор шуд. Дар он раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов, гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ходимони дин, сарварони муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.

Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Ҷаҳонафрӯз оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузор ва дурнамои он барои солҳои минбаъда, сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисод, савдо ва роҳсозиву ободонӣ сухан ронд.

Мудири шуъбаи фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров ба масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтани зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили экстремизму терроризм ва паёмадҳои онҳо дахл намуда, ҳозиринро ба зиракии сиёсӣ талқин кард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов доир ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, маълумоти мушаххас дода, ҷамъомадагонро ба муттаҳидию сарҷамъӣ, боварӣ ба ояндаи дурахшон ва ободониву  бунёдкорӣ даъват намуд.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»