Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Гузориши мукаммал

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

DSC_276711 майи соли 2018 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Ба он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раисӣ кард.

Раисикунанда:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар ва аз 62 нафар вакили Маҷлиси намояндагон 61 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади аниқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Воқеан, дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 61 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Инчунин, дар ҷаласа раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, муовини прокурори генералӣ, раиси Бонки миллӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати котиботро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоби ҳайа­ти котиботи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:

Котиботи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси котибот:

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин — вакили Маҷлиси намояндагон

Аъзои котибот:

Маҳтобшозода Арамбегим Бозор — узви Маҷлиси миллӣ;

Қобилов Аҳматҷон — вакили Маҷлиси намояндагон.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби ҳайати коти­боти Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: - Аз ­аъзои котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол ва ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо фарогирии масъалаҳо оид ба тасдиқ намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда,  қабул гардид:

1. Дар бораи аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён А. К.

2. Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода Р.

3. Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қаҳҳорзода Ф. С.

4. Дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қаҳҳорзода Ф. С.

5. Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳамрализода Ф. М.

6. Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қ.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.

Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум, мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл пешниҳод мегардад:

1. Гузориш аз кори Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути шабакаҳои Тоҷикистон — Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» пахш карда шавад.

2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» гузориши ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.

3. Гузориши ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.

 ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар давраи баъди Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор фармонҳо дар хусуси ворид намудани тағйирот ба ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардида, барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 январи соли 2018, №991 қироат мекунад:

- Қурбониён Абдусалом Карим аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён Абдусалом Карим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 13 январи соли 2018, №987 қироат мекунад:

- Аҳмадзода Раҷаббой бинобар сабаби ба кори дигар гузаш­танаш аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода Раҷаббой» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 январи соли 2018, №992 қироат мекунад:

- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 январи соли 2018, №993 қироат мекунад:

- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 январи соли 2018, №994 қироат мекунад:

- Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 13 январи соли 2018, №989 қироат мекунад:

- Ҳакимзода Қурбон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қурбон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Иҷозат диҳед бо муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҳозирини гиромӣ муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, Ҳакимзода Қурбонро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳояшон ба вазифаҳои сатҳи баланди давлатӣ – аъзои Ҳукумати кишвар таъин намуданд ва имрӯз ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардиданд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти кориашон баҳри хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон комёбиҳои беназир таманно намоем.

Раисикунанда: — Ҳоло сухан ба раиси Котиботи ҷаласа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дода мешавад.

 НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Унвонии Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мактуб ворид шудааст, ки онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида, ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода ва аз натиҷааш ба муаллифон посух гардонида мешавад.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ман бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба шумо – ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолона дар кори ҷаласа  ташаккур изҳор менамоям.

Бо ҳамин Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ