Гузориши мукаммал

№41 (3187) 24.04.2014

Бисту сеюми апрели соли 2014 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» манзур намуд.

DSC_0158

Ба Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ намуд

 

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар ва аз 59 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 59 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён   эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 59 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моро мебояд тартиби кори Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарори Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи зикргардида ба шумо пешниҳод гардидааст.

Оид ба лоиҳаи қарори мазкур чӣ гуна таклиф доред?  Пешниҳоди баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.

Қарор қабул шуд.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо  гардидааст.

Нисбати лоиҳаи қарори мазкур чӣ гуна пешниҳод доред?

Тибқи пешниҳоди ироагардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷ-лиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз раиси котибот ва аъзои он эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намоянд.

Раиси Котибот:

Амирзода Раҳмоналӣ Амир  — узви Маҷлиси миллӣ

Аъзои Котибот:

Худоёров Худоёр Завқибекович — узви Маҷлиси миллӣ

Турдиматова Нодира Мирзоалиевна — вакили Маҷлиси намояндагон.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Рӯзномаи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз як масъала – «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат мебошад. Дар ин бора лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна таклиф доред? Таклифи баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.

Қарор қабул шуд.

(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шумора пурра чоп гардид).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Раҳимов Фарҳод Қодирович  дода мешавад.

3Фарҳод РАҲИМОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич! Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо дарназардошти он ки дар Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ шунида мешавад, ба муҳокимаи шумо ҷараёни инъикоси ҷаласа бо тартиби зайл пешниҳод мегардад:

1. Гузориш аз ҷараёни Ҷаласаи ҳафтуми якҷоя ва матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», радиои Тоҷи-кистон ва «Садои Душанбе» таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шавад.

2.Дар рӯзномаи «Садои мардум» маводи Ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.

3. Маводи Ҷаласа ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба лоиҳаи Қарор «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласа» чӣ гуна пешниҳод доред?  Тибқи таклифи пешниҳодгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз монда, хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул гардид.

Тавре огоҳӣ доред, ба Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамоянд, роҳбарону кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатии мамлакат, сохторҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, сохторҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо ва дигар  шахсони расмӣ даъват шудаанд. Бинобар ин, ироаи Паём дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» баргузор мегардад.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба кори худ идома бахшид. 

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мо ҳама бо дарки баланди масъулият ва ифтихормандӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бархӯрдор гардидем. Аминем, ки неруи ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар татбиқи нишондодҳои Паёми Роҳбари давлат беш аз ҳарвақта сафарбар гардида, баҳри расидан ба ин ҳадафҳои созанда ва таҳкими фаъолияти ҳамарӯзаамон дар қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи халқ, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бо ҳамин Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба итмом расид.

Раиси Котиботи ҷаласа  чӣ гуфтанӣ доред? Нест.

Бо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ба шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа бо камоли эҳтиром миннатдории самимиамонро изҳор намуда, бо ҳамин Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Ҷумъахон НАБОТОВ, Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ