Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Гузориши мукаммал

№56-57 (3357-3358) 20.04.2015

DSC_0211

Ҳабдаҳуми апрели соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 Ба Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ кард.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 56 нафар дар Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 56 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!  

Дар Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 1 моддаи 9-уми Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо  гардидааст.

Оид ба лоиҳа чӣ пешниҳод доред?

Тибқи пешниҳодатон, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз раиси Котибот, узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир, аъзои Котибот — узви Маҷлиси миллӣ Хайруллои Амонулло ва вакили Маҷлиси намояндагон Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Рӯзномаи Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз як масъала – Тасдиқ  намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, ки дар ин бора лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.

Чӣ гуна таклиф доред? Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6-уми Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷ-роия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, муҳтарам Имомов Маҳмаисуф дода мешавад. Марҳамат.

М. ИМОМОВ: - Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ! 

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи  Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби  инъикоси Ҷаласаи якуми  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод мегардад:

Мутобиқи қисми 4-уми моддаи 6-уми Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:

1. Рафти кори Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина»,  «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» маводи ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.

3. Маводи ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овозӣ» ва  рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» чӣ гуна пешниҳод доред?

Тибқи таклифи пешниҳодгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа — лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода  мешавад. Марҳамат.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шариф Раҳимзода аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 2015 №338».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст. Оид ба он чӣ таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳод-шуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Асозода Х.»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Асозода Хайрулло аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 2015 №339».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи қарор манзуратон гардидааст. Оид ба он чӣ таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Асозода Хайрулло»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қосим Р.»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Қосим Роҳбар аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 10 марти соли 2015 №391».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи қарор пешниҳоди шумо гардидааст. Оид ба он чӣ таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қосим Роҳбар»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокиров М.»-ро пешниҳод менамояд:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Зокиров Маҳмадтоир аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  шаҳри Душанбе, 10 марти соли 2015 №390».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи қарор манзуратон гардидааст. Оид ба он чӣ таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокиров Маҳмадтоир»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродалӣ Алимардон»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Муродалӣ Алимардон аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 1 апрели соли 2015 №427».

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи қарор пешниҳоди шумо гардидааст. Оид ба он чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродалӣ Алимардон»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Н.»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳикматуллозода Неъматулло Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 2015 №340».

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба Ҳикматуллозода Неъматулло  савол доред? Нест?

Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Неъматулло»-ро  ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани  Ганҷалзода Ш.Р.»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 2015  № 341».

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон савол доред? Нест?

Агар савол набошад, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокиров М.»-ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Зокиров Маҳмадтоир Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 10 марти соли 2015  №395».

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба Зокиров  Маҳмадтоир савол доред? Нест?

Ҳоло лоиҳаи Қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокиров Маҳмадтоир»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани  Ятимзода  А.Т.» -ро пешниҳод мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ятимзода Акбар Табарӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 10 марти соли 2015 №396».

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба Ятимзода Акбар Табарӣ савол доред? Нест?

Ҳоло лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ятимзода Акбар Табарӣ»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Раиси Котибот ягон гуфтанӣ доред? Нест?

Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ба шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа миннатдории самимӣ изҳор менамоем ва Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ