Гузориши мукаммал

№9 (3489) 21.01.2016

20 январи соли 2016 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Сомон» Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.

1 (2)Ба Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раисӣ кард.

Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар толор аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар ва аз 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 62 нафар дар Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҳузур доранд. Бо мақсади аниқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат. Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Раисикунанда: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби ҳайати Котиботи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»

Мутобиқи банди 1 моддаи 9- уми Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунанд:

Котиботи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Котибот:

Шариф Раҳимзода — вакили Маҷлиси намояндагон

Аъзои Котибот:

Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхонович  — узви Маҷлиси миллӣ;

Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ – вакили Маҷлиси намояндагон.

Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна фикру мулоҳиза доред? Ба овоз монда шавад? Пешниҳоди дигар нест?

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоби ҳайати Котиботи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз аъзои Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол карда, ба корашон шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Рӯзномаи ҷаласа аз як масъала – «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат  мебошад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи банди 4 моддаи 6-уми Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо мазмуни зайл пешниҳод мешавад:

1. Рафти кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии  «Телевизиони кӯдакону  наврасон — Баҳористон», радиои «Тоҷикистон» ва радиои «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Доир ба ин масъала пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тавре медонед, ба Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба парламенти кишвар мерасонанд, роҳбарону кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатии мамлакат, сохторҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо, намояндаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, дигар шахсони расмӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ даъват шудаанд.

Аз ин ҷиҳат ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар «Кохи Сомон» баргузор мегардад.

(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шумора чоп шуд).

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум корашро идома дод.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Қобили зикр аст, ки Паёми навбатӣ давоми мантиқии  Паёмҳои қаблии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар он натиҷаҳои рушди кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон бо ҳама мушкилоту дастовардҳояш ҳамаҷониба таҳлил шуданд.

Паём мавқеи устувори давлату миллати тоҷикро дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм таъкид намуда, садоқати моро ба модели интихобкардаи давлатдорӣ нишон медиҳад.

Ҳамчунин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он барои соли 2016 самтҳои асосии  сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян шуда, барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардидаанд, ҳамчун санади муҳими таърихӣ мардуми кишварамонро ба ҷодаи бунёдкориву созандагӣ сафарбар намуда, тамоми бахшҳои ҷомеаи моро ба марҳилаи нави инкишоф ворид месозад.

Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Сарвари давлат мо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, бояд масъулияти комил эҳсос намоем ва тамоми ваколати хешро ба кор барем.

Бо итминони  комил метавон гуфт, ки супоришҳо ва тавсияҳои Президенти мамлакат аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар самимона ҷонибдорӣ ёфта, ҳамчун барномаи созандагӣ ва бунёди зиндагии арзанда дар амал татбиқ хоҳанд гардид.

Иҷозат  диҳед, аз номи шумо,  иштирокчиёни Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона изҳори ташаккур намоем.

Раиси Котиботи ҷаласа гуфтание доред? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи ягонаи рӯзномаи Ҷаласаи дуюми якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ гардид.

Ман ва муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа миннатдории самимӣ изҳор намуда, бо ҳамин Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Далер МЕРГАНОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ