Хидматгори халқ

№150 - 151 (4412-4413) 20.12.2021

IMG_20211216_133614 (1)Устод Ғаффорзода Абдуҳалимро чун чеҳраи сиёсӣ пештар низ мешинохтам. Ҳоло ду сол боз, бо амри тақдир, бо ӯ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси вакил якҷоя кору фаъолият дорем. Дар ин муддати кӯтоҳ шоҳиди бисёр хислатҳои дигари накуи ӯ низ гардидам.

Маълум шуд, ки дар баробари фаъолияти сиёсӣ, Ғаффорзода Абдуҳалим донишманди соҳибкитоб, адиб, санъатшинос, педагогу мураббӣ ва дар умум, инсони комил мебошад.

Ӯ ба хизматҳои таърихии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ намуда, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикис­тонро вазифаи муқаддас меҳисобад.

Ҳаёти вай аз бисёр ҷиҳат ибратомӯз аст. Ӯ инсони накусиришти башардӯст буда, маҳалгароӣ барояш бегона аст.

Ғаффорзода Абдуҳалим шахси ҳақиқатҷӯ буда, баҳри ҳалли мушкилиҳо ва рафъи нуқсонҳои ҷомеа ҳамеша дар талош аст. Ҳамчун вакили халқ бо интихобкунандагон дар робитаи зич буда, бо ҳалимии хос бо онҳо вохӯрда, мушкилашонро пурра дарк намуда, чораҷӯӣ менамояд.

Ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои шаҳрвандон ва муаммоҳои ҷойдошта ба вазорату идораҳои дахлдор дархости вакилӣ ирсол намуда, бо мансабдорон вохӯрда, иҷрои онҳоро пайгирӣ менамояд. Барои ҳалли масъалаҳо чунон талош меварзад, ки касони ӯро аз наздик намешинохта, фикр мекунанд, ки гӯё масъалаи шахсиаш бошад.

Ғаффорзода Абдуҳалим луқмаи ҳалолро шарту мояи обрӯмандӣ ва тансиҳатӣ мешуморад. «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки ҳидояти бузургони гузашта аст, шиори зиндагии ӯст. Ҳақиқатҷӯи асил буда, дурӯғгӯиро хислати бадтарини инсонӣ мешуморад. Ӯ мегӯяд: «Тавре дар «Катибаи Бесутун»-и шоҳаншоҳ Дорои бузург омадааст: «Ман бо дурӯғ душманам ва онро сабаби ҳамаи бадбахтиҳои инсонӣ медонам».

Чуноне ки Афлотун мефармояд: «Соҳибэҳтиром аст нафаре, ки беадолатӣ намекунад, вале боз шарафмандтар ҳамонест, ки ноҳаққӣ кардан намегузорад».

Дар баробари ин гуфтаҳо, қаҳрамони матлаб падари меҳрубон ва дӯсти мушфиқ мебошад. Ба тарбияву нигоҳубини фарзандон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Агар нафаре аз ҳамкорону дӯстон бемор шавад, пеш аз ҳама, Ғаффорзода Абдуҳалим ӯро хабар мегирад. Ба ибораи дигар, ӯ дар ғаму шодии ҳама шарик аст.

Ба ӯ барору комёбиҳо таманно менамоем.

Хайрулло АМОНУЛЛО,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия