Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хулосаҳо пешниҳод шуданду…

№138 (3618) 08.11.2016

DSC_0431Сеюми ноябри соли 2016 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.

Аъзои кумита масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Оид ба номивазкунии деҳаи Ганҷбор — 2 ба деҳаи Шаҳдбори деҳоти ба номи Р. Исмоилов, деҳаи Гулрез — 2 ба деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти ба номи А. Абдулвосиев, деҳаи Эловар ба деҳаи Панҷдеҳи деҳоти ба номи А. Абдулвосиев, деҳаи Гирдоб — 2 ба деҳаи Сеобаи деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Баракат — 2 ба деҳаи Сахиёни деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Гулобод — 2 ба деҳаи Нурофари деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Ҷавонон — 2 ба деҳаи Бахтёрони деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Кишоварз — 2 ба деҳаи Сароби деҳоти «Гулистон», деҳаи Ҳуснобод-2 ба деҳаи Чашмасори деҳоти «Гулистон», деҳаи Тиллои сафед-1 ба деҳаи Фахрободи деҳоти «Гулистон», деҳаи Адолат-1 ба деҳаи Сафедоби деҳоти «Гулистон», деҳаи Ҷангалобод-2 ба деҳаи Боғистони деҳоти «Гулистон», деҳаи Деҳқонобод-2 ба деҳаи Қалъаи Гулистони деҳоти «Гулистон», деҳаи Даҳана-1 ба деҳаи Ҳакимони деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Ваҳдат», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба номивазкунии номи деҳоти «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов, номи деҳоти «Сайёд»-и ноҳияи Шаҳритуз ба деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, номи деҳоти «Қазоқ»-и ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, номи деҳаи Хоҷа – Кучқории ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чорсӯи деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бурбулоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чашмаи деҳоти «Намуна», номи деҳаи Туғаланги ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чаманистони деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, номи деҳаи Қирғизи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Ҳамдилони деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, номи деҳаи Кӯлдимони ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯлдомани деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Башқудуқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Навшоди деҳоти «Озодагон»-и вилояти Хатлон» ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба шаҳраки Меҳробод ва деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба деҳаи Ҷаҳонзеб» мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳои кумитаро ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев