Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум

№33 (4773) 13.03.2024

photo_2024-03-13_10-23-1612-уми марти соли 2024 дар пойтахти мамлакат Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум бо роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд. Нахуст, вакилон масъалаи иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» ва рафти иҷрои нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ  ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҳия намудани шаклҳои нави ҳисоботи оморӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода, гузарондани арзёбии техникии иқтидори низоми мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода, омода намудани мураббиёни озмудашуда аз ҳисоби фаъолони ҷомеа баҳри мусоидат дар вазъияти ҳолатҳои фавқулода, ҷиҳати сифатнок иҷро намудани барномаи мазкур ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идома ҷараёни татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии  Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳия­ҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур доданд, ки бо мақсади иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи занон, бештар намудани чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва омӯзишию фароғатӣ миёни занон, ривоҷ додани таҷрибаи пешбурди корҳои хонагӣ оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа, корхонаҳо ва ҷалби марказҳои ҳунармандӣ, соҳибкасб гардондани занони бешуғл, ба занон-хизматчиёни давлатӣ омӯзондани на кам аз ду забони хориҷӣ, дар назди мақомот ташкил намудани шурои соҳибкорзанонро бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба роҳ монанд.

Дар идома вакилон нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар амал татбиқ гардидани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ вобаста ба тақвият бахшидани лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» бо назардошти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омода кардани мутахассисон дар ҳама самтҳои идоракунии рақамӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми равшаннамоии роҳу роҳравҳо, хиёбону кӯчаҳои шаҳр ва тақвияти корҳоро дар ҳама соҳаҳо баҳри ҳар чӣ тезтар гузаштан ба иқтисоди рақамӣ супоришҳои мушаххас доданд.

photo_2024-03-13_10-23-30Ҳамчунин, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рафти иҷлосия ба муовинони соҳавӣ ва масъулин дастур доданд, ки баҳри истифодаи самараноки қувваи барқ равшанидиҳии берунаи атрофи мактабу боғчаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, биноҳои баландошёна ва дигар корхонаю ташкилотҳоро тариқи батареяҳои офтобӣ ба роҳ монда, таъмини гармиро ҳангоми бунёди корхонаҳои саноатии бузург тариқи дегхонаҳои автономӣ дар амал татбиқ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, баҳри дастрасии бемамонияти сокинон аз хизматрасониҳои об ва лифт дар ҳолатҳои фавқулода ва насби дизел-генераторҳо дар биноҳои баландошёна дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки сокинони пойтахт корҳои хуррамгардонӣ ва тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳои худро вусъат бахшида, Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва сазовор пешвоз гиранд.

Бо ҳамин Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум кори худро анҷом дод.

www.dushanbe.tj