Якуми октябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир шуд.
Дар он, баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баромад намуда, аз ҷумла, гуфт: «Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар шароите оғоз меёбад, ки масъулияти ватандорӣ, ваколатҳои намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар иртибот ба вазъи ҷаҳон ва заминаҳои рушди низоми иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар назди мо, вакилон, вазифаҳои бузургу таърихӣ гузоштааст. Аз ин рӯ, хотиррасон карданиам, ки авзои сайёра ҳанӯз ҳам ноором буда, ҷаҳонишавӣ тавассути иқтисодиёт, ҳуқуқ ва ҳатто фарҳанг, дар баробари таъсири мусбат дар самти наздикшавии халқу миллатҳо мушкилиҳои нав ба нав эҷод намуда, абарқудратҳои дунёро дар паҳнои ҳифзи манфиатҳо дар вазъи ҷанги сард қарор додааст.
Ин раванд ба сари аҳли башар муноқишаҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезии зиёди мазҳабӣ, даргирии бешумори минтақавӣ, амалу ҳаракати зиёди ифротию террористӣ, моҷароҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ овардааст, ки оқибати харобиовари онҳоро барои тақдири ояндаи насли инсонӣ пешгӯйӣ кардан душвор мебошад.
Ин ҳолат, дар маҷмӯъ, низом ва тартиботи ҷаҳониро заиф ва адли умумиро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад. Бар илова, шаклгирии ҳуқуқи миллии кишварҳоро дар ҳолати ногувор қарор дода, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад.
Ташкили инқилобҳои «ранга»-и сунъӣ ва норизоятии оммавӣ дар як қатор кишварҳои олам, инчунин вуруди ифротгароёну террористони аз хориҷ дастгириёфта ба паҳнои кишварҳои рӯ ба рушд, мардуми онҳоро дар ташвиш андохта, ба истиқлолияту озодии онҳо хатар эҷод намудаанд. Он ҳодисаи нангин, ки 29-уми июли соли равон дар кишвар рух дод, муқаррарӣ набуда, аз силсилаи ҳамон гуна амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористӣ ва душманони миллат буд. Ин ҳақиқати талхро барои он ёдовар шудам, ки мо, вакилони мардумӣ, онҳое, ки дар саргаҳи эҷоди шоҳроҳи зиндагии халқ, яъне қонунҳо, қарор дорем, бояд зимни таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҷиддӣ андеша намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки дар чунин шароит бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, манфиату зарарро дар гуфтору амал дуруст дарк намоем ва ба қадри бузургтарин неъматҳои миллӣ — истиқлолият, озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.
Бояд ҳар як вакили мардумӣ дарк намояд ва ҳар як интихобкунандаи меҳанпараст дониста бошад, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор будан, ҳамчунин сарҷамъу муттаҳид ҳастанд ва муқаррароти қонунҳоро қатъиян риоя менамоянд.
Риояи реҷаи қонуният ба сатҳ ва сифати қонунҳо вобаста мебошад, яъне ҳар қадар, ки меъёри онҳо ба зиндагии мардум наздик бошад, талаботи он ба ҳимояи манфиатҳои инсон созгор бошад ва дар муқаррароти он арзишҳои ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ дар тавозун инъикос ёфта бошанд, ба ҳамон андоза риоя ва волоияти он таъмин хоҳанд шуд».
Сипас, мутобиқи банди 34-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи иҷлосия дар ҳайати Шариф Раҳимзода, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (раис), Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Азимзода Толибхон Ситамурод ва комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон зимни ҷаласаҳо дар ҳайати Ҷаббор Ахмедов, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев, рақами 25 (раис), Миралӣ Достизода, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, рақами 27, интихоб шуданд.
Дар асоси бандҳои 246 ва 247-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гурӯҳи зерин дар ҳайати Ҷамшед Саидов, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4 (раис), Акрамзода Баҳодур Исмоил, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, рақами 16 ва Нидозода Ҳусайн Болта, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тасдиқ гардиданд.
Ҳамчунин, дар асоси банди 137-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти кори ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар воситаҳои ахбори омма тасдиқ шуд.
Баъдан, вакилон масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Дар бораи Созишномаи амалисозии ҳамкории техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ)», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат», «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҳар яки он қарор қабул намуданд.
Тафсилоти бештарро оид ба ин мавзӯъ дар шумораи баъдӣ мутолиа хоҳед кард.
«Садои мардум»