Ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат — дастури амал

№15 (4435) 01.02.2022

Оид ба фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда, соли 2021 дар самти таъминоти ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию моддӣ ва хизматрасонии дигари фаъолияти Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссия ва аъзои он корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Қабл аз ҳама, муқаррароти «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020 — 2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷро қарор дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 356 дастуру супориши Раиси Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифта шуда, 213 супориш барои ташкили назорат ва 143 ҳуҷҷат барои маълумоту корбарӣ қабул гардид. Баҳри таъмини иҷрои саривақтию самараноки супоришҳо бо кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои пурраи 197 супориш таъмин гардид. Бо дарназардошти муҳлати муайянгардида, 16 супориши дигар таҳти назорат ва мавриди иҷро қарор дорад.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ соли 2021 дар таҳияву мувофиқасозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин, амалӣ намудани дигар тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ду ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, чор иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, панҷ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва 18 ҷаласаи кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо 154 қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ, аз он 19 қарор, тибқи муқаррароти банди 41 Дас­тури Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои алоҳида ба тариқи пурсиши аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таҳия ва ба тасвиб расонидани амру қарорҳои Раиси Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардид. Вобаста ба масъалаҳои дахлдор, аз ҷумла дар бораи даъвати ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ 3 қарор, даъвати ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2, даъвати иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ — 4, дар бораи сафарҳои хизматии аъзои Маҷлиси миллӣ — 10, дар бораи робитаҳои байнипарламентӣ — 5, дар бораи муҳокимаҳои парламентӣ се қарор ва дигар масъалаҳо, ҷамъ 30 қарори Раиси Маҷлиси миллӣ таҳия ва ба имзо расид.

Дар чор иҷлосияи (иҷлосияҳои 5, 6, 7 ва 8-ум) Маҷлиси миллӣ, ки 25 январ, 16 апрел, 21 июн ва 17 декабри соли 2021 баргузор гардиданд, дар маҷмӯъ 125 қарор, аз ҷумла оид ба ҷонибдорӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 94 қарор, дар бораи интихоб, бозхонд ва бекор намудани дахлнопазирии судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ — 10, дар бораи ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1, дар бораи иваз намудан, таъсис ва  барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо — 6, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва бозхонд намудани онҳо аз мансаб ва ҳайати кумита — 4, дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллӣ — 1 ва доир ба расмиёти гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар масъалаҳо нуҳ қарор қабул гардид.

Аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 94 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 12 қонуни мукаммал, шаш пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба интихоб, бозхонд ва бекор намудани дахлнопазирии судяҳо, баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ шуданд.

Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки корҳои омодагӣ ба онҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон анҷом дода шуда, 26 январ ва 21 декабри соли 2021 баргузор гардиданд, 12 қарор, аз ҷумла — 10 доир ба расмиёти гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, 1 — дар хусуси тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор дар хусуси тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» қабул гардид.

Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои он, инчунин амру қарорҳои Раиси Маҷлиси миллӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллӣ, ба расмият дароварда шуда, ба сохторҳои дахлдор дастрас гардиданд.

Бо мақсади такмили қонунгузории кишвар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ дар самти фаъолияти қонунэҷодкунӣ ҳамкории самарабахш ба роҳ монда, дар ин самт ба онҳо ҳамаҷониба мусоидат намуданд.

Дар соли 2021 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой, Раҳмон Дилшод, Гулзода Маҳмадшоҳ, Ҳакимзода Қурбон, Раҳимӣ Фарҳод, Ҷумъазода Шарифҷон, Қонунзода Шодигул, Набизода Мадина, Одиназода Бозоралӣ, Амонзода Илҳом, Одилзода Дилбар, Мирзозода Мусо, Ҷабборӣ Бурҳониддин, Муқимӣ Раҳимҷон, Низом Қосим, Муъминова Фирӯза, Ҳакимова Карима, Умарализода Мақсудалӣ ва Додхудо Фаррух 26 лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд.

Аз ин шумораи қонунҳо панҷ адад дар доираи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, ду адад тибқи «Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва амалигардонии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», панҷ адад дар ҳошияи супориши протоколии Раиси Маҷлиси миллӣ аз 16 апрели соли 2021 №6, як адад тибқи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», ду адад дар доираи «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2020» ва чор адад аз рӯи тавсияҳои муҳокимаҳои парламентӣ таҳия ва пешниҳод гардиданд, ки аз ҷумлаи онҳо ҳашт қонун қабул ва мавриди амал қарор гирифта, 18 қонуни дигар дар баррасии Маҷлиси намояндагон ва вазорату идораҳо қарор доранд. Аз шумораи қонунҳо панҷ адад бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва 21 адад дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳои иловагӣ оид ба тақвият додани фаъолнокии иттилоотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо таваҷҷуҳ ба марҳилаи рушди иттилоотӣ, мутобиқгардонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ба иттилоот, аз ҷумла иттилооти ҳуқуқӣ, бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи он лоиҳаи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» дар таҳрири нав таҳия гардида, 21 декабри соли 2021 зимни Ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуд.

Дар асоси нақшаҳои кор гурӯҳҳои кории Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ, методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оид ба масъалаҳои таъсису барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану тағйир додани сарҳади маҳалҳои аҳолинишин, баҳисобгирию бақайдгирии онҳо, инчунин, роҳҳои самараноки татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод, Рӯдакӣ, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафари хизматӣ анҷом доданд. Тибқи нақшаи сафар, гурӯҳҳои корӣ бо фаъолияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои зикршуда шинос гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдош­та, ҳамчунин баҳри такмил ва ­тақвият додани фаъолият ба масъу­лини мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ёрии ҳуқуқӣ, методӣ ва иттилоотӣ расониданд.

Дар ин давра баҳри тақвияти фаъолияти байнипарламентӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуд. Хусусан, Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таклифу пешниҳодҳоро нисбат ба лоиҳаи изҳороти Шӯрои АП СААД дар бораи роҳ надодани дахолати хориҷӣ ба раванди баргузории интихобот дар давлатҳои аъзои СААД, барномаи фаъолияти АП СААД оид ба баҳамназдикнамоӣ ва мутобиқгардонии қонунҳои миллии давлатҳои аъзои АП СААД барои солҳои 2021-2025, «Дастурамал оид ба таъмини қонунгузории амнияти санитарию эпидемиологии давлатҳои аъзои АП СААД», ба қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти иттилоотӣ», «Дар бораи таъмини иттилоотию таҳлилии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», «Дар бораи фаъолияти сулҳпарварӣ ва қувваҳои сулҳпарвар», «Дар бораи амнияти миллӣ» ва «Дар бораи шартномаи ҳуқуқӣ» омода ва ирсол намуд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ фаъолиятро дар самти таҳкими робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, хизматрасонии иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию моддии чорабиниҳои байналмилалӣ низ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод. Моҳи сентябри соли сипаришуда сафари хориҷии ҳайати расмии Маҷлиси миллӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи олӣ амалӣ шуд, ки ба таҳкими рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва робитаву ҳамкориҳои стратегии миёни Тоҷикистону Қазоқистон заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Маҷлиси миллӣ таҳкиму густариши муносибатҳои байнипарламентиро, ки дар замони муосир василаи муҳим ва муассири тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатию байнипарламентӣ арзёбӣ мегардад, самти афзалиятноки фаъолият қарор дода, ҳам­ко­риро бо парламентҳои кишварҳои дуру наздик тақвият дод. Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷиҳати танзим ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани мулоқотҳои Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея, сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешид.

Соли 2021 раисони кумитаҳо ва дигар аъзои Маҷлиси миллӣ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Молдова ва Қирғизистон фаъолона ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Дар ин самт ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалию минтақавии парламентӣ 13 сафари аъзои Маҷлиси миллӣ анҷом дода шуд ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани онҳо чораҳои дахлдор андешид.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ соли сипаришуда якҷо бо мақомоту сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ҷаласаҳои комиссияҳои доимӣ ва шӯроҳои экспертии АБ ИДМ ва АП СААД, ҷаласаи парламентарҳои ҷавони ИДМ, ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи маҷозии Иттиҳоди байнипарламентӣ, 53-юмин ҷаласаи пленарии АБ ИДМ, ҷаласаҳои маҷозии кумитаи тадорукотии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ҷаласаи кумитаҳои Маҷлиси миллӣ бо кумитаҳои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия ва мизҳои мудаввари Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Барои ширкати фаъолона ва саҳмгузорӣ дар рушди парламентаризм тибқи пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ И. Идрисзода бо медали «Барои таҳкими ҳамкории парламентӣ дар СААД», аъзои Маҷлиси миллӣ С. Абдураҳмонзода, М. Мирзозода, М. Набизода, Д. Одилзода, мудири котиботи Раиси Маҷлиси миллӣ З. Ҳикматулло ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ З. Бобоҷонова бо  Ифтихорномаи фахрии СААД, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ М. Гулзода ва Қ. Ҳакимзода, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Ҷ. Икромӣ, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ М. Шоева ва О. Негматова бо Ифтихорномаи фахрии АБ ИДМ сарфароз шуданд.

Ҳамчунин, соли 2021 Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ тибқи нақшаи барномавӣ ҷиҳати баррасиву омӯзиши вазъи риояи қонунҳои амалкунанда ва муайян намудани роҳҳои самарабахши татбиқи онҳо якҷо бо кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дар ташкил ва гузаронидани ду муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯъҳои «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», инчунин «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ» иштирок ва ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Аз натиҷаи кори муҳокимаҳои парламентӣ тавсияҳои Маҷлиси миллӣ оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои зикршуда қабул гардида, дар асоси қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ барои чораандешӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид, ки татбиқи онҳо дар ташаккули рушди парламентаризм, қонунгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат хоҳанд кард.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор бо муроҷиати шаҳрвандон мебошад, ки он дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Маҷлиси миллӣ» ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвали тасдиқшуда роҳандозӣ гардида, соли гузашта 51 шаҳрванд қабул карда шуда, муроҷиатҳои онҳо дар асоси қонун баррасӣ ва ба онҳо аз ҷониби масъулон маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд.

Баррасӣ ва таҳлили муроҷиати шаҳрвандон собит сохт, ки муҳтавои онҳо асосан аз дархост оид ба таъмин намудан бо қитъаи замин ва беҳтар намудани шароити манзилӣ, расонидани кумаки молиявӣ, баҳсҳо оид ба масъалаҳои замину манзил ва оилавӣ, норозигӣ аз санадҳои судӣ, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё аз ҷониби судҳо ноодилона таъин намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ, шикоят аз қарор ва амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳо иборат мебошанд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кӯшишро ба он равона кардааст, ки соли 2022 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани самаранокии кор, иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои он, инчунин дастуру супоришҳои роҳбарияти Маҷлиси миллӣ аз имконияту захираҳои мавҷуда истифода карда, 25 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 — юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва дигар ҷашну санаҳои фархундаи миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирад.

Бо ин мақсад ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 баён намуданд, сармашқи кор намуда, барои иҷрои бенуқсони вазифаҳо табдирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

ИДРИСЗОДА Илёс Мумин,

роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон