Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи шӯрои АБ ИДМ

№132 (4552) 28.10.2022

IMG_1844Бисту ҳафтуми октябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро раиси ассамблеяи мазкур, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. ­Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, 21 ­масъаларо баррасӣ ва қабул карданд. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ дар он иштирок кард.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ дар шахси Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева ба кишвари мизбон, инчунин ба Валентина Ивановна Матвиенко ва котиботи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои даъват ва дар сатҳи баланд ташкил намудани ҷаласа миннатдорӣ намуд.

Зикр гардид, ки АБ ИДМ ба яке аз сохторҳои зарурии он табдил ёфта, барои ҳалли муҳимтарин вазифаҳои сиёсию иқтисодӣ шароити муносиб фароҳам меорад. Дар ин замина вакилони парлумони кишварҳои аъзо ҷиҳати ба ҳам наздик ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллӣ фаъолона кор мекунанд.

- Алҳол дар назди мо вазифаҳои ҷиддӣ – баррасӣ ва қабули санадҳои муҳиме истодаанд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ, таъмини фаъолияти самарабахши ассамблея афзоиши ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигаронида шудаанд, — иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил муносибатҳои дӯстонаро ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ ва амнияти минтақавӣ идома хоҳад дод.

Дар фарҷом сарони ҳайатҳои парлумонӣ маълумотро доир ба натиҷаҳои чорабиниҳои соли 2022 ва мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуниданд.

27 октябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодигул Қонунзода, ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ бо иштироки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба ­масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ бо иштироки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, ки дар ҳайати парлумонии Тоҷикис­тон дар шаҳри Самарқанд қарор доранд, баргузор гардид.

Аъзои комиссия Низомномаро дар бораи Шӯрои коршиносон оид ба экология муҳокима намуда, дар бораи рафти тайёрӣ ба Конгресси даҳуми байналхалқии экологии Нева ва таҳияи қонунгузорӣ дар соҳаи сиёсати аграрӣ маълумот гирифтанд. Инчунин, масъалаи омодасозии ҳамоиши байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон», ки тирамоҳи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардид.

Дар кори ҷаласаҳои комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Парламентҳои ҷавон – нигоҳ ба ояндаи ИДМ», бахшида ба 30-солагии таъсисёбии созмон баргузор гардид, ки дар кори он декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонализода, сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва сармутахассиси раёсати мазкур Абдусамад Эсанқулов иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Котиботи Шӯрои АБ ИДМ низ ширкат доштанд.

Зимни ифтитоҳи он таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил барои густариши ҳамкории тарафайн заминаи мусоид фароҳам оварда, алҳол робитаҳо, дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии таъсиси ассамблея ҷалби ҷавонон ба раванди рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубоҳиса ва мубодилаи таҷрибаи ҷавонон дар иштироки фаъолияти парламентӣ ва намояндагӣ аз ташкилотҳои ҷавонон, шинос кардани ҷавонон бо дипломатияи парламентӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъол будан дар ҷамъият ва ҷомеаи шаҳрвандии насли ҷавони ИДМ мебошад.

Муҳаммадато CУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон