Иштироки фаъоли парламентарҳои Тоҷикистон дар Конференсияи парламентӣ

№47 (3032) 16.04.2013

Дувоздаҳуми апрели соли 2013 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари парламентии худ дар Коференсияи парламентии байналмилалии «Нақши созмонҳои парламентӣ дар бунёди Аврупоӣ бидуни хатҳои тафриқотӣ», ки дар Маркази парламентии шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, ширкат намуд.

Конференсияи мазкур бо ибтикороти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Шӯрои Аврупо созмон ёфтааст ва парламентарҳои Тоҷикистон дар кори он фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Мамадшо Илолов дар мизи мудаввари «Нақши парламентҳо дар ҳифзу таҳкими ҳуқуқи инсон» суханронӣ намуда, оид ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишварамон ва нақши мақоми қонунгузорӣ дар рушди равандҳои демократӣ ва ҳамзистии осоиштаи таркиби иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон табодули афкор кард.