Иштироки Машраб Файзулло дар ҷаласаи васеи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ

№№ 33-34 (4453 - 4454) 17.03.2022

DSC_8598Чанде пеш ҷаласаи васеи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи «Таъсиси платформаи ҳадафи рушди устувор барои Осиёи Марказӣ» ба таври маҷозӣ баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо, аз ҷумла, «Рӯнамоии хулосаи кӯтоҳи лоиҳа, нақшаи кории солона ва буҷети СММ барои соли 2022» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар қатори намояндагони кишварҳои Қазоқис­тон, Қирғизис­тон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия дар ҳамоиш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло низ суханронӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла, гуфт, ки тайи чанд  соли охир, баъд аз эътибор пайдо кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи Аврупо, дар раванди ҳамкории «Тоҷикистон-Аврупо» пешравии ҷиддӣ ба назар мерасад.

- Аз хусуси ҷонибдории тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ — сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюссел ва як қатор давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ташрифи вакилони Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи байниҳукуматӣ ва Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ гувоҳӣ медиҳанд. Татбиқи бомуваффақияти «Барномаи дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон»-ро низ бояд махсус қайд кард, — иброз дошт Машраб Файзулло ва доир ба раванди демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқи инсон, инчунин, масоили фарҳанг, тиҷорат, фаъолияти корхонаҳои муштарак ва туризм мисоли зиёд овард.

Дар назди иштирокчиён, ҳамчунин, менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон Айгерим Эгембердиева, мутахассиси Барномаи «Иқтисоди сабз ва шуғли аҳолӣ», Маркази минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул Михаил Пеляҳ, мушовир, ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Қирғизистон Гулнора Абдиқаликова, менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон Файзулло Салоҳиддинов, менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Далер Шодиев, ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Туркманис­тон Ирина Гукасова, роҳбари гурӯҳи рушди фарогир, маркази минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул Весна Дзутеска — Бишева ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон Якуп Бериш баромад намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон