Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

photo_2023-11-17_13-16-23Ҳабдаҳуми ноябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори конфронс роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои адабӣ иштирок доштанд.

Вобаста ба фаъолияти пурмаҳсул ва эҷодиёти пурғановати нависандаи барҷастаи қирғиз – драматург, сенарист ва публитсисти боистеъдод Чингиз Айтматов ибрози андеша карда, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр карда мешавад.

Зикр гардид, ки Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун шахсияти дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ маъруф буда, ӯ барои таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷик ва қирғиз кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов ибрат­омез буда, он дар таҳкими муносибатҳои адабию фарҳангӣ байни ҳар ду кишвар мавқеи хос дорад.

Дар ҷараёни конфронс ба меҳмонон филми мустанад оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои театрикунонидашудаи асарҳои ӯ намоиш дода шуд.