Бистуми октябри соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатй Сумангул Тагойзода ва раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили иҷтимоию иқтисодй, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ки дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа сездаҳ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба онҳо раиси Комиссия Александр Маркевич, ҷонишини раиси Комиссияи доимии палатам намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба масоили амнияти миллӣ Артем Колесник ва дигарон маълумот доданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро баррасӣ карданд, ки онҳо ба ҷустуҷӯи роҳҳом вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои ИДМ тааллуқ доштанд.
Зикр гардид, ки нақши СААД дар таъмини амният ва оромии минтақаҳои зери масъулияташ саҳми назррас дорад ва ҳамкори пайваста дар доираи фаъолияти созмон имкон медиҳад, ки муносибатҳои байнипарламентй миёни давлатҳои аъзои он таҳким ёбад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон