Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои АБ СААД

№48-49 (4468-4469) 03.04.2023

DSC_2003 — копия31- уми марти соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммад­раҳим Юсуфӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Зайнудин Сафарзода, Мавлудахон Мирзозода, Сарвиноз Маҷидзода ва Толиб Азимзода дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, илм ва маориф, ки дар Қасри Таври­ческийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба таври фосилавӣ  баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.

Масъалаҳои зиёд, аз ҷумла «Дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти даста­ҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар моҳи ноябри соли 2022 оид ба вазъ дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдид­ҳо ба амнияти дастаҷамъӣ доир гардид», «Дар бораи натиҷаи ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД, ки ба салоҳияташон масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ​​мудофиа ва амният дохил мешаванд», «Дар бораи лоиҳаи Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД дар бораи пешгирӣ кардани мусаллаҳшавии бошитоб дар фазои кайҳон», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар Ассамблеяи парлумонии САҲА (16-уми феврали соли 2023, ба таври видеоконфронс) ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар 22-юмин ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА (23-24-уми феврали 2023, Вена, Ҷумҳурии Австрия)», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар Ассамблеяи 146-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (моҳи марти соли равон) Манама, Шоҳигарии Баҳрайн)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи иштироки Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назорати байналмилалии интихобот ва раъйпурсӣ (29-уми ноябри соли 2021)», Консепсияи қонуни намунавӣ «Дар бораи фондҳои мақсадноки дастгирии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ», «Дар бораи илм ва фаъолияти илмию техникӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба онҳо Петр Короневский, сардори шуъбаи ҳамкориҳои сиёсии Котиботи СААД, Дмитрий Новиков-ҷонишини раиси комиссия, муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба корҳои байналмилалӣ, Дик Сергей- узви Комиссияи ҳуқуқи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ва дигарон маърӯза намуданд.

Дар ҷаласаҳои зикршуда намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон