Иттилоия

№21 (4761) 14.02.2024

Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷло­сияи ҳабдаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасии Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои таъйин ва озод намудани муовини якум ва муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.