Изҳороти Раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё

№53 (3533) 23.04.2016

Москва, 19 апрели соли 2016

Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё 19 апрели соли 2016 бо ташаббус ва даъвати Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чон Уй Хва ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин дар пойтахти Россия — шаҳри Москва баргузор гардид. Дар он роҳбарони мақомоти қонунгузори ҷумҳуриҳои Афғонис­тон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Камбоҷа, Манголия, Покистон, Корея, Россия, Тоҷикистон, Тайла­нд, Филиппин ва намояндаи палатаи поёнии парламенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни муҳокима ва баррасии мавзӯи ин машварат – «Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба манфиати муштараки кишварҳои АвруОсиё дар асри XXI» ширкаткунандагон иброз доштанд, ки онҳо дидгоҳи умумии худро барои ояндаи АвруОсиё ҳамчун миқёси ягонаи ҷаҳонӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ, арзишҳои умумӣ ва имконоти баробар, ҳуқуқу озодиҳо барои ҳар фард ва ҳадафу принсипҳои дигаре, ки дар Низомномаи СММ дарҷ гардидааст, изҳор медоранд.

Ширкаткунандагон бар аҳамияти рӯзафзуни АвруОсиё дар арсаҳои иқтисоду тиҷорати ҷаҳонӣ, ҳамчунин мисли як қутби ташкилёфтаи дунёи ҳамоҳангшуда, ки бар пояи ҳуқуқии ҳар миллат барои расидан ба дастовардҳои рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ асос ёфта бошад, таъкид карданд.

Бар аҳамият ва ҳавасмандии мақомоти қонунгузории кишварҳои АвруОсиё дар рушди муколамаи байнипарлумонӣ бо мақсади гус­тариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва башардӯстона, дар бахши ҳифзи муҳити зист дар асоси меъёрҳои олии экологӣ, инчунин бо риояи манфиатҳо ва ташаб­бусҳои муштараки кишварҳои ширкаткунанда дар арсаи байналмилалӣ махсус таъкид шуд.

Иштирокдорон назари худро ба густариши гуфтугӯйи тамаддунҳои Шарқу Ғарб, ҳифз ва густариши тамаддунҳои мазҳабиву фарҳангии АвруОсиё, рушди муколамаи байни динҳо бо дарназардошти уҳдадориҳои кишварҳо баён дошта, таъкид карданд, ки бояд ба эҳтиром гузош­тан ба ҳаққи мусаллам ва озодии инсон, арзишҳои инсонӣ, мубориза бар зидди экстремизм мусоидат карда шавад ва барои наҳзати ҳама гуна назарияҳои хусусияти нажодидошта иҷозат дода нашавад.

Иштирокдорон терроризми байналмилалиро ба таври қатъӣ маҳкум карда, вазифадор шуданд, ки муборизаро бо ин хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият бахшанд. Дар робита ба ҳодисаи террористии 19 апрели соли 2016 дар Кобул рухдода аҳли нишаст ба оилаҳои қурбоншудагон ва осебдидагон, ҳамчунин ба мардуми Афғонистон таъзия баён карданд.

Ширкаткунандагон уҳдадор шуданд, ки ба таъмини ҳуқуқӣ ва зарурати таъсиси заминаи мусоид барои тавсеаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башардӯстона ва дигар имконоти рушди муколамаи фарҳангҳо байни кишвар ва мардум, ҳамчунин ҷонибдорӣ аз муносибот ва фаъолияти инсондӯстона таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи мақомоти қонунгузории кишварҳои АвруОсиё ҷиҳати ҷонибдорӣ ва таҳияи якҷояи лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар заминаи ташкили шарикии ҳамаҷониба бо созмонҳои минтақавӣ ё ба ибораи дигар, ташаккули заминаҳои зарурии ҳуқуқии дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манофеи мутақобила асосёфта ва ба ҳифзи масоили сармоягузории байниҳамдигарӣ, беҳбуди равандҳои ҳамлу нақли мол ба воситаи сарҳад, навсозии меъёрҳои техникӣ, ҳамчунин содагардонии дастрасии муштарак ба бозори хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ равона шудааст, зоҳир карда шавад.

Ширкаткунандагони нишаст ба тақвияти муносиботи созишномаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ ва системаи бисёрҷонибаи тиҷоратӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба равандҳои ҳамгироии иқтисодии дар Ғарб ва Шарқи АвруОсиё ҷараёндошта, зарурати таъмини шаффофият ва ошкорои муколамаҳо ва шароити тавофуқномаҳои ҳамсон бо мақсади дастрасӣ ба мувозинати системаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои АвруОсиё «Камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим» («як камарбанд ва як роҳ») ва дигар ибтикороти муҳим, ки ба тақвияти ҳамкориҳои муштараки минтақавӣ ва ба вуҷуд овардани имкониятҳои навоварӣ, таҳкими сулҳу субот дар АвруОсиё равона шудаанд, ширкаткунандагони нишаст ба масъ­алаи ҳамкорӣ ва рушди зерсох­торҳои нақлиётӣ-логистикии АвруОсиё, ҳамчунин ба зарурати таъсиси долонҳои нави байниқитъавӣ аҳамияти махсус зоҳир намуданд.

Ширкаткунандагон роҷеъ ба масоили тавсеаи ҳамкориҳо дар асоси қонунгузориҳои мавҷуда дар соҳаҳои интиқоли манобеи энергетикӣ, афзоиши самарабахши энергетика, мубодилаи маълумоти илмӣ ва дастовардҳои сохтмонӣ, энергияи атомӣ, ширкати муштарак дар лоиҳаҳои сохтмонии неругоҳҳои атомии хориҷ аз қаламрави АвруОсиё табодули афкор намуданд.

Ширкаткунандагон дар заминаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар рӯҳияи шарикӣ бо мақсади нигаҳдорӣ, ҳифз ва барқарории солимӣ ва тамомияти экосистемаи Замин розигии худро баён доштанд. Ҳамчунин, ба нақши парлумонҳо, аз ҷумла фаъолиятҳои қонунгузории онҳо ба сифати калидӣ буданашон ҷиҳати нигаҳдорӣ ва беҳбуди муҳити зист барои наслҳои имрӯза ва оянда таъкид карданд.

Дар миёни самтҳои нисбатан афзалиятноки ҳамкорӣ, ки мониторинги парлумониро тақозо мекунад, ҳамчунин бар зарурати баргузории таҳқиқоти кайҳонӣ, густариш ва истифодаи технологияи муосири саноатӣ, тиббӣ, биологӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъкид карда шуд.

Иштироккунандагон андешаҳои худро роҷеъ ба густариши ҳамкориҳо доир ба табодули фаъолияти соҳибкорӣ, башардӯстона, фарҳанг, варзиш, сабук кардани омаду рафти шаҳрвандон, ба низом даровардани раванди муҳоҷират, ҳамчунин тақвияти фаъолияти муштарак дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон баён доштанд.

Дар нишаст бар аҳамияти ҳамкориҳои муштараки байнипарлумонӣ миёни кишварҳои АвруОсиё барои манофеи назорат ва мусоидат ҷиҳати татбиқи лоиҳа ва барномаҳои ҳамкорӣ, қарорҳо ва созишномаҳои дар ҷараёни муносиботи дуҷониба дар сатҳҳои гуногун бадастомада, тавсеаи равобити байниминтақавӣ, такомули алоқаҳои қарордодиву ҳуқуқӣ дар бахшҳои гуногун таъкид гардид. Ҳамчунин, бар аҳамияти ба роҳ мондани муносиботи устувори корӣ байни кумита ва комиссияҳо, гурӯҳҳои алоҳидаи намояндагон ва дастгоҳҳои парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё бо мақсади фаъол сохтани ҷараёни табодули таҷриба ва фаъолияти қонунгузорӣ ва парлумонӣ тазаккур дода шуд.

Ширкатдорон ба талошҳои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия дар робита ба даъвати машварати якуми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ва алоқамандии ниҳоят зиёди кишварҳои АвруОсиё барои идомаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар формати нишасти сарони парлумонҳо баҳои баланд дода, барои дар оянда додани хусусияти доимидошта ба машварати мазкур ва баргузории ҳамоиши дувум дар соли 2017 дар Ҷумҳурии Корея изҳори назар карданд.

Дар Машварат зимни муроҷиат ба сарони кишварҳо, ҳукуматҳо, парлумонҳо, ҳамчунин СММ ва созмонҳои бонуфузи минтақавӣ даъват карда шуд, ки барои пешбурд ва татбиқи амалии муқаррароти Изҳороти ниҳоии Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё мусоидат намоянд.