Минбари вакил

Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ислоҳоти нави ҳуқуқэҷодкуниро тақозо менамояд

№61 (3855) 17.05.2018

DSC_8528Шашуми феврали соли 2018 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» тасдиқ гардид. Он аз зумраи барномаҳои сиёсӣ — ҳуқуқие мебошад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018 — 2028 муайян менамояд.

Қисмати 2 — юми Консепсия ба «Вазъи кунунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда, масъалаҳои иҷрои барномаҳои амалкунанда, қабули стратегияи нави ба мақсад мувофиқи ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи онро бо дарназардошти ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ муайян ва субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро вазифадор менамояд, ки инкишофи минбаъдаи қонунгузории кишварро тибқи Консепсияи ягонаи сиёсати ҳуқуқӣ ва стратегияи мақсаднок, ки асосҳои дурнамои инкишофи онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба роҳ монанд.

Бори нахуст дар таърихи давлатдорӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва марҳилаи нав дар таҳияву такмили қонунҳо, яъне ислоҳоти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ шурӯъ гардид. Вобаста ба тараққиёт ва рӯз аз рӯз мустаҳкам шудани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ марҳилаи нави такмили асосҳои ҳуқуқии сохтори конститутсионӣ низ давра ба давра оғоз гардид ва он имкон дод, ки аввалин маротиба 26 сентябри соли 1999, баъдан 22 июни соли 2003 ва ниҳоят, 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои сохти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким бахшида шавад.

Тибқи тағйироти Конститутсия бори нахуст парламенти думаҷлиса ба фаъолият шурӯъ намуд, ки салоҳиятҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин ҳар як маҷлисро дар алоҳидагӣ муайян кард. Қоидаҳои нави техникаи эҷоди қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо муқаррар карда шуданд, ки моҳиятан аз тартибу принсипҳои фаъолияти сохторҳои собиқ даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан фарқ мекунанд.

Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мустаҳкам намудани шохаҳои ҳокимият — ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ, масъулияти савгандёдкунии онҳо дар назди халқ, такмил ва рушди минбаъдаи низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ ва мукаммал гардонидани унсурҳои демократии ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушд ва такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ­масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар, иштироки бевоситаи ҷавонон дар бунёди рукни шохаҳои ҳокимияти давлати миллӣ, бартараф намудани сохторҳои такрорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайра буд.

Дар марҳилаи гузариш ба бунёди давлати демокративу дунявӣ натиҷаи қонунҳои қабулшуда буд, ки барои таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазъи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ҳукумат, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратии мамлакат, инчунин рушди иқтисодиёт, низоми бонкӣ ва тиҷорат шароит фароҳам оварда шуд. Ҳоло кодификатсияи қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқҳои марбут ба замин, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, оила давра ба давра ба анҷом расида истодаанд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, сохторҳои идоракунии кишвар, такмил ёфта, эътирофи инсон, ҳуқуқ, озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар рукнҳои демократӣ ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушду такмили шохаҳои ҳокимияти давлатӣ шароит фароҳам оварда, шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия, судии ҳокимият, нақши ҳокимияти қонунгузор дар қабул ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шуданд. Конститутсия бо муайян намудани шаклҳои моликият, дар баробари гузариш ба системаи бозоргонӣ ва хоҷагидорӣ, ба муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёт, зарурати таҳкими моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, кафолат дод.

Барои ба тартиб даровардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар рукнҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба муқаррароти асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ намудани онҳо зарурати такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ ба миён омад. Дар ин робита, қонунҳои муҳим қабул гардиданд, ки дигаргунии ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварданд. Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кодексҳои гражданӣ ва андоз, санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав такмили заминаи қонунгузориро пешбинӣ намуданд. Ин ҳолат, дар назди субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳайати баъдинаи парламенти касбӣ оид ба таҳия, қабул ва такмили қонунгузории амалкунанда вазифаҳои зиёд гузошт.

Тоҷикистон бо ­мақсади гузаро­ни­дани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, қабули стратегияҳои нав, банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунҳо ва монанд ба ин эҳтиёҷ дорад. Ба баррасии умумихалқӣ вогузор намудани лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва қабули баъдии онҳо аз ҷониби парлумони касбӣ аз зумраи иқдомоти муҳими қонунофаринӣ мебошад.

Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Дар натиҷа, корҳо оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва ғайра густариш пайдо намуданд.

Дар давоми зиёда аз 23 соли амали Конститутсия асосҳои фаъолияти муосири қонунэҷодкунӣ тавлид гардиданд, ки барои ба тартиб даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ равона шуда, рукнҳои давлатдории муосирро таҳкиму такмил бахшиданд ва барои торафт мустаҳкам шудани истиқлолияти воқеии кишвар мусоидат намуданд. Яке аз шартҳои ҳатмии самаранокии қонунгузорӣ дар эҷоди қонунҳо риояи талаботи доимии (тағйирнаёбандагӣ ва устувории мазмун ё мундариҷа) матни асосии қонунҳои қабулшаванда ва қабулшуда мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконот барои барқарор кардани асосҳои ягонаи ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба тартиб даровардани муносибатҳои мавҷуда, ҳокимияти қонунгузор ва давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки қонунҳо дар амал иҷро шуда, ба халқ хизмат намоянд. Ба ин мақсад қонунҳое қабул мешаванд, ки дар баробари танзими доираҳои муайяни муносибатҳои ҳуқуқӣ, инчунин амалҳоро нисбат ба дигар доираҳои муносибати байниҳамдигарӣ амалӣ менамоянд. Аз ин рӯ, қонунгузории амалкунанда хусусияти маҷмӯӣ ­дошта, муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Маҷмӯӣ будани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро танзимкунанда хусусияти объективӣ дорад, зеро, аз як тараф, таъмин намудани риояи одилонаи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, аз тарафи дигар, риояи тавозуни манфиатҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ хеле муҳим аст.

Санадҳои қабулшудаи меъёрии ҳуқуқӣ, тавре таҷриба нишон медиҳад, саривақтӣ ва муҳим буданд ва дар маҷмӯъ, ба талаботи шароити пайдошудаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва идоракунӣ мувофиқанд. Вале муносибатҳои нави ҳуқуқие низ пайдо мешаванд, ки такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла қабули санадҳои нав, бартараф намудани камбудии санадҳои амалкунандаро талаб мекунанд.

Дар шароити кунунии ҳуқуқэҷодкунӣ, умуман, соҳаҳои асосии ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, бо ҳуҷҷатҳои зарурии кодификатсияшуда таъминанд ва инкишофи муосири қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро (аз ҷумла, системаи ҳуқуқии дар солҳои истиқлолият пайдошударо) пурра баанҷомрасида шуморидан мумкин аст. Минбаъд дар назди субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вазифаи зарурати тезонидани эҷоди қонунҳо гузошта намешавад, гарчанде мушкилоти мавҷудаи қонунгузорӣ хеле муҳим буда, қонунгузории амалкунанда аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва мундариҷа якхела нест. То имрӯз техникаи қонунгузорӣ ба таври кофӣ ба система дароварда нашудааст ва аз рӯйи таҳияи техникию ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва таъминотӣ онҳо дар зинаҳои гуногун қарор доранд. Номукаммалӣ ва зиддияти қонунгузории амалкунанда сабабҳои объективӣ, ба мисли набудани истилоҳоти ягонаи ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ, қабул намудани санадҳои нави қонунгузорӣ бе мувофиқат бо қонунгузориҳои амалкунандаи шӯравӣ, набудани экспертизаи ҳатмии илмию ҳуқуқии қонунҳои барои ҷамъият ҳаётан муҳим, махсусан, дар соҳаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, андозситонӣ, буҷет ва фаъолияти бонкӣ доранд, ки сабаби камбудӣ, ихтилоф ва баҳсҳо дар истифодаи қонунгузории амалкунанда мегарданд.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳилае қарор дорад, ки гузаронидани ислоҳоти гуногунро талаб мекунад. Аз ин сабаб, эҳтимоли дар қонунгузории амалкунанда тағйироту иловаҳои мувофиқ дохил кардан, ки ворид намудани механизмҳои нави татбиқи онҳоро талаб мекунанд, вуҷуд дорад. Дар ин гуна шароит стратегияи муосири рушди эҷоди қонунҳо ва татбиқи он бо дар назар доштани ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мудофиа, технологӣ ва дигар соҳаҳои инкишофи қонунгузорӣ зарур аст.

Қонунгузории муосир бояд мувофиқи барномаву консепсияҳои дарозмуҳлат инкишоф ёбад ва ба рушди минбаъдаи мамлакат мусоидат намояд. Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 Консепсияи рушди қонунгузории ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти мубрами системаи фаъолияти қонунгузорӣ, муайян намудани самту усулҳои асосии такмили эҷоди қонун таҳия шудааст. Тавре дар Консепсия зикр мешавад, ислоҳот дар соҳаи эҷоди қонунҳо ва ҳуқуқ, ки баъди қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон оғоз гардидааст, дар доираҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, мадании ҷамъият номутаносиб инкишоф меёбад. Ин ислоҳот дар соҳаҳои асосҳои сохти конститутсионӣ — мудофиа, бехатарӣ, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, адлия, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбатан бештар эҳсос мешавад. Дар соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, молия ва қарз, системаи андоз, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва маҷмӯи саноати кишоварзӣ бошад, ҳанӯз мушкили зиёд вуҷуд дорад, ки танзими ҳуқуқиро талаб мекунанд. Аз ин сабаб, дар асоси Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш барномаи давлатӣ оид ба татбиқи он, аз ҷумла дар соҳаҳои сохтори давлатӣ, рушду ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният, кишоварзӣ, муҳофизати муҳити атроф, қонунгузории шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ, молия, андозситонӣ, фаъолияти гумрукӣ, бонкӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналхалқӣ, қонунгузории меҳнатӣ ва иҷтимоӣ қабул карда шуд, ки барои некуаҳволии мардум хизмат мекунанд.

Дар шароити хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва роҳгумии рушди соҳибихтиёрии баъзе аз давлатҳои абарқуд­рат, ки бо инқилобҳои сохтаю ранга оромии оламро вайрон кардаанд, баъзе аз кишварҳои пурқуд­рат дар ниқоби ислом амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба дини мубини ислом ягон алоқа надоранд. Аз ҷумла онҳо ташкилоти экстремистию террористӣ таъсис дода, авзои ҷомеаи ҷаҳонро ноором менамоянд. Аз ин рӯ, дар шароити мураккаб ва ҳассоси ҷаҳон, ки минтақаҳои калонро ба буҳрони сиёсиву молиявӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангӣ кашидааст, ба ҳокимияти қонунгузор зарур аст, ки баҳри мубориза бо кирдорҳои номатлуб ва зуҳуроти хатарнок қонунҳои зарурӣ қабул намояд.

Раванди қонунгузорӣ ва фаъолияти парлумони кишвар амали пурсамар ва эҷодкоронаест, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ ва давлат вобаста ба набзи ҷомеа ва ҷаҳон рушд менамояд. Фаъолияти қонунгузорие, ки парлумони касбии кишвар анҷом медиҳад, ҳамчун занҷираи устувори пайвастҳои иҷтимоии ҷомеа бояд дар худ неруи ваҳдат, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди манфиатҳоро тарзе ҷой диҳад, ки дар ҳаёти ҳуқуқӣ ва низоми давлатдорӣ тавонад вазифаҳои созанда ва ҳимоятии худро иҷро намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи нахустини парлумони кишвар даъвати панҷум (17 марти соли 2015) таъкид намуда буданд: «Дар шароити вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа яке аз воситаҳои муассири пешгирии вуруди унсурҳои фарҳанги бегона ва ҳаракатҳои номатлуб мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи имрӯзаи мо таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки дар марҳилаи муосири рушди кишварамон зарурӣ буда, ҷавобгӯйи манфиатҳои милливу фарҳангии халқи Тоҷикистон бошад.

Барои ноил шудан ба чунин ҳадафҳои ҳуқуқӣ ва такмили сифати қонунҳо, ҳокимияти қонунгузори кишварро зарур аст, ки дар баробари қабули қонунҳо ба вазъи иҷрои он, сифати амалишавии меъёрҳо, муносибати мардум бо мазмун ва талаботи онҳо бештар таваҷчуҳ намуда, бо назардошти расму оинҳои муосири давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ табиати иҷроиш ва татбиқи онҳоро баҳогузорӣ намоянд».

Аз ин нуктаи назар, кодификатсия намудани соҳаҳои қонунгузорӣ метавонад дар назария ва амалияи ҳуқуқии кишвар қадами бузурге ба пеш бошад, зеро низоми ҳуқуқии мо, ки решапайванди оилаи ҳуқуқии романию олмонист, ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ тавассути кодификатсия афзалиятҳои назарию амалӣ дорад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз пешорӯйи мақоми қонунгузор истодааст, баланд бардоштани сатҳ ва сифати қонунҳо ва ба мардум наздик гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳост. Ба ин хотир, матни қонун бояд мухтасар ва одӣ бошад ва тарзе таҳия гардад, ки аз ҷониби шаҳрвандон яксон фаҳмида шавад. қонун набояд ба масъалаҳои ҷузъӣ дахолат кунад, ҳадафи вай масъалаҳои умумиятдошта аст, ки доираи васеи мардумро фаро мегирад. Дар ин робита, ба масъалаи оммафаҳм гардонидани забони қонунгузорӣ ва ҳамгун намудани истилоҳоте, ки дар қонунҳои соҳаҳои гуногун истифода мешаванд, бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мадди аввал гузошта шавад.

Таъмини рушди муттасили иқтисодиву иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри тавсеаву тақвияти равандҳои демократикунонӣ, дигаргунсозиҳо дар ҷомеа бо мақсади барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона такмил дода шаванд. Таҳлили «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028» нишон медиҳад, ки рушду нумӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, пурра иҷро гардидани барномаҳои зикршуда, стратегияи ба мақсад мувофиқи ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он бояд бо дарназардошти ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг амалӣ гардад ва вобаста ба ин, инкишофи минбаъдаи қонунгузории кишвар тибқи консепсияи ягонаи сиёсати ҳуқуқӣ сурат гирад.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор