18 сентябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» семинарии омӯзишӣ баргузор гардид,
Зимни ифтитоҳи семинар мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулайхо Комилова иброз дошт, ки донистани забони давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандону мутахассисони дастгоҳ муҳим аст. Илова бар ин ҳар кадоми мо бояд забони модарии худро хуб донем, зеро беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Сипас дар назди ҳозирон оид ба мавзӯи семинар муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Матробиён Саодатшоҳ ва узви гурӯҳи кории “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” профессор Шамсуллоҳ Исмоилов суханронӣ карданд. Баъд аз тавзеҳи мавзӯъ байни иштирокчиёни семинар саволу ҷавоб сурат гирифт.
-Тибқи нақшаи дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ як маротиба роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳиме, ки барои фаъолияти кормандони дастгоҳ заруранд чунин семинарҳои омӯзишӣ доир карда мешаванд,- гуфт ба хабарнигорамон мудири бахши кадрҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчин Ғоибов.
Б.КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»
Суратгир А.Исоев