Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№142 (3288) 26.11.2014

 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд

 Пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент» таҳти №562 аз 2 сентябри соли 2014 ва «Оид ба тағйир додани номи деҳаи ноҳияи Ашт» таҳти №563 аз 2 сентябри соли 2014-ро баррасӣ намуда, мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳаҳои зерини шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд:

деҳаи Хирсхона ба деҳаи Ганҷи ниҳони деҳоти Косатарош

деҳаи Қӯштеппа ба деҳаи Наврӯзтеппаи деҳоти Халифа Ҳасан

деҳаи Қиёқлӣ ба деҳаи Ҳафтрӯди деҳоти Шинг

Номи деҳаи Бобоқир ба деҳаи Бобохайри деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 757

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод,  Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон

Пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи деҳаи Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод» таҳти №685 аз 31 октябри соли 2014, «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Қубодиён» таҳти №686 аз 31 октябри соли 2014 ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Бохтар» таҳти №687 аз 31 октябри соли 2014-ро баррасӣ намуда, мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳаи Навбулоқ ба деҳаи Раҳмонободи деҳоти Чагами ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон:

деҳаи Шох-2 ба деҳаи Намунаи деҳоти Навобод

деҳаи ба номи Дмитров ба деҳаи ба номи Хайрулло Файзуллоеви деҳоти Тахти Сангин

деҳаи ба номи Фрунзе ба деҳаи Навбаҳори деҳоти 20-солагии Истиқлол

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон:

деҳаи ба номи Фрунзе ба деҳаи Обшорони деҳоти Заргар

деҳаи Посёлкаи нав ба деҳаи Файзободи деҳоти Заргар

деҳаи Бирлик ба деҳаи Чорбоғи деҳоти Заргар

деҳаи ба номи Будённий ба деҳаи Сароби деҳоти Ориён

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 №758

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исроилов Ҷ.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Исроилов Ҷалол  аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, бозхонда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 №760

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев У.З.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев Улуғбек Зиядиллоевич бинобар вафоташ  қатъ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 №759