Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Леонид Кожара

№132 (3117) 17.10.2013

11

Шонздаҳуми октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев вазири корҳои хориҷии Украина ҷаноби Леонид Кожараро, ки ҳамзамон раисии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро ба зимма дошта, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ сафари расмии Леонид Кожараро ба ҳайси Раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо нек арзёбӣ карда, зикр сохт, ки натиҷаи ин ташриф, ки ҳайати бонуфуз аз сохторҳои масъули Вазорати корҳои хориҷии Украина онро ҳамроҳӣ менамоянд, ба раванд ва таҳкими ҳамкориҳои доманфароху судманди дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА ва Украина такони тоза хоҳад бахшид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қаноатмандӣ афзуд, ки робитаҳои мутақобила бо ин институти бонуфузи низоми ҷаҳонӣ дар кишвар вобаста ба самтҳои фарогири фаъолияти он дар доираи уҳдадориҳои созишномавӣ, қабл аз ҳама алайҳи мубориза бо терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ, қочоқи инсон ва ҳимояву ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, рушди институтҳои шаҳрвандӣ, эҳтиром ба озодии матбуоту арзишҳои демократӣ пайваста вусъат ёфта, дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо таҳкими тоза меёбанд. Инчунин дар иртибот ба хурӯҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 аз қаламрави Афғонистон зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳифзу таъмини амнияти минтақа чун ҳамеша омода аст дар ҳамоҳангию ҳамдастӣ бо созмону ташкилотҳои минтақавӣ чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.

Бо дахли масоили ҳамҷаворӣ миёни халқу кишварҳои Тоҷикистону Украина зикр гардид, ки дар партави муносибатҳои ҳасанаи Роҳбарияти олии давлатҳо вақт тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои байнипарламентию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ беш аз ҳарвақта ба нафъи халқҳои ду ҷониб тавсеа ёбанд. Аз ин ҷо ҷалби бештари сармояи украинӣ ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати мошинсозӣ, коммуникатсияи дохилию фаромарзии кишвар ҷавобгӯйи манфиати ҷонибҳо буда, ташкили филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Украина дар шаҳри Душанбе ва афзудани квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Украина дар марҳилаи феълии рушди муносибатҳо мувофиқ ба мақсад мебошад.

Ҷаноби Леонид Кожара сараввал ҳамчун Раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз пазиройӣ ва рушди институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон махсус таъкид намуда, зикр сохт, ки Тоҷикистон чун кишвари ибратгузини демократӣ дар минтақа рушди босубот дошта, дар самти баргузор намудани интихоботи шаффофу демократии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад намунаи ибрат бошад.

Вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва гуногунҷабҳаи байниҳукуматӣ вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара аз пешниҳодоти ироанамудаи Раиси Маҷлиси миллӣ самимона пазиройӣ намуда, афзуд, ки тамоми потенсиали мавҷударо баҳри амалишавии онҳо равон хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Шавкат Саидов, ёвари Раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Суратгир А. ИСОЕВ