Дар Иҷлосияи якҷояи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, ки 29 майи соли равон бо иштироки 201 намоянда баргузор гардид, Раҳмон Озода Эмомалӣ-Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии пинҳонӣ якдилона узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Раҳмон Озода Эмомалиро 14 апрели соли равон дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе якдилона номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Маҷлиси миллӣ аз 34 нафар аъзо иборат аст. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб мешаванд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.
Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Рутбаи дипломатии Сафири фавқулода ва мухтор дорад.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
«Садои мардум»